Дарёчаи Абдулқаҳҳор — саргаҳи Ванҷоб

  Абдуқаҳҳор — дарёчаи кӯҳӣ, яке аз шохобҳои чапи дарёи Ванҷ дар Помири Ғарбӣ (ноҳияи Ванҷ) буда, аз деҳаи Поймазор дар масофаи беш аз 18 км болотар ҷойгир аст.
Аз пиряхи Абдулқаҳҳор ибтидо гирифта, дар Хирсдара ҷорӣ мешавад. Дарозиаш 13 км мебошад. Давраи серобиаш моҳҳои июл – август буда, камобияш дар моҳҳои октябр – март мебошад. Манбааш пирях ва барфҳоянд.
  Ҳар сари чанд вақт (1937, 1951, 1963, 1973) дар натиҷаи ба пеш хазидани пиряхи Хирсон ва банд шудани маҷрои Абдулқаҳҳор дар паси пирях кӯли калони мавсимӣ пайдо мешавад. Оби ин кӯл гоҳе аз болои пирях ва гоҳи дигар зери онро рахна карда ҷорӣ мешавад ва дар ин ҳол сарфи об дар як сония то ба 2000 м3 мерасад.
Дар чунин маврид маҷро соҳилҳоро хароб мегардонад. Баъд оҳиста-оҳиста маҷрои дарё ба ҳолати аввалааш бармегардад. Ҳангоми ҳаракати пирях солҳои 1963, 1973 андозаи кӯл мутаносибан чунин буд: ҳаҷмаш – 9,7 ва 17,4 млн м3, дарозиаш – 1250 ва 1500 м, ҷойи чуқуртаринаш – 82 – 105. Хилватшоҳи Маҳмуд.

 

1 Назар

  1. Маълумоти ҳақиқатан ҳам муфид. Агар дар солхои 1963 ва 73 дар натиҷаи пеши раҳи ова грфтани пирях қӯли ба таври сунъии эчод гардида 1250-1500 метри мураба ва ғунҷоиши оби ҷамгашта 9,7-14,7, чуҷуриаш 82-105-метр будааст, дар натиҷаи такрор гаштани ин ходисаи табии пура метавонад, ки дарёи Ванҷов бай ноҳияи Ванч ва минтақара хавфу хатари ҷиддӣ эҷод кна. Ага ба релефи Ванҷ хшрӯ назар кнем, баръало маълмай, ки дар солхои пештар гох-гох амихелӣ овхезиҳои калон дар Ванч руй додаанд ва руй доданшн дар оянда ам ай эҳтимол дур нест.

  2. Дар бораи ибтидои дарёи Ванҷов ва дар бораи хуруҷу дрияни қӯл дар мавсимои овхезӣ рости гап майдаак бием, уқа маълмоти аниқ надорем, некӣ калонсоло мегфтан, пр бадвойма мехамбияст Ванҷов, хусусан амин соли 1973-ра нақл мекаран, ки лагери экспидиса одамоша ва верталёт наҷот медан, некӣ хди лагера мехроша мебара ва гӯё ва як ҷодое болои ов ам при қопои орду флагои рӯғану консерваву тахтаву фанер грфта бидаст ва дар сарга мардм ам хела тахтаву фанеру чӯв ҷам кара бидан.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.