Олими маъруфи кишвар, файласуф, исломшинос, зодаи диёр Нодир Одилов дар шаби 21 сентябри соли 2019 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузаштанд. Нодир Одилов дар соли 1932 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, пас аз хатми донишгоҳ муддате дар зодгоҳ ба омӯзгорӣ шуғл варзида, пас аз хатми аспирантура фаъолияти корияшро ҳамчун устод ва баъдан мудири кафедраи фаслсафаи Донишгоҳи кишоварзӣ идома додааст. Баъдан, вазифаҳои мудирии Шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳо, мудирии кафедраи фалсафаи Донишгоҳи омӯзгорӣ, мудирии кафедраи фалсафаи Донишгоҳи забонҳо ва Донишгоҳи тиҷоратиро ба ӯҳда доштааст.
Дар солҳои охир мудири Шӯъбаи дини Донишкадаи фалсафаи АИ ва раиси Шӯрои кӯҳансолони Тоҷикистон буд. Муаллифи асару мақолоти зиёди илмӣ буда, “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ”, “Ислом дар оинаи ақл”, “Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар ислом”, “Ислом ва сотсиализм” асарҳои калони илмии олим мебошанд.
Назари хешро иброз кунед