Худованди бузург соҳиби номҳои нек аст, ки тавассути онҳо дар ибодоти муслимин зикр карда мешавад ва онҳо баёнгари сифоти Ӯ мебошанд. Дар Қуръони Карим омадааст: “Ва Худовандро номҳои зебост. Пас Ӯро бо он номҳо бихонед…”(Сураи Аъроф, ояти 180). Шумори номҳои Худоро Пайғамбари ислом (с) муайян намуда, дар ҳадис мефармояд: “Ҳамоно Худовандро наваду нӯҳ ном аст, ҳар касе онҳоро ҳифз кунад, дохили ҷаннат шавад”. (Ҳадис аз Имом Бухорӣ ба ривояти Абуҳурайра (р)). Зикр навъе аз ибодат буда, номҳои Худованд баёни сифоти олии Ӯянд ва Ӯро тавассути онҳо ёд кардану парастидан адои ин навъи ибодат мебошад. Муҳаммад (с) дар ҳадис мефармоянд: “Ба дурустӣ Худованд наваду нӯҳ исм дорад, касе, ки онҳоро бишуморад ва зикр кунад, вориди биҳишт мешавад”.
Машҳуртарин исмҳои Худованд бар ҳасби ривояти Тирмизӣ (рҳ) аз инҳо иборатанд: “Ҳувал Аллоҳу лазӣ ло илоҳа ило ҳувар Раҳмонур Раҳимул Маликул Қудусус Саломул Муъминул Муҳайминул Ъазизул Ҷабборул Мутакаббирул Холиқул Бориул Мусаввирул Ғаффорул Қаҳҳорул Ваҳҳобул Раззоқул Фаттоҳул Ъалимул Қобизул Боситул Хофизур Рофиъул Муиззул Музилус Самиъул Басирул Ҳакимул Ъадлул Латифул Хабирул Ҳалимул Ъазимул Ғафуруш Шакурул Ъалиюл Кабирул Ҳафизул Муқитул Ҳасибул Ҷалилул Каримур Рақибул Муҷибул Восиъул Ҳакимул Вадудул Маҷидул Боисуш Шаҳидул Ҳаққул Вакилул Қавиюл Матинул Валиюл Ҳамидул Муҳсиюл Мубдиул Муъидул Муҳйил Мумитул Ҳайюл Қаюмул Воҷидул Моҷидул Воҳидус Самадул Қодирул Муқтадирул Мутақаддамул Муаххарул Аввалул Охируз Зоҳирул Ботинул Волиюл Мутаъолиюл Баррут Таввобул Мунтақимул Афуввур Рауфул Моликул мулки Зулҷалоли вал икромил Муқситул Ҷомиъул Ғаниюл Муғниюл Мониъуз Зоррун Нофиъун Нурул Ҳодиюл Бадиъул Боқиюл Ворисур Рашидус Сабур”.
Асмои ҳуснои (номҳои зебои) Худованд беҳтарин ва писандидатарин васила барои зикри Ӯ ва навъе аз ибодат буда, тавассути ин номҳо ба ин тариқ дуо намудан афзалият дорад: “Ё Ғафур, ағфирлӣ!, Ё Раҳим, арҳамнӣ!, Ё Ҳафиз, иҳфазнӣ!, Ё Раззоқ, разақнӣ!… (Яъне: “Эй Бахшанда, маро бубахш, Эй Раҳмкунанда, бар ман раҳм намо, Эй Муҳофизаткунанда, маро ҳифз кун!, Эй Ризқдиҳанда, маро ризқ деҳ!…”).
Аллоҳ — الله — Худои ягона ва офарандаи кулли мавҷудот
Ар-Раҳмон — الرحمن — бахшоянда, меҳрубон бар махлуқот
Ар-Раҳим — الرحیم — раҳмкунанда бар махлуқот
Ал-Малик — الملك — соҳибу фармонравои ҳамаи оламу махлуқот
Ал-Қуддус — القدوس — муқаддас, холис аз костагиву гуноҳон
Ас-Салом — السلام — сулҳу рифоҳу оромишдиҳанда бар махлуқот
Ал-Муъмин — المؤمن — имондиҳанда ва эминдорандаи махлуқот
Ал-Муҳаймин — المهيمن — нигаҳбону ҳомии махлуқот
Ал-Азиз -العزيز — пуриқтидор, ғолибу чирадаст бар ҳама
Ал-Ҷаббор — الجبار — мутеъкунанда, муқовиматнопазир
Ал-Мутакаббир — المتكبر — бартар аз ҳама махлуқот
Ал-Холиқ — الخالق — халқкунандаи тамоми мавҷудот
Ал-Борӣ — الباری — офаридгор ва созандаи махлуқоту мавҷудот
Ал-Мусаввир — المصور — шаклдиҳанда ва меъмори мавҷудот
Ал-Ғаффор — الغفار — бахшанда ва омурзандаи гуноҳони махлуқот
Ал-Қаҳҳор — القهار — ҳукмкунанда танҳо ба иродаи хеш
Ал-Ваҳҳоб — الوهاب — хайру неъматдиҳанда бар махлуқот
Ар-Раззоқ — الرزاق — тақсимкунандаи неъматҳои бар махлуқот
Ал-Фаттоҳ — الفتاح — кушояндаи асрор ва мушкилоти махлуқот
Ал-Ъалим — العليم — донандаи ҳама чиз
Ал-Қобиз — القابض — кам ва маҳдудкунандаи ҳар чиро, ки хоҳад
Ал-Босит — الباسط — зиёдкунандаи ҳар чизеро, ки хоҳад
Ал-Хофиз — الخافض — залилкунандаи ҳар касеро, ки хоҳад
Ар-Рофеъ — الرافع — баландбардорандаи ҳар касеро, ки хоҳад
Ал-Муиз — المعز — тақвият ва нусратдиҳандаи ҳар киро, ки хоҳад
Ал-Музил — المذل — хору заифкунандаи ҳар касеро, ки хоҳад
Ас-Сомеъ — السميع — шунавандаи ҳама гуна сухани махфию ошкор
Ал-Басир — البصير — бинандаи ҳама ошкору ниҳон
Ал-Ҳакам — الحكم — довар ва ҳама ҳукм Ӯрост
Ал-Адл — العدل — боадл ва адолат дар дасти Ӯст
Ал-Латиф — اللطيف — соҳиби лутфи беандоза дар нисбати махлуқот
Ал-Хабир — الخبير — бохабар аз ҳама ошкору ниҳон
Ал-Ҳалим — الحليم — боҳилму нармдил дар нисбати махлуқот
Ал-Азим — العظيم — бузург бениҳояту беандоза
Ал-Ғафур — الغفور — афвкунандаи гуноҳон
Аш-Шакур — الشكور — муташаккир нисбат ба бандагони мутеъ
Ал-Ъалӣ — العلی — мутаол, беҳудуд баланду олӣ
Ал-Кабир — الكبير- бузург ва чизе бо Ӯ баробар нест
Ал-Ҳафиз — الحفيظ — муҳофизаткунандаи ҳамаи мавҷудот
Ал-Муқит — المقيت — фароҳамсозандаи ҳастии махлуқот
Ал-Ҳасиб — الحسيب — кифояткунанда барои бандагон
Ал-Ҷалил — الجليل — шукӯҳманд ва бенуқсу бошаҳомат
Ал-Карим — الكريم — саховатманде, ки дар карамаш коҳиш нест
Ар-Рақиб — الرقيب — назораткунанда ба ҳоли махлуқот
Ал-Муҷиб — المجيب — мушфиқу посухдиҳанда ба дархости бандагон
Ал-Восеъ — الواسع — ҳамаро фарогирифта
Ал-Ҳаким — الحكيم — донишмандтарин
Ал-Вадуд — الودود — дӯстдори бандагони содиқи хеш
Ал-Маҷид — المجيد — бошараф, бошукӯҳ, наҷиб
Ал-Боис — الباعث — зиндакунанда дар рӯзи Қиёмат
Аш-Шаҳид — الشهيد — шоҳиди аъмоли бандагон дар охират
Ал-Ҳақ — الحق- ҳақ ва барқароркунандаи ҳақиқат
Ал-Вакил — الوكيل — ваколатманд, оне, ки қобили эътимод аст
Ал-Қавӣ — القوى — муқтадир, соҳиби иқтидори мутлақ
Ал-Матин — المتين — устувор, барои тасмимаш ба василае бениёз
Ал-Валӣ — الولى — дӯстдори бандагони бовафои худ
Ал-Ҳамид — الحميد — лоиқи мадҳу ситоиш
Ал-Муҳсӣ — المحصى — ҳисобдор, барои ҳама ҳад муқарраркунанда
Ал-Мубдӣ — المبدئ — бунёдгузор, ҳамаро бо хиради худ офаранда
Ал-Муъид — المعيد — баргардонандаи зиндаҳо ба мурдаҳо ва баръакс
Ал-Муҳйӣ — المحيى — ҳаётбах ва зиндагардонанда баъд аз марг
Ал-Мумит — المميت — миронандаи махлуқоташ баъди ҳаёт
Ал-Ҳай — الحی — зинда, ҳамешаву ҷовид зинда
Ал-Қаюм — القيوم — мустақил, новобаста аз касеву бениёз ба чизе
Ал-Воҷид — الواجد — давлатманд, оне, ки ҳама дороӣ аз Ӯст
Ал-Моҷид — الماجد — шукӯҳманд, соҳиби азамати бузург
Ал-Воҳид — الواحد — якка, ягона, касе бо Ӯ баробар нест
Ас-Самад — الصمد — абадӣ ва тағйирнопазир, мустақил
Ал-Қодир — القادر — тавоно, қодир ба офаридану нобуд кардан
Ал-Муқтадир — المقتدر — абарқудрат, касе иқтидори Ӯро надорад
Ал-Муқаддим — المقدم — наздиккунандаи бандагони маҳбуби худ
Ал-Муаххир — المؤخر — дуркунандаи бандагони бадкор аз хеш
Ал-Аввал — الأول — ибтидокунандаи хилқат ва ҷовидонӣ
Ал-Охир — الأخر — интиҳодиҳандаи хилқат ва ҷовидонӣ
Аз-Зоҳир — الظاهر — ошкор, дар ҳама ҷо зоҳир
Ал-Ботин — الباطن — махфӣ дар чашм, зоҳир бо нишонаҳояш
Ал-Волӣ — الوالی — ҳоким, ҳукмфармои ҳама мавҷудот
Ал-Мутаъолӣ — المتعالی — олитарин, болотар аз дарки махлуқ
Ал-Барр — البر — накӯкору меҳрубон барои бандагони содиқ
Ат-Таввоб — التواب — тавбапазири бандагони хеш
Ал-Мунтақим — المنتقم — муҷозоткунанда, интиқомгир аз бадкорон
Ал-Афув — العفو — авфкунандаи бандагон
Ар-Рауф — الرؤوف — меҳрубон, дилсӯз
Малику Мулк — مالك الملك — шаҳаншоҳи тамоми офаридагонаш
Зулҷалоли Валикром — ذو الجلال والإكرام — соҳиби азамату илтифот
Ал-Муқсит — المقسط — боадолат, дар ҳама кораш одил аст
Ал-Ҷомеъ — الجامع — ҷамъкунандаи махлуқот барои подоши аъмол
Ал-Ғанӣ — الغنی — доро, бениёз ва махлуқоташ ниёзманди Ӯ
Ал-Муғнӣ — المغنی- ғанигардонанда касеро, ки хоҳад
Ал-Монеъ — المانع — манъкунанда, боздоранда аз роҳи бад
Аз-Зор — الضار — азбайнбаранда, нобудкунанда қабоили бадкорро
Ан-Нофеъ — النافع — нафърасонанда касеро, ки хоҳад
Ан-Нур — النور — равшанкунандаи роҳ барои бандагонаш
Ал-Ҳодӣ — الهادی — ҳидояткунанда ба роҳи рост
Ал-Бадеъ — البديع — офаринанда, мухтареъи офаридаҳояш
Ал-Боқӣ — الباقی — абадӣ, ҷовид, фанонопазиранда, абадбоқӣ
Ал-Ворис — الوارث — вориси ҳамаи офаридаҳояш
Ар-Рашид — الرشيد — ба роҳи росту ҳақ баранда
Ас-Сабур — الصبور — бурдбор, босабр, мӯҳлатдиҳанда
Назари хешро иброз кунед