Муҳаммадхоҷа Хоҷаев соли 1914 дар деҳаи Рохарви амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ҳарчанд аз хурдӣ дар назди мулло савод бароварда бошад ҳам, вале саводи ибтидоии ҳақиқиро дар курси маҳви бесаводӣ ва аввалин мактаби ноҳия гирифтааст. Соли 1929 ба сафи комсомол дохил шуда, чун анъана ба сифати кишоварз ҷиддан ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намуд.
Шавқи донишандӯзӣ ӯро соли 1930 ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе бурдааст. Соли 1934 онро бо нишондиҳандаҳои аъло ҷамъбаст карда, ба зодгоҳ баргаштанӣ шуд. Вале зарурияти ҷиддии ноҳияи Қалъаихумбро ба ихтисосмандони маориф ба назар гирифта, ӯро бо роҳхати вазорат ба он ҷо фиристоданд. М.Хоҷаев солҳои 1934 – 1935 ба сифати муаллими мактаби маркази ноҳия, сипас солҳои 1935 – 1937 масъулияти нозирии шӯъбаи маорифи ноҳияи Қалъаихумбро ба ӯҳда дошт.
Фаъолияти меҳнатии М.Хоҷаев, ки соли 1938 ба ноҳияи худ – Ванҷ омадааст, чунин сурат мегирад: солҳои 1938 – 1941, 1942 – 1944 мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, 1944 – 1947 мудири щӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳия, солҳои 1947 -1949 дар мактаби ҳизб таҳсил намудааст, 1950 – 1951 котиби кумитаи ҳизби ноҳия, 1951-1958 муовини раиси кумитаи иҷроояи Шӯроидепутатҳои халқии ноҳия, 1958 – 1961 сармуҳаррири газетаи ноҳиявии “Ҳақиқати Ванҷ”, 1963 -1973 ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ванҷ.
Фақат номоварии оддию ниҳоят сатҳии вазифаҳое, ки М. Хоҷаев ба ӯҳда доштааст, бешак аз ҳисси баланди масъулитшиносии ин корманди ниҳоят фаъоли ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Самимияти он нисбати ҳамкорон, хоксорию фурӯтаниаш нисбати тамоми ҳамдиёрон, хушлаҳнию зарофатгӯиҳояш ҳеҷ гоҳ серталабию ҷиддияти расмии корашро халалдор намекарданд. Ба туфайли ҳамин хислатҳои нек ӯ ба баландтарин ҳурмату эҳтиром ноил гашта аст.
Фаъолияти меҳнатии тӯлонӣ ва намунавии М. Хоҷаев бо мукофотҳои зиёди давлатӣ, ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои сатҳи олии ҳизбӣ ва шӯравӣ қадрёб шудааст. Ҳама хизмату амалаш хотирмон буд ва дар хотирҳо хоҳад монд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
Назари хешро иброз кунед