Оҳоо,  ҷндор ам хдт бидай бгӯ!

  Солои пештарак марде ай деҳоти поюни мо, ки ва авғон хамсарҳадан, дар деҳоти боло дӯсте доштаст. Боре да амин мавсими чормағзкаф бай хабаргирии дӯстш миёя. Марди болочӣ зиёфати хуб мекна, ундук мекуша, мағзу мавиз мекаша, бо ду се ёру биёри гарани даъват мекна. Баъди рафтани вно дӯсто тоқа мемунан, баъд марди поёнӣ таъриф мекна, ки ба ивази баъзе коло ай авғон кӯкнори навъи аъло дарёф караст.
 – “Дар кон, ки наёварӣ чой мекарем мезоем дар амин давраи серкорӣ осидоомн мебрман. Охӣ бай ҳазор дарда дорист. Эээ, рафиқиёи тура чӣ бгӯм?”.
 – “Э марак, мо ва як бари га умаем, оли ин даф умам бай доригита биёрма. Дар ганҷури хуна як хамбан соз карам, дар фарш, ганҷура бдияй ане, катахунаи қадима, ки аст?. Ана, дар тарафи чапшай хамбани баҷоим, дарича дора ай тор, дар болош як сабата мундам, хдм медунм ҷоша тамом”. 
  Вахти хов меҳмуна ҷои ховша мепартова сохибхунаву то пгара хайрухш мекна: – “Мо брем дар бари кампир бғелем, агане, натарсмӣ ане? — гфта ай меҳмунхуна меброя.Мерава оғлхуна, аспа меброра, зину лаҷум мекнаву меброя бай ра ягон каса хабар нокара, пеш ай кампиро наметарсин. Амин брмагиш ҳай мена 30–40 километр рост деҳаи дӯстш. Ганҷура меёва, мешкоя, соп-соп мекна сабата мегира, убар фриндк мекна. Дари хамбана меёваву ғӯзоо дар як кузаи гили бидан, ҳамаша мебардора. Бо аспа қамчин мекна рост дар хуна, авсарӣ ношия мераса. Саҳар дӯстш мехеза як аспа хабар гирем гуфта мебина, ки асп дар ову арақ гумайу ларзияестаст.
  — “А бача, ин чи ҳолатай, ту свориш карай наме шав? – ай дӯстш мепрса ва шбҳа. Йӯ да ҷавоб мега, ки: – “Як ҷндор рӯ зааст дар амин оғл, го-го ғам меда молора, амӯ аспа хов намундаст сабилш. Ин ҷураш ам бовар мекна. Баъди ширчой, як кӯкнорчой дам мекна меёра бай меҳмуна, як пиёла мереза меда.
  – “Э ҷура, ин ай кост? Шав набиву” – шбҳаш зиёдтар мегара. 
  – “Э марак, мо ам да таи осмуни Хдойем” – мега ва машаи ханда соҳибхуна. Меҳмун сарша ва аломати ҳайрат такунда мега: – “Оҳоо,  ҷндор ам хдт бидай бгӯ!”. Баҳодури Ҷумъа.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.