Номҳои мардона

Аббос — (арабӣ). عباس сахтгир, ҷиддӣ

Абубакр — (арабӣ). ابوبکر соҳиби фазлу хирад[1]

Абулфазл — (арабӣ). ابوالفضل соҳиби шаъну дониш

Абулхайр — (арабӣ). ابوالخیر накӯкор

Аваз — (арабӣ). عوض мукофот, ҳадя, тӯҳфа

Авранг — (форсӣ). اورنگ тахт, курсӣ

Адиб — (арабӣ). ادیب шоир, нависанда

Адҳам — (арабӣ). ادهم сиёҳ, тирагун; номи саҳобӣ

Аёз — (арабӣ). اياز ҳушманд, доно

Азамат — (арабӣ). عظمت бузургӣ

Азиз — (арабӣ). عزيز гиромӣ, боқадр; порсо; ғолиб, зурдаст

Азим — (арабӣ). عظيم бузург, калон

Айнӣ — (арабӣ). عينى аслӣ, воқеӣ, ҳақиқӣ; мушаххас

Акбар — (арабӣ). اكبر кабир, бузург

Акмал — (арабӣ). اكمل  мукаммал, комил

Акрам — (арабӣ). اكرم карим, сахӣ

Алӣ — (арабӣ). على олӣ, баландмартаба

Алишер — (арабӣ-форсӣ). علی شیر кӯтоҳшуда аз “Алӣ шери Худо” [2]

Амин — (арабӣ). امين шахси мӯътамад; лақаби Муҳаммад (с)

Амир — (арабӣ). امير шоҳ, ҳоким

Аммор — (арабӣ). امار супоришдиҳанда, дастурдиҳанда

Амон — (арабӣ). امان боамн, осуда

Анас — (арабӣ). انس хушмуомила; зиндадил, шодмон; номи саҳобӣ

Анбоз — (форсӣ).انباز шарик, рафиқ, ҳамдам, ҳамроз

Анвар — (арабӣ). انور бонур, мунаввар

Анис — (арабӣ). انيس дӯсти  наздик, ҳамнишин

Анушервон — (форсӣ). انوشيروان рӯҳи ҷовидон; номи шоҳи одил

Ардашер — (форсӣ). اردشير подшоҳи поку дурусткор

Армон — (форсӣ). ارمان умед, орзу

Аршад — (арабӣ). ارشد бузургтар, калонтар

Асад — (арабӣ). اسد шер

Асғар — (арабӣ). اصغرхурд, хурдтар, муқобили акбар

Аслам — (арабӣ). اسلم солимтар, саломаттар, дурусттар

Аслон — (туркӣ). اسلان бебок

Асо — (арабӣ). عصا чӯбдасте, ки ба он такя кунанд; дастгир, ёвар

Ато — (арабӣ).  عطاҳадя, тӯҳфа

Афзал — (арабӣ). افضل беҳтар, бартар

Афшин — (форсӣ). افشين ҳоким, амир

Аҳад — (арабӣ). احد ягона (сифати Худо)

Аҳмад — (арабӣ). احمد сутуда, ҳамдшуда; номи дигари Муҳаммад (с)

Аҳтам — (арабӣ). احتم сода; ҳатмӣ, лозим

Ашкон — (форсӣ). اشکان паҳлавон, неруманд

Ашраф — (арабӣ). اشرف шарифтарин, наҷиб

Аъзам — (арабӣ). اعظم бузургтарин

Аюб — (арабӣ). ايوب маҳзун; номи пайғамбар

Барзу — (форсӣ). برزو воло, олӣ

Басир — (арабӣ). بصير бино; зирак, закӣ

Бахтиёр — (форсӣ). بختیار хушбахт, саодатманд

Баҳман — (форсӣ).  بهمن некниҳод, некманиш; номи моҳи форсӣ

Баҳодур — (форсӣ). بهادر паҳлавон, ҷавонмард

Баҳром — (форсӣ). بهرام пирӯз; ситораи Миррих

Башир — (арабӣ). بشیر хушхабардиҳанда, муждарасон

Бедил — (форсӣ). بیدل ошиқ; тарсончак

Бежан — (форсӣ). بیژن шамшерзан, номи паҳлавон

Беҳбуд — (форсӣ). بهبود тандуруст, саломат; нек

Беҳзод — (форсӣ) بیهزاد некзод, беҳнажод

Беҳманиш — (форсӣ). بیهمنش соҳиби андеша ва хиради неку

Беҳном — (форсӣ). بهنام некном, хушном; шӯҳратдор

Беҳон — (форсӣ). بهان нек, хуб

Беҳруз — (форсӣ). بهروز саодатманд, хушрӯз, хушбахт

Билол — (арабӣ). بلال об, тарӣ; номи саҳобӣ

Бинёмин — (арабӣ). بنیامین  писари дасти рост; номи пайғамбар

Боқӣ — (арабӣ). باقی поянда, пойдор, устувор

Боҳир — (арабӣ). باهر возеҳ, равшан, ошкор

Бузургмеҳр — (форсӣ). بزرگمهر ниҳоят меҳрубон, соҳибкиром

Бурдбор — (форсӣ). بردبار босабру тамкин

Бурҳон — (арабӣ). برهان далел, ҳуҷҷат, санад

Вазир — (арабӣ). وزیر мададгори наздик, ёрирасони содиқ

Вакил — (арабӣ). وکیل намоянда, гумошта; мудофеъ

Валӣ — (арабӣ). ولی дӯст, ёвар, мададгор

Валид — (арабӣ). ولید навзод, кӯдак

Варқа — (арабӣ). ورقه муниси маҷлис

Вафо — (арабӣ). وفا пойдорӣ дар аҳд, садоқат, муҳаббат

Ваҳҳоб — (арабӣ). وهاب бисёр бахшанда, босаховат (сифати Худо)

Войиз — (арабӣ). واعظ вазъгӯ, насиҳатгар, носеҳ

Воқиф — (арабӣ). واقف огоҳ, бохабар, хабардон; вақфкунанда

Восеъ — (арабӣ). واسع васеъ, фарох, паҳновар

Восил — (арабӣ). واصل васлшаванда, пайвастшаванда

Восит — (арабӣ). واسط роҳ, чора; миёнрав

Восиф — (арабӣ). واصف тавсифкунанда, ситоишкунанда

Вофиқ — (арабӣ). وافق  комгор, муваффақ, комрон

Воҳид — (арабӣ). واحد ягона (сифати Худо)

Ғанӣ — (арабӣ). غنی сарватманд, доро, тавонгар (сифати Худо)

Гаршосп — (форсӣ). گرشاسپ  номи шоҳ; дорандаи аспи лоғар

Ғаюр — (арабӣ). غیور далер, нотарс, боғайрат

Ғафур — (арабӣ). غفورбахшандаи гуноҳ, омурзанда (сифати Худо)

Ғаффор — (арабӣ). غفار бисёр бахшанда, авфкунанда (сифати Худо)

Гев — (форсӣ). گیو гӯё, суханкунанда; номи паҳлавони эронӣ

Ғиёс — (арабӣ). غیاث фарёдрас, додрас, ёрманд

Ғозӣ — (арабӣ). غازی ҷиҳодкунанда; ғизодиҳанда; қувватбахш

Ғойиб — (арабӣ). غائب аз назар пинҳон

Ғолиб — (арабӣ). غالب пирӯз, музаффар, ғалабакунанда

Гударз — (форсӣ). گودرز номи паҳлавон; навъи мурғи соҳилӣ

Дабир — (арабӣ). دبیر муншӣ, мирзо; муаллим, омӯзгор

Давлат — (арабӣ). دولت молу мулк, бахту саодат

Давлатманд — (арабӣ-форсӣ). دولتمند соҳиби бахту сарвату неъмат

Даврон — (арабӣ). دوران давр, рӯзгор, даҳр

Далер — (форсӣ). دلیر ҷасур, нотарс, диловар, шуҷоъ, шердил

Дарвеш — (форсӣ). درویش сӯфӣ, зоҳид; нодор, фурӯтан

Дидор — (форсӣ). دیدار  мулоқот, вохӯрӣ; рӯй, чеҳра

Дилдор — (форсӣ). دلدار далер, боҷуръат, диловар

Диловар — (форсӣ).دلاور шуҷоъ, далер, ҷасур, баҳодур

Дилшод — (форсӣ). دلشاد  дилхуш, хушҳол, хушнуд, шодмон

Диндор — (арабӣ-форсӣ). دیندار он ки ба дин эътиқод дорад, муъмин

Довуд — (ибрӣ). داود дӯстдор; номи пайғамбар

Додвар — (форсӣ). دادور додрас, додгар, одил

Додхудо — (форсӣ). دادخدا додаи Худо

Дониёл — (арабӣ). دانیال  ҳадя ва дӯсти Худо; номи пайғамбар

Дониш — (форсӣ). دانش илм, маърифат, фарҳанг

Дориюш — (форсӣ). داریوش он ки дар ниҳодаш некӣ аст

Дороб — (форсӣ). داراب некандеш; карру фарр, шавкат

Доро — (форсӣ). دارا  доранда, тавонгар; соҳиб, молик

Ёдгор — (форсӣ). يادگار нишонаи аз касе бозмонда

Ёвар — (форсӣ). ياور ёридиҳанда, мададгор, ёрирасон

Ёдовар —  (форсӣ).   یداورба ёду хотироваранда

Ёр — (форсӣ). يار рафиқ, дӯст, ҷӯра

Ёсин — (арабӣ).  یاسین номи сураи Қуръон

Ёсир — (арабӣ). یاسر хурд, сабук, саҳл; номи саҳобӣ

Ёмин — (арабӣ). یامن муборак, ҳуҷаста

Забир — (арабӣ). زبیر сахт, қавӣ, неруманд; номи саҳобӣ

Зайд — (арабӣ). زید афзоянда, фаровон; номи саҳобӣ

Закариё — (ибрӣ). زکریا ба ёд оварандаи Худо; номи пайғамбар

Закӣ — (арабӣ). ذكی заковатманд, тезфаҳм, ҳушёр

Замон — (арабӣ). زمان вақт, ҳангом, айём, давр, аҳд

Замир — (арабӣ). ضمیر дил, қалб; ҷон; андеша

Зариф — (арабӣ). ضریف нозук, латиф, шӯхтабъ; зирак, доно

Зарир — (форсӣ). زریر дорандаи зиреҳи зарин

Зафар — (арабӣ). ضفر ғалаба, фатҳ, муваффақият, комёбӣ

Зиё — (арабӣ). ضيا нур, рӯшноӣ, равшанӣ

Зиёд — (арабӣ). زیاد бисёр, афзун, фаровон, беш

Зобит — (арабӣ). ضابط забткунанда; нигоҳдоранда; идоракунанда

Зоир — (арабӣ). زائر зиёраткунанда, ба дидорбинӣ раванда

Зоҳид — (арабӣ). زاهد порсо, парҳезкор

Зоҳир — (арабӣ).  ظاهر  ошкор, возеҳ, равшан, аён

Зубайд — (арабӣ). زبید аъто, бахшиш

Зубайр — (арабӣ). زبیر марди неруманд ва қавӣ; номи саҳобӣ

Зулқифл — (арабӣ). ذوالكفل қувват аз Худост; номи пайғамбар

Зулфиқор — (арабӣ).ذوالفقار номи шамшери Алӣ (р)

Иброҳим — (арабӣ). ابراهیم падари бузург; номи пайғамбар

Идрис — (арабӣ).  ادریسомӯзанда, ҷаҳдкунанда; номи пайғамбар

Иззат — (арабӣ). عزت эҳтиром, ҳурмат, арҷмандӣ, азизӣ

Иззатманд — (арабӣ). عزتمند арҷманд, сазовори иззату эҳтиром

Икром — (арабӣ). اكرام ҳурмат, эҳтиром, иззат

Иқбол — (арабӣ). اقبال бахт, давлат, комёбӣ, толеъ

Илёс — (арабӣ). الیاس мӯъҷиза, каромати Худо; номи пайғамбар

Илҳом — (арабӣ). الهام рағбати иҷрои коре, ангезае дар инсон

Имрон — (арабӣ). عمران ободонӣ; умри дарозбин; падари Марям

Ирфон — (арабӣ). عرفان дониш, маърифат

Иршод — (арабӣ).  ارشاد нишон додани роҳи рост, раҳнамоӣ, ҳидоят

Искандар — (юнонӣ). اسکندر мудофеи шуҷоъ; шоҳи Юнони Қадим

Ислом — (арабӣ). اسلام имон овардан, мусулмон шудан

Исмат — (арабӣ). عصمت покдоманӣ, иффат, бегуноҳӣ

Исмоил — (арабӣ). اسماعیل номи пайғамбар, писари Иброҳим (а)

Исо — (арабӣ). عسی наҷотдиҳанда; номи пайғамбар

Исфандиёр — (форсӣ). اسفندیار офаридаи пок; номи паҳлавон

Исҳоқ — (ибрӣ). اسحاق  хандон; номи пайғамбар

Ифтихор — (арабӣ). افتخار фахр, сарафрозӣ, сарбаландӣ

Ихтиёр — (арабӣ). اختيار интихоб кардан, ихтиёр кардан, майл

Кабир — (арабӣ). كبير бузург, калон, азим, муаззам

Кайковус — (форсӣ). کیکاوس шоҳи одил; асил, наҷиб, номи шоҳ

Калим — (арабӣ). كليم сухангӯ, гӯянда, ҳамсӯҳбат[3]

Камол — (арабӣ).  كمال мукаммалӣ, пуррагӣ, рушд, тараққӣ

Карам — (арабӣ). کرم бахшиш ва саховат

Карим — (арабӣ).  كريم босаховат, бахшандаи гуноҳ (сифати Худо).

Каюмарс — (форсӣ). کیومرث шоҳмард, номи шоҳи Эрони Қадим

Комёб — (форсӣ). كامياب хушбахт, саодатманд, муваффақ

Кова — (форсӣ). کاوه огоҳкунанда, огоҳидиҳанда

Ковус — (форсӣ). کاوس одил, наҷиб, асил

Козим — (арабӣ). كاظم фурӯнишондаи хашму ғазаб, бурдбор

Комил — (арабӣ). كامل мукаммал, пурра, беайбу нуқсон

Комёр — (форсӣ). کامیارбахтиёр, комёб, баҳраманд

Комрон —(форсӣ). كامران ба муроду мақсад расида, хушбахт

Комраво — (форсӣ). روا كام комрон, хушбахт

Кошиф — (арабӣ). كاشف кашфкунанда, кушоянда

Куруш — (форсӣ). کوروش номи шоҳи Эрони Қадим

Кӯҳзод — (форсӣ). کوهزاد дар кӯҳистон таваллудшуда

Қадам — (арабӣ).  قدم гом, ташриф, иқдом дар коре

Қайс — (арабӣ). قیس андоза; номи саҳобӣ

Қамар — (арабӣ). قمر моҳ, моҳтоб

Қандил — (арабӣ). قنديل шамъдон, чароғи овезон

Қаноат — (арабӣ). قناعت розӣ будан ба он чӣ ҳаст, ризомандӣ

Қаюм — (арабӣ). قيوم поянда, устувор, ҳомӣ (яке аз номҳои Худо)

Қиём — (арабӣ). قيام рост истодан, рост хестан

Қисмат — (арабӣ). قسمت ҳисса, насиб, баҳра, тақдир, сарнавишт

Қобил — (арабӣ). قابل пазиранда, қабулкунанда

Қоид — (арабӣ). قائد роҳнамо, роҳбар, пешво

Қоим — (арабӣ). قائم рост, устувор, истода, барпо

Қодир — (арабӣ). قادر тавоно, муқтадир, зурманд, соҳибқудрат

Қосим — (арабӣ). قاسم тақсимкунанда (яке аз номҳои Худо)

Қубод — (форсӣ).  قبادдонишманд; шоҳ, ҳоким, номи шоҳ

Қувват — (арабӣ). قوت қудрат, нерӯ, тавон, тоқат, мадор

Қуддус — (арабӣ).  قدوسпок аз гуноҳон (яке аз номҳои Худо)

Қудрат — (арабӣ). قدرت нерӯ, иқтидор, қувва, тавоноӣ

Қурбон —(арабӣ). قربان чизе, ки барои ризои Худо садақа кунанд

Латиф — (арабӣ). لطيف нозук, зариф, дилкаш, дилпазир

Лоиқ — (арабӣ). لايق муносиб, сазовор, шоиста  

Луқмон — (арабӣ). لقمان номи ҳаким, ки дар Қуръон зикр шудааст

Мавҷуд — (арабӣ). موجود бавуҷудомада, пайдобуда, офаридашуда

Мазид — (арабӣ). مزید афзунӣ, зиёдӣ, афзоиш

Мақсад — (арабӣ). مقصد қасд, ирода, мурод, ният

Мақсуд — (арабӣ).  مقصودталаб, мурод, мақсад

Малик — (арабӣ). ملك соҳиби мулк, шоҳ, подшоҳ, султон

Мамдуҳ — (арабӣ). ممدوح мадҳшаванда, писандида, нек

Маннон(арабӣ). منّان бисёр миннатгузоранда (сифати Худо)

Мардон — (форсӣ). مردان далер, ҷасур, шуҷоъ

Мансур — (арабӣ). منصور нусратёфта, ғолиб, фирӯз

Манучеҳр — (форсӣ). منوچهر биҳиштрӯй; номи шоҳ

Масрур — (арабӣ). مسرور шодмон, шод, хурсанд, хушвақт

Мастур — (арабӣ). مستور пӯшида, покдоман, боиффат

Матин(арабӣ). متين устувор, маҳкам (яке аз номҳои Худо)

Матлуб — (арабӣ). مطلوب хосташуда, талабкардашуда, дилхоҳ

Махсум — (арабӣ). مخسوم шакли вайроншудаи махдум, хуҷаин

Маҳбуб — (арабӣ). محبوب дӯстдошта, муҳаббатбаста

Маҳдӣ — (арабӣ). مهدی ҳадякунанда, эҳдокунанда; ҳидояткунанда

Маҳмуд — (арабӣ). محمود ҳамдшуда, ситудашуда, ситоишшуда

Маҳкам — (арабӣ). محكم сахт, устувор, қавӣ

Маҳфуз — (арабӣ). محفوظ таҳти ҳимоятбуда, муҳофизатшуда

Маҷид — (арабӣ). مجيد бошаъну шараф, олиқадр, баландмартаба

Машҳур — (арабӣ). مشهور шӯҳратёфта, номвар, маъруф, овозадор

Маъмун — (арабӣ). مأمون дар амонбуда, эмин аз хавфу хатар

Маъмур — (арабӣ). مأمور амршуда, фармонгирифта

Маъруф — (арабӣ). معروف машҳур, овозадор, эътирофшуда

Масъуд — (арабӣ). مسعود саодатманд, хушбахт

Маъсум(арабӣ). معصوم бегуноҳ, гуноҳнакарда

Маъшуқ(арабӣ). معشوق маҳбуб, дӯстдошта

Меҳмон — (форсӣ). مهمان оне ба хонаи касе омада, пазироӣ бинад

Меҳрафкан — (форсӣ). مهرافکن дӯстдор, бомеҳр

Меҳроб — (арабӣ). محراب тоқи даруни масҷид, ки имом истад

Меҳровар — (форсӣ). مهراور дӯстиварзанда, ибрози муҳаббаткунанда

Меҳрварз — (форсӣ). مهرورز меҳрафкан, бомуҳаббат

Меҳрубон — (форсӣ). مهربان – нигаҳбони меҳру муҳаббат

Меҳрон — (форсӣ). مهران дорандаи меҳр, меҳрубон

Меъроҷ — (арабӣ). معراج нардбон, зинапоя, болобароӣ[4]

Мизроб (арабӣ). مضراب нохунак, захма[5]

Минҳоҷ — (арабӣ). منهاج роҳи рост ва васеъ, роҳи калон

Мир — (арабӣ). مير (кӯтоҳшудаи амир), ҳоким, раис

Мирзо – (форсӣ). ميرزا (кӯтоҳшудаи амирзода) котиб, муншӣ, дабир

Молик — (арабӣ).  مالك мулкдор, соҳиби мулку замин, хуҷаин

Моҳир — (арабӣ). ماهر бомаҳорат, устод

Муаззам(арабӣ). معظم азим ва бузург донисташуда

Муаммар — (арабӣ). معمر дарозумр, куҳансол

Мубассир — (арабӣ).  مبصرназаркунанда, бино, бобасират

Мубашшир(арабӣ). مبشّر хушхабаррасон, муждарасон

Мубин — (арабӣ). مبين ошкоркунанда, равшанкунанда, возеҳ

Муборак — (арабӣ). مبارك ҳуҷаста, фархунда, нек, бахайр, табаррук

Мубориз — (арабӣ). مبارز муборизакунанда, ҷанганда, ҷанговар

Муваккил(арабӣ). موكّل корсупоридашуда, гумошта, вакил

Муваффақ — (арабӣ). موفّق тавфиқёфта, комёбшуда, бамуродрасида

Муваҳҳид(арабӣ). موحد ба Худои якто боваркунанда

Мудаббир(арабӣ). مدبر ботадбир, чораҷӯ, ӯҳдабаро, идоракунанда

Музаффар — (арабӣ). مظفّر зафарёфта, пирӯз, зафарманд, ғолиб

Муин — (арабӣ). معين ёридиҳанда, мададгор, ионаткунанда

Мукаррам — (арабӣ). مکرم азиз, гиромӣ, бузургдошташуда

Муқаддам — арабӣ). مقدم қаблӣ, пешин, авло, афзал, бартар

Муқбил — (арабӣ). مقبل соҳиби иқбол, хушбахт

Муқим — (арабӣ).  مقيم сокин, истиқоматкунандаи доимӣ, таҳҷоӣ

Мумтоз —  (арабӣ). ممتاز баргузида, бартар, афзалиятдошта

Мунаввар — (арабӣ). منور пурнур, равшан, нуронӣ

Мунир — (арабӣ).منير нурпош, равшан, тобон, дурахшон

Муносиб(арабӣ).  مناسب мувофиқ, лоиқ, созгор, сазовор, шоиста

Мунсиф — (арабӣ). منصف боинсоф, бовиҷдон, боадолат

Муошир(арабӣ). معاشر ҳамдам, ҳамсӯҳбат, ҳамнишин

Мурид — (арабӣ). مريد хоҳишманд, пайравикунанда, пайрав

Мурод — (арабӣ). مراد мақсад, талаб, хоҳиш, хоҳиш, орзу

Муртазо — (арабӣ). مرتضی розӣ, қаноатманд; лақабии Алӣ (р)

Мурувват — (арабӣ). مروت ҳимматбаландӣ, лутф, эҳсон, инсоф

Муршид — (арабӣ).  مرشيد роҳнамо, пир, шайх

Мусавӣ — (арабӣ). موسوی мансуб ба Мӯсо (а), аз они Мӯсо

Мусаллам — (арабӣ). مسلم таслимшуда, сиҳату саломат, яқин

Муслеҳ — (арабӣ). مصلح салоҳкунанда, созишкунанда, хайрхоҳ

Муслим — (арабӣ). مسلم мусулмон, пайрави ислом

Мустафо — (арабӣ). مصطفی баргузида, мунтахаб[6]

Мусо — (ибрӣ). موسی наҷотёфта аз об, номи пайғамбар

Мутриб(арабӣ). مطرب навозандаи асбоби мусиқӣ, сароянда

Муфаттеҳ(арабӣ). مفتّح фатҳкунанда, кушоянда, бозкунанда

Муфарраҳ — (арабӣ). مفرح фараҳманд, шоду хурсанд

Муфохир — (арабӣ).  مفاخرфахркунанда, ифтихоркунанда

Мухлис — (арабӣ). مخلص ихлосманд, эътиқодманд, дӯстдор, содиқ

Муҷиб — (арабӣ). مجيب ҷавобдиҳанда, посухгӯянда

Муҷтаҳид(арабӣ). مجتهد кӯшанда, ҷидду ҷаҳдкунанда

Мушовир — (арабӣ). مشاور машваратдиҳанда, маслиҳатдиҳанда

Мушарраф — (арабӣ). مشرف шарафёфта, сарфарозшуда, ноилгашта

Муяссар — (арабӣ). ميسر бадастоварда, фароҳамомада, дастрасшуда

Мушфиқ(арабӣ). مشفق бошафқат, шафиқ, меҳрубон, ғамхор

Мунис — (арабӣ). مونس унсгиранда, дӯсти  наздик, ҳамнишин

Мухтор — (арабӣ). مختار соҳибихтиёр, ихтиёрдор

Муҳаммад — (арабӣ). محمد ҳамдшуда, сутудашуда, номи паямбар (с)

Муҳаққиқ — (арабӣ). محقق таҳқиқгар, пажӯҳишгар, тадқиқкунанда

Муҳиб — (арабӣ). محب ҳабиб, дӯстдор, дӯсти меҳрубон

Муҳофиз — (арабӣ). محافظ ҳифзкунанда, мудофеъ, нигаҳбон

Муъмин — (арабӣ). مؤمن боимон, имондор, диндор

Набӣ — (арабӣ). نبی пайғамбар, паёмбари Худо

Наврӯз — (форсӣ). نوروز рӯзи аввали солшумории шамсӣ

Навфал — (арабӣ). نوفل дарё, баҳр; номи саҳобӣ

Надим — (арабӣ). نديم ҳамнишини бузургон, ҳамсӯҳбат, ҳамдам

Назар — (арабӣ). نظر нигоҳ, дид; мулоҳиза, ақида

Назир — (арабӣ). نظير мисл, монанд; огоҳкунанда

Назиф (арабӣ). نظيف покиза, тоза, нозук, зариф

Назрӣ — (арабӣ). نذر мансуб ба назр (садақа, қурбонӣ); аҳд, паймон

Наим — (арабӣ). نعيم неъмат, нозу неъмат, тавонгарӣ

Намоз — (форсӣ). نماز сар хам кардан барои саҷда, дуову ибодат

Наримон — (форсӣ). نريمان паҳлавон, диловар

Носеҳ — (арабӣ). ناصيح панддиҳанда, насиҳатгар, пандеҳ

Насиб — (арабӣ).  نصيب  қисмат, сарнавишт; ҳисса; олинажод

Насим — (арабӣ). نسيم боди форами саҳаргоҳ, боди нарм

Наср — (арабӣ). نصر ёрӣ, мадад, ғалаба, зафар, нусрат

Нафис — (арабӣ). نفيس латиф, марғуб, нозук, дилписанд

Наҷиб — (арабӣ).  نجيب асил, шариф, асилзода, бузургзода, гиромӣ

Некном — (форсӣ).نيك نام  касе, ки номаш ба некӣ машҳур аст

Некпай — (форсӣ). نیکپی хушқадам, бахосият

Некрой — (форсӣ). نیکرای дурусттадбир, некандеш, оқил

Некбахт — (форсӣ).نیکبخت  хушбахт, бахтёр, саодатманд

Некруз — (форсӣ). نیکروز  он ки рӯзгори хуб дорад, хушбахт

Некбин — (форсӣ).  نیکبینхайрхоҳ, некхоҳ, некандеш

Некдил — (форсӣ). نیکدل нектабиат, хайрхоҳ

Некзот — (форсӣ). نيكذات хушзот, наҷиб, асилзода

Некқадам — (форсӣ). نیکقدم некпай, қадами бахайр ва бахосият

Некандеш — (форсӣ). نیکندیش некрой, некният, хайрхоҳ, хайрандеш

Некманиш — (форсӣ). نیکمنیش хушхӯ, нектабиат, хушхулқ

Некмард — (форсӣ).   نیکمرмарди некӯкор, марди хайрхоҳ

Неъмат — (арабӣ). نعمت ризқу рӯзӣ, бахшоиш, эҳсон, фароғат

Ниёз — (форсӣ). نیاز ҳоҷат, эҳтиёҷ, майлу хоҳиш, илтимос, дархост

Низом — (арабӣ). نظام тартиб, равиш, сохтор

Нодир — (арабӣ). نادر камчин, камёб, ягона, беназир, беҳамто

Нозим — (арабӣ). ناظم  ба назму тартибоваранда, танзимгар; шоир

Нозир — (арабӣ). ناظر назаркунанда, нигоҳкунанда, бозрас

Ноил — (арабӣ). نائل ба муроду мақсад расида, муваффақшуда

Носеҳ — (арабӣ). ناصيح насиҳатгар, панддиҳанда

Носир — (арабӣ). ناصر нусратдиҳанда, ёридиҳанда, мададгор

Нурӣ — (арабӣ). نوری бонуру зиё, нурафшон, гармчеҳра

Нуронӣ — (арабӣ). نورانی пурнур, тобон, мунаввар, ситорагарм

Нусрат — (арабӣ). نصرت ёрӣ, ёрмандӣ, мадад; зафар, ғалаба, пирӯзӣ

Нӯҳ — (арабӣ). نوح оромбахш, таскиндиҳанда; номи пайғамбар

Нӯъмон — (арабӣ). نعمان соҳиби неъмат; номи саҳобӣ[7]

Обид — (арабӣ). عابد ибодаткунанда, худоҷӯй, зоҳид

Одил — (арабӣ). عادل боадолат, боинсоф

Одина — (арабӣ). آدينه рӯзи ҷумъа

Озод — (форсӣ). آزاد раҳошуда, раҳида, новобаста, фориғ, вораста

Оқил — (арабӣ). عاقل боақл, хирадманд, доно, бофаҳму идрок

Оламгир — (форсӣ). عالمگیر шӯҳратёфта, хеле машҳур, ҷаҳонгир

Оламафрӯз — (арабӣ-форсӣ). عالمفروز офтоб, хуршед, меҳр

Олим — (арабӣ). عالم соҳиби илм, донишманд, доно

Ораз — (арабӣ). عارض рухсора, ду бари рӯй, рӯй, чеҳра

Орзу — (форсӣ). آرزو хоҳиш, майл, умед, армон, ҳавас, иштиёқ

Ориён — (форсӣ). آريان аз нажоди ориёӣ; пок

Ориф — (арабӣ). عارف огоҳ, воқиф, доно, шиносанда, порсо

Осим — (арабӣ). عاصم нигоҳдоранда, боздоранда (аз хато)

Осиф(арабӣ). عاثف пасрав, тобеъ

Паймон — (форсӣ). پيمان аҳд, шарт, қавлу қарор; андоза; пайванд

Пайрав — (форсӣ). پيرو аз қафо ё бо роҳи касе раванда

Парвин (форсӣ). پروين маҷмӯи ситораҳои бурҷи Савр, Сурайё

Партав — (форсӣ). پرتو шуоъ, акс, фурӯғ, нур, шӯъла

Парвиз — (форсӣ). پرویز пирӯз, музаффар, мансур

Пидром — (форсӣ). پدرام некӯ, хуҷаста, ороста

Покмард — (форсӣ). پاكمرد марди росткор, некмард, нектабиат

Покмеҳр — (форсӣ). پاکمهر дорои меҳру муҳаббати садиқона

Покнажод — (форсӣ). پاکنژاد нажодаш асил, асилзода

Покрой — (форсӣ). پاكرای некраъй, соҳиброй, некандеш, доно

Пурдил — (форсӣ). پردل нотарс, далер, диловар, ҷасур

Пурсафо — (форсӣ). پرصفا поку тоза, равшан, беғаш, рӯҳафзо

Порсо — (форсӣ). پارسا парҳезкор, пок, худотарс

Пуртавон — (форсӣ). پرتوان тавоно, муқтадир, дорои қудрати зиёд

Пурфараҳ — (форсӣ). پرفرح шоду хурсанд, хурсандибахш, пурсурур

Пулод — (форсӣ). پولاد филизи бисёр мустаҳкам; сахт, устувор

Пӯё — (форсӣ). پویا пажӯҳишкунанда, ҷӯянда, ҷустуҷӯ

Рабеъ — (арабӣ). ربيع баҳор, баҳорон

Равшан — (форсӣ). روشن мунаввар, тобон, дурахшон, возеҳ

Равшандил — (форсӣ). روشندل покдил, доно, дилогоҳ, огоҳ

Раззоқ — (арабӣ). رزاق ризқдиҳанда (яке аз номҳои Худо)

Разӣ — (арабӣ). رضی ризоманд, розӣ, мамнун, хушнуд

Рамзӣ — (арабӣ). رمزی рамзнок, бо рамзу ишора

Расим — (арабӣ). رسیم қадамгузор, тезрав, тезҳаракат; номи саҳобӣ

Рафеъ(арабӣ). رفيع баланд, олӣ, афрошта, боаҳамият, арзишманд

Расо — (арабӣ). رسا ба воя расида, пурра, комил, тамом

Расул — (арабӣ). رسول фиристода, қосид, пайғамбар, набӣ

Рафиқ — (арабӣ). رفيق дӯст, ҳамдам, ҳамнишин

Рахшон — (форсӣ). رخشان рахшанда, дурахшанда, тобон

Раҳмат (арабӣ). رحمت меҳрубонӣ, шафқат, бахшиш, афв, таҳсин

Рашод — (арабӣ). رشاد бо роҳи рост рафтан, ростӣ, росткорӣ

Рауф — (арабӣ). رئف меҳрубон, бомеҳр, олиҳиммат (сифати Худо)

Раҳим — (арабӣ). رحيم меҳрубон, раҳмкунанда (сифати Худо)

Раҳмон —(арабӣ). رحمان бахшоянда, раҳмкунанда (сифати Худо)

Раҷаб — (арабӣ). رجب моҳи ҳафтуми солшумории қамарии ҳиҷрӣ

Рашид — (арабӣ). رشيد бо роҳи рост раванда, ба рушд расида; далер

Ризвон — (арабӣ). رضوان хушнудӣ, хурсандӣ, ризомандӣ, биҳишт

Ризо — (арабӣ). رضا хушнуд, хурсанд, розӣ, қаноатманд

Розиқ — (арабӣ). رازق ризқу рӯзидиҳанда (сифати Худо)

Роғиб(арабӣ). راغب моил, хоҳон, толиб, рағбатдор (ба ягон чиз)

Ромин — (форсӣ). رامین шахси орому боадаб, шод, хурсанд

Ромиш — (форсӣ). رامش оромӣ, роҳат, шодӣ, лаззат, суруд, нағма

Роҳил — (арабӣ). راحل сафаркунанда, серҳаракат, чолок

Роҳнамун — (форсӣ). راهنمون роҳнамо, роҳбар, роҳнамоӣ

Роҳнамо(й) — (форсӣ). (ی)راهنما роҳнишондиҳанда, роҳбар, пешво

Рустам — (форсӣ). رستم далер, шуҷоъ, номи паҳлавон

Рӯзбеҳ — (форсӣ). روزبیه некрӯз, хушбахт, рӯз ба рӯз беҳтар шудан

Рӯзадор —(форсӣ). روزه دار он ки рӯза гирифтааст

Рӯзафзун(форсӣ). روزافزون рӯз ба рӯз зиёдшаванда, мудом афзоянда

Сабеҳ(арабӣ). صبيح зебо, хушрӯй

Саббоҳ — (арабӣ).  سباح шиновар, бисёр шинокунанда, киштирон

Саббор(арабӣ). صبار пурсабр, бурдбор

Сабур — (арабӣ). صبور сабркунанда, тобовар, пуртоқат

Садод — (арабӣ). سداد ростӣ, дурустӣ, адолат

Садр (арабӣ). صدر сина, пешгоҳ, марказ, раис, сардор, пешво

Саддом — (арабӣ). صدام монеъшаванда, муқобилаткунанда

Саъид — (арабӣ). سعيد саодатманд, хушбахт, бахтиёр

Сайид — (арабӣ). سيد аз насли Муҳаммад (с) буда; бузург, пешво

Сайидаброр — (арабӣ). سیدبرار пешвои тақводорону парҳезгорон[8]

Сайидакобир — (арабӣ). سیدكابر бузурги кабирон, пешвои бузургон

Сайидаҳрор — (арабӣ). سیدحرار пешвои озодагон, раиси озодбудагон

Сайидансор — (арабӣ). سیدنصار сардори ёварон, пешрави пайравон Сайидасҳоб — (арабӣ).سیدصحاب сарвари саҳобагон, садри ҳамсӯҳбатон

Сайф — (арабӣ).  سیف шамшер

Сайёф(арабӣ). سياف шамшерзан

Салаф — (арабӣ). سلف аҷдод, пешинагон, гузаштагон

Салом — (арабӣ). سلام сулҳ, амну амон; дуруд, таҳният

Салим — (арабӣ). سليم солим, саломат, сиҳҳат

Салмон — (арабӣ). سلمان солим, беғам; ном саҳобӣ

Салоҳ — (арабӣ). صلاح хайр, некӣ, сулҳ, дӯстӣ

Самад — (арабӣ). صمد поянда, ҳамеша, ҷовид (сифати Худо)

Самеъ — (арабӣ). سميع шунаванда, гӯшкунанда; доно, зирак

Самир — (арабӣ). صمیر ҳамсӯҳбат, ҳамнишин

Сангин — (форсӣ). سنگين вазнин, бовиқор, ботамкин, вазнин

Сано — (арабӣ). ثنا мадҳ, таҳсин, ситоиш

Санӣ — (арабӣ). سنی баланд, олӣ, баландмартаба, олиҷоҳ

Сарамард — (форсӣ). مرد سره марди нек, марди боақлу зирак

Сармад — (форсӣ). سرمد ҳамеша, пайваста, доим

Сарбаланд — (форсӣ). سربلند сарафроз, ифтихорманд

Сарвар (форсӣ). سرور сардор, пешво, бузурги қавм

Сардор — (форсӣ). سردار раис, роҳбар, саркарда

Сарир — (арабӣ). سرير ҷойгоҳ, бистар, тахт; маснад; зебо, дилписанд

Сайёр — (арабӣ). سيار сайркунанда, гарданда, аз ҷое ба ҷое кӯчанда

Саркор — (форсӣ). سركار оғозгари коре, нозир, корфармо

Сарфароз — (форсӣ). سرفراز сарболо, сарбаланд, боифтихор

Саттор — (арабӣ). ستّار пӯшанда, пӯшандаи айбҳо (сифати Худо)

Сафар — (арабӣ). سفر мусофират, صفر моҳи солшумории ҳиҷрӣ

Сафдар — (арабӣ-форсӣ). صفدر сафшикан, шикофандаи сафи душман

Сафо — (арабӣ). صفا покӣ, равшанӣ, шодмонӣ, равнақ, осоиш

Сахӣ — (арабӣ). سخى саховатманд, кушодадаст, ҷавонмард

Саъд — (арабӣ). سعد бахосият, муборак, хуҷаста, бахтовар

Саъдӣ — (арабӣ). سعدی хушбахтӣ, муборакӣ, хуҷаста, муборак

Сиддиқ — (арабӣ). صديق марди ростгӯй, садоқатманд, боваркунанда[9]

Сиёвуш – (форсӣ). سیاوش дорандаи аспи нари сиёҳ

Сино — (арабӣ). سینا сӯрохкунанда; падари Абуалӣ — олими машҳур

Сироҷ — (арабӣ). سراج муарраби чароғ, чароғ, шамъ

Собир — (арабӣ). صابر сабркунанда, батоқат, бобардошт, шикебо

Собит — (арабӣ). ثابت устувор, пойдор, барқароршуда; исботёфта

Содиқ — (арабӣ). صادق ростгӯй, росткор, самимӣ

Содир — (арабӣ). صادر берунбароянда, рӯйдода, воқеъгардида

Соим (арабӣ). صايم он ки рӯза гирад, рӯзадор, ботақво

Солим — (арабӣ). سالم сиҳат, саломат, тандуруст, дуруст, беайб

Солеҳ — (арабӣ). صالح покдил, покдоман, парҳезгор, нек, некӯкор

Солор — (арабӣ). سالار сардор, бузурги қавм, пешво

Сом — (форсӣ).سام  симу зар; писари Нӯҳ (а); номи бобои Рӯстам

Сомон — (форсӣ). سامان тартиб, интизом; молу мулк; макон

Сорбон — (форсӣ). ساربان галабони шутурҳо, шутурбон

Сосон — (форсӣ). ساسان арҷманд, маҳбуб, шӯҳратдор

Соҳиб — (арабӣ). صاحب дорандаи чизе, молик

Соҷид — (арабӣ). ساجد саҷдакунанда, намозгузор

Сулаймон — (арабӣ).  سلیمانсулҳхоҳ, эмин; номи пайғамбар

Султон — (арабӣ). سلطان ҳоким, фармонраво, подшоҳ

Суннат — (арабӣ). سنت роҳ, равиш, одат, урф, расм, қоида

Сурен — (форсӣ). سورن паҳлавон, далер, тавоно

Сӯфӣ — (арабӣ). صوفی пайрави тариқати тасаввуф, порсо

Сӯҳроб — (форсӣ). سهراب дурахшонрӯй, пурҷило; номи паҳлавон

Табаррук — (арабӣ). تبرّك муборак, бобаракат; ҳадя, тӯҳфа

Таваккал(арабӣ). توكّل умед бастан, эътимод кардан

Тавфиқ — (арабӣ). توفیق мувафаққият, бахт, комёбӣ

Тайиб — (арабӣ). طيب нек, хуб, хушнамо, дилписанд

Талаб — (арабӣ). طلب пурсидану хостани чизе, дархост, ҷустуҷӯ

Таҳамтан — (форсӣ). تهمتن пурзӯр, тануманд, лақаби Рустам

Таҳмурас — (форсӣ). طهمورث шоҳи шуҷоъ, шоҳи эронӣ

Темур — (туркӣ). تیمور пулод; номи шоҳи бузург

Тоир — (арабӣ).  طائر/طایر парвозкунанда, паранда, мурғ

Толиб — (арабӣ). طالب хоҳон, хоҳишманд, талабкунанда, талабгор

Ториқ — (арабӣ). طارق ситораи субҳ, номи саҳобӣ

Тоҳир — (арабӣ). طاهر пок, тоза, покиза, покӣ

Тураҷ — (форсӣ). تورج пирӯз, тавоно, пурзур

Убайд — (арабӣ).  عبيد шакли тасғири абд, ғуломи хурд

Узайр — (арабӣ). عزير номи пайғамбар

Умар — (арабӣ). عمر зиянда, бо иззату обрӯ; номи халифаи ислом

Умед — (форсӣ). اميد  чашмдошт, интизор, таваққӯъ; эътимод, боварӣ

Усмон — (арабӣ). عثمان номи халифаи сеюми ислом

Усома — (арабӣ).  اسامه шер, асад

Файёз — (арабӣ). فياض файздиҳанда, бисёр бахшанда (сифати Худо)

Файз — (арабӣ). فيض бахшиш, ато, баракат

Фараҳ — (арабӣ). فرح шодӣ, хурсандӣ, фарвонӣ, фирӯзӣ

Фарзом — (форсӣ). فرزام сазовор, шоиста, лоиқ

Фарзон — (форсӣ). فرزان оқил, донишманд, ҳаким

Фарзин — (форсӣ). فرزین меҳрварз; сазовор; огоҳ

Фарид — (арабӣ). فريد ягона, якто, бемисл, бемонанд

Фаридун — (форсӣ). فریدون офариниши нек, номи шоҳи Эрон

Фароз — (форсӣ). فراز боло будан, баландӣ

Фаромурз — (форсӣ). فرامرز омурзандаи душман

Фаррух — (форсӣ). فرّخ некӯ, зебо, хуҷаста, фархунда

Фаррухрӯз — (форсӣ). فرخ روز  хушбахт, хушҳол, саодатманд

Фарҳат — (форсӣ). فرهت шаъну шараф, шукӯҳмандӣ

Фарҳод — (форсӣ). فرهاد ёридиҳанда, номи паҳлавони неруманд

Фаршед — (форсӣ). فرشید бошукӯҳу шавкат; мунаввар, бо нуру зиё

Фаттоҳ — (арабӣ). فتّاح фотеҳ, кушоянда, коркушо (сифати Худованд)

Фаҳим — (арабӣ). فهم бозеҳн, олим, бофаҳм

Фирдавс — (арабӣ). فردوس боғ, боғи хушу хуррам; биҳишт, ҷаннат

Фируз — (форсӣ). فيروز комёб, муваффақ; ғолиб, музаффар; муборак

Фозил — (арабӣ). فاضل соҳиби фазилат; донишманд, доно

Фоиқ —  (арабӣ). فائق беҳтарин, баргузидатарин; ғолиб, забардаст

Форуқ — (арабӣ). فارق аз ҳам ҷудокунанда, фарқкунандаи неку бад[10]

Фотеҳ — (арабӣ). فاتح фатҳкунанда, кушоянда, ғолиб, зафарёб

Фурқат — (арабӣ). فرقت ҷудоӣ, дурӣ, фироқ, ҳиҷрон

Фурӯтан — (форсӣ). فروتن хоксор, шикастанафс, бетакаббур

Хабир — (арабӣ). خبير огоҳ, хабардор, кордон (яке аз номҳои Худо)

Хайём — (арабӣ). خيام устои хаймадӯз, хаймасоз, чодирдӯз

Халил — (арабӣ). خليل дӯст, дӯсти меҳрубон, дусти наздик

Хаттоб — (арабӣ). خطاب хитобкунанда, баёнкунанда 

Хизр — (арабӣ). خضر сабзазор; номи яке аз пайғамбарони илоҳӣ

Холид — (арабӣ). خالد ҷовид, доимӣ, намиранда, боқӣ

Холиқ — (арабӣ). خالق халқкунанда, офаринанда (сифати Худованд)

Холис — (арабӣ). خالص беомезиш, беолоиш, беғаш, соф, пок, сара

Хоҷа — (арабӣ). خواجه соҳиб, хӯҷаин, мансуб ба насли хоҷагон

Худогӯй — (форсӣ).خداگوی  Худоро зикркунанда

Худоҷӯй(форсӣ). خداجوی мӯътақид, диндор, мӯъмин

Худоёр — (форсӣ). خدایار дӯсти Худо, худопараст

Худойдод — (форсӣ). خدایداد худодода, фитрӣ, модарзод

Хуррам — (форсӣ). خرم шод, хурсанд, хандон, босафо

Хуршед — (форсӣ). خورشيد офтоб, меҳр, шамс, равшанӣ

Хусрав — (форсӣ). خسرو некном; шоҳ, подшоҳ

Хушбахт — (форсӣ). خوش بخت некбахт, саодатманд

Хушдил — (форсӣ). خوشدل шодмон, хурсанд, масрур

Хушнуд — (форсӣ). خوشنود шод, шодмон, хурсанд, мамнун, розӣ

Хушруз — (форсӣ). خوشروز хушбахт, осудаҳол

Ҳабиб — (арабӣ). حبيب дӯстдошта, дӯстдор, маъшуқ, маҳбуб

Ҳайдар — (арабӣ). حيدر шер; лақаби Ҳазрати Алӣ (р)

Ҳаким — (арабӣ). حكيم хирадманд, донишманд; табиб, пизишк

Ҳалим — (арабӣ). حليم одами нармдил, хушхулқ

Ҳамза — (арабӣ). حمزه номи амаки Муҳаммад (с), яке аз саҳоба

Ҳамид (арабӣ). حميد писандида, хуб, нек, сутуда

Ҳамдам — (форсӣ). همدم ҳамнафас, дӯсти бисёр наздик, ҳамнишин

Ҳамроз — (форсӣ). همراز нафаре, ки ба ӯ рози дил гӯянд

Ҳанбал — (арабӣ). حنبل номи имоми бузург

Ҳаниф — (арабӣ). حنيف дар ақидаи худ пойдор, устувор, ҳақиқӣ[11]

Ҳасан — (арабӣ). حسن зебо, некӯ, хуб; номи набераи Муҳаммад (с)

Ҳасиб — (арабӣ). حسيب ҳисобкунанда, соҳиби ҳасаб, бузургвор

Ҳикмат — (арабӣ). حكمت илм, дониш, хирад, фазилат, панд, андарз

Ҳилол — (арабӣ). هلال моҳи нав

Ҳиммат — (арабӣ).  همتазми қавӣ, ҷаҳд, саховат, ҷавонмардӣ

Ҳишом — (арабӣ). هشام олиҳиммат, ҷавонмард; номи чанд саҳоба

Ҳобил — (арабӣ). هابیل бухор, маҳзун; номи писари Одам (а)

Ҳодӣ — (арабӣ). هادی роҳнишондиҳанда, роҳнамо, ҳидояткунанда

Ҳом — (арабӣ). حام муҳофизаткунанда; писари Нӯҳи пайғамбар (а)

Ҳомид(арабӣ). حامد шукркунанда, ситоишгар, санохон

Ҳоҷиб — (арабӣ). حاجب дарбон, пардадор

Ҳорун — (ибрӣ). هارون мунаввар, равшан; бародари Мусо (а)

Ҳотам — (арабӣ). حاتم саховатманд, сахӣ, накӯкор, ҷавонмард[12]

Ҳотиф — (арабӣ). هاتف овоздиҳанда аз ғайб, ҷеғзананда, нидокунанда

Ҳофиз — (арабӣ). حافظ ҳифзкунанда, каси Қуръонро азёдкарда

Ҳошим — (арабӣ). هاشم ноншикан, тақсимгари молиёт[13]

Ҳувайдо — (форсӣ). هويدا равшан, зоҳир, ошкор, намоён, аён

Ҳуд — (арабӣ). هود‎‎ номи пайғамбар

Ҳумоюн — (арабӣ). همايون муборак, фархунда, хуш

Ҳусайн — (арабӣ). حسين хуб, накӯ, зебо; набераи Муҳаммад (с)

Ҳушанг — (форсӣ). هوشنگбоҳушу ақлу хирад; номи шоҳ

Ҷаббор — (арабӣ). جبار соҳиби қудрату тавоноӣ (сифати Худо)

Ҷавод — (арабӣ). جواد сахӣ, саховатманд, ҷавонмард

Ҷалил — (арабӣ). جليل бузург, азим, мӯҳтарам

Ҷалол — (арабӣ). جلال бузургворӣ, иззат, ҷоҳу ҷалол, мартаба

Ҷамил — (арабӣ). جميل хушрӯй, зебо, соҳибҷамол, некӯсурат

Ҷамол — (арабӣ). جمال хушрӯӣ, зебоӣ, ҳусн, хубии сурат ва сират

Ҷамшед — (форсӣ). جمشيد равшан, дурахшон, номи шоҳ

Ҷасур — (арабӣ). جسور далер, шуҷоъ, нотарс, пурдил

Ҷаҳонгир — (форсӣ).جهانگیر  тасхиркунандаи ҷаҳон, фотеҳ, машҳур

Ҷаъфар — (арабӣ). جعفر ҷӯй, рӯд; зари холис; номи гули хушбӯй

Ҷобир — (арабӣ). جابر ҷабркунанда, ситамгар

Ҷовид — (арабӣ). جاويد абадӣ, ҳамеша, доимӣ, мудом, доимо

Шафқат — (арабӣ). شفقت меҳрубонӣ, дилсӯзӣ, раҳмдилӣ

Шайдо — (форсӣ). شیدا ошуфта, шефта, мафтун, ошиқ

Шайх — (арабӣ). شيخ олим, донишманд; пешвои рӯҳонӣ, пир

Шамс — (арабӣ). شمس офтоб, хуршед, меҳр

Шамшод — (форсӣ). شمشاد дарахти ҳамешасабз, хушқомат, хушандом

Шараф — (арабӣ). شرف обрӯ, номус, шаън, ифтихор, бузургӣ

Шариф — (арабӣ). شريف асил, наҷиб, бошараф, пок, муқаддас

Шафеъ — (арабӣ). شفيع шафоаткунанда, восита

Шафиқ — (арабӣ).  شفيق меҳрубон, дилсӯз

Шаҳбоз — (форсӣ). شهباز шоҳини султонӣ, уқоб

Шаҳир(арабӣ). شهير маъруф, машҳур, номдор

Шаҳзод — (форсӣ). شهزاد фарзанди шоҳ, шоҳзода

Шоҳид — (арабӣ). شاهد гувоҳ, шоҳид будан, шаҳодат

Шаҳоб — (арабӣ). شهاب шӯъла, ситораи дурахшони паррон[14]

Шаҳриёр — (форсӣ). شهريار подшоҳ, шоҳ; ёридиҳандаи шаҳр

Шаҳром — (форсӣ). شهرام муодили форсии Микоил, фаришта

Шаъбон — (арабӣ). شعبان моҳи ҳаштуми солшумории қамарии ҳиҷрӣ

Шер — (форсӣ).شير  далер, ҷасур, диловар

Шерафкан — (форсӣ). شيرافكن пурзӯр, қавибозу, далер

Шерваш — (форсӣ). شيروش шермонанд, шерфаш

Шерзод — (форсӣ). شیرزاد далер, нотарс, бебок, ҷасур, диловар

Шердил — (форсӣ). شير دل далер, нотарс, бебок

Шерамард — (форсӣ). شيرمرد диловар, далер, нотарс, бебок

Шертан — (форсӣ). شيرتن паҳлавоне чу шер миёнборику бозупаҳн

Шикебо — (форсӣ). شكيبا бурдбор, таҳаммулкунанда, босабр

Шоён — (форсӣ). شايان шоиста, сазовор, лоиқ, арзанда

Шис — (арабӣ). شیس номи пайғамбар, писари Одам (а)

Шодӣ — (форсӣ). شادی хурсандӣ, хушҳолӣ, хушнудӣ

Шодком — (форсӣ). شادكام хушҳол, шодмон, комрон

Шодон — (форсӣ). شادان хушнуд, хушҳол, хушдил, фараҳманд

Шодмеҳр — (форсӣ). شادمهر бомеҳру шодмон

Шодмон — (форсӣ). شادمان шод, хурсанд, хушҳол

Шоднуш – (форсӣ). شادنوش ҳамеша шоду масрур

Шодрӯз — (форсӣ). شادروز хушбахт, осудаҳол, бахтёр

Шокир — (арабӣ). شاكر шукркунанда, сипосгузор, миннатдор

Шомил — (арабӣ). شامل фарогианда, дарбаргиранда

Шопур — (форсӣ). شاپور писари шоҳ, шоҳзода

Шоҳзамон — (форсӣ). شاهزمان  ҳокими даврон, шоҳи замон

Шофеъ — (арабӣ). شافع шафоаткунанда, дархостнамоянда, хоҳишгар

Шоҳин — (форсӣ). شاهين навъи парандаи шикорӣ, далер, диловар

Шоҳнур — (форсӣ). شاهنور нури шоҳ, мунаввар, нуронӣ

Шоҳон — (форсӣ). شاهان бошукӯҳ, дурахшон

Шоҳпур — (форсӣ).  شاهپورписари шоҳ, шоҳзода

Шоҳрух — (форсӣ). شاهروخ дорои рухсори чун шоҳ, шоҳсимо

Шоҳрӯз — (форсӣ). شاهروز бошукӯҳ, дурахшон

Шуъайб — (арабӣ). شعیب равшан, дурахшон; номи пайғамбар

Шуҷоъ — (арабӣ). شجاع шуҷоатманд, далер, ҷасур, диловар

Шукур — (арабӣ). شكر сипосгузорӣ, миннатдорӣ аз некии касе

Шӯҳрат — (арабӣ). شهرت машҳурӣ, номдорӣ, маъруфият

Эмин — (арабӣ). ايمين дар амну амонбуда, хотирҷамъ, осуда

Эмом — (арабӣ). ایمام пешрав, пешво, пешнамоз 

Эраҷ — (форсӣ). ایرج ориёӣ, номи шоҳе, ки Эрон ба ӯ мансуб буд

Эшон — (форсӣ). ايشان рӯҳонии намоён, шайх

Эҳсон — (арабӣ). احسان некӯӣ, лутфу марҳамат, ато, бахшиш, инъом

Юнус — (ибрӣ). يونس номи пайғамбар, ки ба коми моҳӣ фурӯ рафт

Юсуф — (ибрӣ). يوسف афзунанда; номи пайғамбар[15]

Яҳё — (арабӣ). یحیی мутаҳҳир, поккунанда; номи пайғамбар

Яъқуб — (ибрӣ). یعقوب пайрав; номи пайғамбар, падари Юсуф (а)

Номҳои мардона бо “Аллоҳ”

Абдуллоҳ — عبدالله   — бандаи Худо[16]

Азизуллоҳ —  عزیزالله- арҷманди Худо

Аминуллоҳ — امين الله каси мӯътамади Худо

Амонуллоҳ —  امان ال- таҳти ҳимояи Худо

Амруллоҳ —  امرالله- дар амру фармони Худо

Асадуллоҳ -اسدالله  — шери Худо

Атоуллоҳ — عطاالله — ҳадяи Худо

Баракатуллоҳ — برکت الله — баракати Худо

Баҳруллоҳ — بهرالله — насибае аз Худо

Валиуллоҳ-  ولی الله — муқарраби Худо

Восифуллоҳ — واصف الله — васфкунандаи Худо

Ғозиуллоҳ —  غازی الله — ғазокунанда дар роҳи Худо

Додуллоҳ دادالله —  — адолатпешаи Худо

Забеҳуллоҳ — ذبیح الله — қурбоншуда дар роҳи Худо

Зайдуллоҳ — زیدالله — афзудаи Худо

Закиуллоҳ ذکی الله — — донову бофаросати Худо

Зиёдуллоҳ — زیادالله — ҳадяи Худо

Зиёуллоҳ ضیاالله — — нуру рӯшноии Худо

Зикруллоҳ — ذکرالله — зикркунандаи Худо

Зоҳидуллоҳ — زاهدالله — парҳезгори Худо

Зубайдуллоҳذبیدالله —  — атои Худо

Иззатуллоҳ — عزت الله — ифтихори Худо

Иноятуллоҳ — عنایت الله — тӯҳфаи Худо

Исматуллоҳ — عسمت الله — поку боиффати Худо

Карамуллоҳ کرم الله — — хайру саховати Худо

Кароматуллоҳ — کرامت الله — караму сахои Худо

Кифоятуллоҳ — كفايت الله — қонеъбудаи Худо

Қарибуллоҳ —  فریب الله муқарраби Худо

Қисматуллоҳ — قسمت الله – баҳраву бахшиши Худо

Қудратуллоҳ — قدرت الله — қудратёфта аз ҷониби Худо

Лутфуллоҳ —  لطف الله- лутфу марҳамати Худо

Маҷидуллоҳ — مجيدالله — олиқадри Худо

Муродуллоҳ — مرادالله — хосташуда аз ҷониби Худо

Мутеъуллоҳ — مطيع الله — фармонбардори Худо

Муҳаммадуллоҳ — محمدالله — ҳамдшудаи Худо

Муҳибуллоҳ — محب الله — дӯстдорандаи Худо

Муҷибуллоҳ —  موجیب الله- ҳастшуда бо хоҳиши Худо

Назруллоҳ — نذرالله — бахшишу садақаи Худо

Насибуллоҳ — نصیب الله — ҳиссаву баҳрае аз Худо

Насруллоҳ — نصرالله — зафарёфта аз ҷониби Худо

Наҷибуллоҳ — نجیب الله — муносиб ва мӯҳтарами Худо

Неъматуллоҳ — نعمت الله — неъмати Худо

Нуруллоҳ —  نورالله- нури Худо

Обидуллоҳ — عابدالله — ибодаткунандаи Худо

Оятуллоҳ — آیت الله — нишонаи Худо

Раҳматуллоҳ — رحمت الله — раҳмати Худо

Сайидуллоҳ —  سیدالله- бузургвори Худо

Сайфуллоҳ – سیف لله- шамшери Худо

Самиъуллоҳ — سميع الله – шунавандаву фармонбари Худо

Сафиуллоҳ — صفی الله — дӯсти холису баргузидаи Худо[17]

Саъдуллоҳ — سعدالله — хушбахти Худо

Сибғатуллоҳ — الله صبغت — дар роҳи дини Худо

Содиқуллоҳ — صادق الله — дӯсти бовафои Худо

Соҷидуллоҳ — ساجدالله — саҷдакунандаи Худо

Суннатуллоҳ — سنت الله — пайрави роҳу равиши Худо

Убайдуллоҳ — عبیدالله — бандаи Худо

Файзуллоҳ- فیض الله – файзу баракати Худо

Фатҳуллоҳ — فتح الله — пирӯзшуда аз ҷониби Худо

Фахруллоҳ — فخرالله  — ифтихори Худо

Халилуллоҳ — خلیل الله — дӯстдоштаи Худо[18]

Ҳабибуллоҳ — حبیب الله — маҳбуби Худо

Ҳалимуллоҳ — حلیم الله — хушхулқу боҳилми Худо

Ҳамдуллоҳ — حمدالله — саногӯяндаи Худо

Ҳамидуллоҳ — حمیدالله писандидаи Худо

Ҳафизуллоҳ — حفیظ الله — ҳифзшуда аз ҷониби Худо

Ҳикматуллоҳ — حکمت الله – ҳикмати Худо

Ҳимматуллоҳ — همت الله — ғайрати Худо

Шамсуллоҳ — شمس الله — офтоби Худо

Шаҳидуллоҳ — شهیدالله — гувоҳи Худо

Шукруллоҳ — شکرالله — сипосгӯяндаи Худо

 Номҳои мардона бо пасванди “дин” [19]

Айнуддин — عین الدین – нуру зиёи дин[20]

Алоуддин — علی الدین — шарофати дин

Амруддин — امر الدین — дар амру фармоиши дин

Аслуддин — اصل الدین — ҷавҳари дин

Аҳлуддин — احل الدین — намояндаи дин

Ашрафуддин — اشرف الدین — мӯҳтарами дин

Бадруддин — بدر الدین — моҳтоби дин

Баҳруддин — بهر الدین — нофеъи дин

Баҳоуддин — بهاالدین — дурахши дин

Бурҳонуддин — برهان الدین — далелу санади дин

Ғиёсуддин — غیاث الدین — фарёдраси дин

Зайнуддин — ذین الدین — зебогии дин

Зиёуддин — ضیا الدین — равшании дин

Зуҳуруддин — ظهورالدین — таҷаллии дин

Иззуддин — عز الدین — иззати дин

Исломуддин — اسلام الدین — пайрави дини ислом

Инъомуддин — انعام الدین — ҳадяи дин

Камолуддин — کمال الدین — рушди дин

Қадруддин — قدرالدین — шаънуи эътибори дин

Қамаруддин — قمرالدین — моҳтоби дин

Қиёмуддин — قیام الدین — қоиму устувор дар дин

Қутбуддин — قطب الدین  — сутуни дин

Меҳриддин — مهردین — дӯстдори дин

Муиззуддин — معزالدین — гиромидорандаи дин

Муслиҳуддин — الدین مصلح — накӯкори дин

Мухлисуддин — مخلص الدین — дӯстдори дин

Муҳиддин — محی الدین — зиндадорандаи дин

Назруддин — نذر الدین — атои дин

Насруддин — نصرالدین — пирӯз дар роҳи дин

Наҷмуддин — نجم الدین — ситораи дин

Нуруддин — نور الدین — рӯшноии дин

Раҳмуддин — رحم الدین — ғамхори дин

Рукнуддин — رکن الدین — пуштибони дин

Садруддин — صدرالدین — пешвои дин

Сайфуддин — سیف الدین — шамшери дин

Салоҳуддин — صلاح الدین — хайрхоҳи дин

Самаруддин — ثمرالدین — маҳсули дин

Сироҷуддин -الدین   سراج- нуру чароғи дин

Тоҷиддин — تاج دین — бузурги дин

Фазлуддин — فضل الدین — донову бартар дар дин

Фаридуддин — فریدالدین — яктои дин

Фахруддин — فخرالدین — ифтихори дин

Ҳуснуддин — الدین حسن  — ҳусну ҷамоли дин

Ҷалолуддин – جلال الدین — шукӯҳи дин

Ҷамолуддин — جمال الدین — симои дин

Шамсуддин — شمس الدین — офтоби дин

Шарофуддин — شراف الدین — баландқадри дин

Эҳсонуддин — احسان الدین — лутфу атои дин

Номҳои мардона бо пешванди “абд” [21]

Абдулазиз — عبدالعزیز — бандаи Худои бар ҳама чирадаст

Абдулазим — عبدالعظیم — бандаи Худои ниҳоят бузург

Абдулаҳад — عبدالاحد — бандаи Худои яккаву ягона

Абдулъалим — عبدالعلیم — бандаи Худои ниҳоят доно

Абдулбасир — عبدالبصیر — бандаи Худои ҳамаро бинанда

Абдулбоис — عبدالباعث — бандаи Худои мурдаҳоро зиндагардонанда

Абдулбоқӣ — عبدالباقی — бандаи Худои баъди фано боқимонанда

Абдулборӣ — عبدالباری — бандаи Худои офрандаи ҳамаи махлуқот

Абдулбосит — عبدالباسط — бандаи Худои афзоянда ҳар чиро, ки хоҳад

Абдулботин -عبدالباط  — бандаи Худои ба чашм ноаён

Абдулвадуд — عبدالودود — бандаи Худои дӯстдори бандагони содиқаш

Абдулвакил — عبدالوکیل — бандаи Худои қобили эътимод

Абдулвалӣ — عبدالولی — бандаи Худои дӯстдори дӯстдорони хеш

Абдулваҳҳоб — عبدالوهاب — бандаи Худои неъматдиҳандаи махлуқот

Абдулволӣ — عبدالوالی — бандаи Худои ҳукмфармои ҳама мавҷудот

Абдулворис — عبداوارث — бандаи Худои ҳама чиз ба Ӯ монанда

Абдулвосеъ — عبدالواسیع — бандаи Худои ҳамаро фарогиранда

Абдулвоҳид — عبدالواحد — бандаи Худои яктову беҳамто

Абдулвоҷид — عبدالواجد — бандаи Худои соҳиби ҳамаи дороӣ

Абдулғанӣ — عبدالغنی — бандаи Худои дорову бениёз

Абдулғафур — عبدالغفور — бандаи Худои авфкунандаи гуноҳон

Абдулғаффор — عبدالغفار — бандаи Худои бахшандаи гуноҳон

Абдулкабир — عبدالکبیر — бандаи Худои ниҳоят бузург

Абдулкарим — عبدالکریم — бандаи Худои ниҳоят саховатманд

Абдулқодир — عبدالقادر — бандаи Худои қудрати беандозадошта

Абдулқавӣ — عبدالقوی — бандаи Худои муқтадир

Абдулқаҳҳор — عبدالقهار — бандаи Худои ҳукмкунанда ба иродаи хеш

Абдулқаюм — عبدالقیوم — бандаи Худои мустақил ва новобаста

Абдулқуддус — عبدالقدوس — бандаи  Худои поку муқаддас

Абдулатиф — عبداللطیف — бандаи Худои лутфи беандозадошта

Абдулмалик — عبدالملک — бандаи Худои ҳокиму фармонравои ҳама

Абдулматин — عبدالمتین — бандаи Худои устувор дар ҳама аъмолаш

Абдулмаҷид — عبدالمجید — бандаи Худои шукӯҳманду наҷиб

Абдулмонеъ — عبدالمانیع — бандаи Худои боздоранда аз роҳи бад

Абдулмубдӣ — عبدالمبدی — бандаи Худои бунёдгузори ҳама ҳастӣ

Абдулмуғнӣ — عبدالمغنی — бандаи Худои ғанигардонанда

Абдулмузил — عبد المذل — бандаи Худои хору заифкунанда

Абдулмуиз — عبدالمعز — бандаи Худои тақвияту нусратдиҳанда

Абдулмуқсит -المقسط  عبد — бандаи Худои одил

Абдулмуҷиб — عبدالمجیب — бандаи Худои мушфиқ

Абдулмуқтадир — عبدالمقتدر — бандаи Худои соҳиби иқтидори мутлақ

Абдулмусаввир — عبدالمصور — бандаи Худои шаклдиҳанда

Абдулмунтақим — عبدالمنتقم — бандаи Худои муҷозоткунанда

Абдуннофеъ — عبدالنافیع — бандаи Худои нафърасон бар бандагонаш

Абдуррақиб — عبد الرقيب — бандаи Худои назораткунанда ба бандагон

Абдуррауф — عبد الرؤوف — бандаи Худои дилсӯз

Абдурраҳим — عبدالرحیم — бандаи Худои ниҳоят меҳрубон

Абдурраҳмон — عبدالرحمان — бандаи Худои бахшоянда

Абдуррашид — عبدالرشید — бандаи Худои ба роҳи рост баранда

Абдурразоқ — عبدالرزاق — бандаи Худои тақсимкунандаи неъматҳо

Абдуррозиқ — عبدالرازق — бандаи Худои рӯзидиҳанда

Абдуррофеъ — عبدالرافیع — бандаи Худои баландбардоранда

Абдуссабур — عبدالصبور — бандаи Худои бо сабру шикебо

Абдуссамад — عبدالصمد — бандаи Худои бениёз

Абдуссамеъ — عبدالسمیع — бандаи Худои ҳамаро шунаванда

Абдуссаттор — عبدالسطار — бандаи Худои пӯшонандаи айбу гуноҳ

Абдуссалом — عبدالسلام — бандаи Худои сулҳу оромишдиҳанда

Абдулфаттоҳ — عبد الفتاح — бандаи Худои кушоянда

Абдулҷаббор — عبدالجبار — бандаи Худои тобеъкунанда

Абдулҷалил — عبدالجلیل — бандаи Худои зебову накӯ

Абдулхабир — عبدالخبير — бандаи Худои аз ҳама бохабар

Абдулхолиқ — عبدالخالق — бандаи Худои ҳамаро офарида

Абдулҳай — عبدالحی — бандаи Худои ҳамеша зиндаву ҷовид

Абдулҳаким — عبدالحکیم — бандаи Худои донишманду боҳикмат

Абдулҳақ — عبدالحق — бандаи Худои воқеиву ҳақиқӣ

Абдулҳалим — عبدالحلیم — бандаи Худои ҳалиму фурӯтан

Абдулҳамид — عبدالحمید — бандаи Худои бошукӯҳу шарафманд

Абдулҳасиб — عبدالحسیب — бандаи Худои ба бандагон кифояткунанда

Абдулҳафиз — عبدالحفیظ — бандаи Худои муҳофизаткунанда

Абдулҳодӣ — عبدالحادی — бандаи Худои ба роҳи рост баранда

Абдулшакур -الشكور  عبد — бандаи Худои муташаккир

Абдулшаҳид — عبدالشهید — бандаи Худои гувоҳ аз аъмоли бандаҳо

[1]«Абу” дар арабӣ маънои падарро дорад ва дар ибтидои чунин номҳо маҷозан соҳибият ва дорои ин гуна сифатҳо будани шахсро ифода менамояд. Инчунин, онро ба номи фарзанд ба шахс низ пайваста, лақаб медиҳанд. Масалан: “Абуалӣ” – падари Алӣ ё “Абумуслим” – падари Муслим ва ғ.

[2]Алиро (р) аз ҷиҳати шуҷоату ҷасораташ дар роҳи мубориза барои дин “Шери Худо” лақаб додаанд.

[3] Мусо (а) бо Худованд сухан мегуфт ва лақабаш Калимуллоҳ аст.

[4] Шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ, ки дар он Муҳаммад (с) бо Худованд мулоқот кардааст ва мусулмонон ин рӯзро ид (иди Раҷаб) мекунанд.

[5] Олатест, ки тавассути он асбобҳои ториро менавозанд.

[6] Яке аз номҳои Муҳаммад )с)

[7] Номи Имом Абуҳанифа (р)

[8]   Ин номҳоро одатан бе “сайид” чун “аброр — тақводорон”, “акобир — кабирон”, “аҳрор — озодагон”, “ансор – мададгорон”, “асҳоб – ҳамсӯҳбатон” мегузоранд, ки нодуруст аст, зеро шакли ҷамъанд ва шахсро бо шакли ҷамъ номидан муносиб набошад.

[9] Лақаби Юсуф (а) писари Яъқуб (а) ва Абубакр (р) халифаи аввалини муслимин.

[10] Лақаби Умар (р) халифаи дуввуми муслимин аст.

[11] Лақаби Иброҳим (а) аст.

[12] Номи шахсе аз қабилаи Тайи араб, ки дар саховату бахшиш машҳур будааст.

[13] Номи бобои Муҳаммад (с).

[14] Дар шакли “Шиҳоб” низ дуруст аст.

[15] Номи писари Яъқуб (а), ки зеборухсор буд.

[16]Маънои “абд” — банда, ғулом буда, шакли ҷамъи он “ибод”аст. Бархе “Ибодуллоҳ” ном мегузоранд, ки маънояш “бандагони Худованд” аст.

[17] Лақаби Одам (а) аст.

[18] Лақаби Иброҳим (а) аст.

[19] Номҳо бо пасванди “дин” ағлабан ба забони арабиянд.

[20] Ин номҳоро ҳамчун “Айниддин”, “Амриддин”, “Аслиддин”, “Бадриддин” ва ғ. менависанд, аммо шакли дурусти навиштории онҳо ба истиснои вожаҳои форсӣ бо ҳарфи “у” мебошад, на бо ҳарфи “и”.

[21] “Абд”, ки маънои бандагиро дорад, асосан ба исмҳои Худованд васл гардида, барои шахс ном ниҳода мешавад.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.