Номгузорӣ

ББК 81.2 ТОҶИК – 4 + 85. 127 + 86. 38
Н – 78

Номнома

Мураттиб Ашраф Акрам

Китоб аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташхиси давлатии диншиносӣ №66 аз 24.07.2015) ба чоп тавсия шудааст.

Душанбе 2015

  Номгузорӣ яке аз умури лузумию асосӣ дар ҳаёти ҷомеаи инсонӣ, таҷассумгари фарҳангу тамаддуни он ва як рӯйдоди муҳим дар зиндагии навзод аст. Ном яке аз бахшҳои ҳувияти шахс маҳсуб мешавад ва волидайнро зарур аст, ки ин вазифаи муҳими хешро ба беҳтарин ваҷҳ анҷом диҳанд. Дар ин рисола намунаи чанде аз номҳои мардона ва занонаи маъмул бо таъйини мансубияти забонӣ ва баёни маънӣ фароҳам оварда шудааст, ки умед аст, касеро дархӯр гардад.

ISBN  978 999 75 – 884 7 — 0

Сарсухан

  Ном аломати тафарруқии мавҷудоти олам буда, ҳамаи ашёи беҷону махлуқоти зинда тавассути асомияшон мушаххас мегарданд. Ҷомеаи инсониро бар зами исмгузории ашёву ҳодисоти муҳиташ зарурати номгузории ҳар як фард ҳамчун аломати ташхис аз дигар фарде пеш омад. Пас, номгузорӣ яке аз умури лузумию асосӣ дар ҳаёти ҷомеаи инсонӣ гардида, таҷассумгари фарҳангу тамаддуни он мебошад. Номҳо далоили қадимият, волоият ва вусъати тамаддуни мардум буда, ҳокӣ аз дараҷаи фарҳанги ҷомеаҳои инсонӣ мебошанд.
  Номгузорӣ дар байни ақвоми мухталиф вижагиҳои хешро дошта, онҳо ба афродашон аз рӯи русуму боварӣ ва одоташон ном мениҳоданд. Масалан, қабоили ҳиндӣ ва бархе африқоӣ барои ҷилавгирӣ аз таъсири арвоҳи бад, ҷинну шаётин ба навзодон номҳои дофеъа мегузоштанд. Инчунин, дар қабоили ҳиндӣ волидайн номи ҳақиқии фарзанди хешро то рӯзи ба балоғат расиданаш аз ӯ махфӣ медоштанд. Юнониҳои қадим ба кӯдаконашон номҳои худову олиҳаҳояшонро ба хотири касбияти сифоту сарнавишти онҳо медоданд. Қабоили славянӣ номи аслии фарзандашонро пинҳон намуда, ба истиснои волидайну падарони таъмидиву хешовандони наздик каси дигаре онро намедонист ва барои ӯ номеро эълон медоштанд, ки шарру рӯҳи хабисро тарсондаву ба он мутаваҷҷеҳ насозад. Баъзе қавмҳо атфолро аввалан лақабе дода, баъдан дар синни балоғат пас аз ташаккули хислатҳои тифл мутобиқ ба онҳо ном мегузоштанд. Дуномагӣ — яке ҳақиқиву дигаре барои умум дар тамаддуни бисёре аз қавму қабоил роиҷ буд, ки номи ҳақиқиро аз умум барои таъсири баде нарасидан ба ӯ махфӣ медоштанд.
  Бархурди тамаддунҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва таҳти таъсиру тасхири тамаддунҳои ақвоми абарқудрату фарҳангҳои воло қарор гирифтани тамаддунҳои халқҳои заиф ба қавоиду муқаррароти номгузорӣ асар гузошт. Хусусан, вусъати адён дар олам ба он муассир гашт. Масалан, насроният бо фарогирии қисматҳои олам қавонину қавоиди хешро дар ин бобат ба пазирандагони хеш роиҷ намуд. Аз он баъд, ба навзодон на волидайн аз рӯи расму оину хурофоти қадимӣ, балки калисо ном мегузошт ва дар ҳоли ҳозир ҳам намояндагони ин дин аз рӯи қолабҳои сохтаи насроният ба фарзандонашон ном мениҳанд. Ҳамчунин, дини ислом манотиқи зиёди оламро фарогир гашта, адёну бовариҳо ва хурофоти мардуми ин манотиқро аз байн бурда, дар ҳамаи ҷавониби ҳаётии ин мардум таъсиргузор гашт ва албатта, мардуми мо низ ба ҳайси пазирандагону пайравони ин дин, ки дар тӯли садсолаҳо дар аъмоқи қулуби эшон ҷойгузин гаштааст, аз таъсири он дар номгузории афроди хеш мисли соири умури ҳаёти иҷтимоии худ дар канор намондаанд, ки ин амрро ағлабан тибқи қавоиди исломӣ анҷом медиҳанд.
  Мардуми мо қабл аз пазируфтани дини ислом озаркеш (оташпараст) буданд ва бештари асомиро тибқи русуму марбут ба боварию хурофоти ин оин мегузоштанд, ки бархе аз онҳо то замони мо расидаву ҳоло ҳам роиҷанд. Аслан, номҳо ба забони худи мардум, таҷассумгари зеҳнияту тарзи маишати онҳо буданд.
  Баъди ба ислом гаравидани мардуми мо ва бастаи он гаштани фарҳангу маънавиёташ тибқи қонуну дастуроти он ба атфолашон номгузорӣ мекунанд. Ислом ба мо аз араб расид ва дастури он ба ин забон китобат шудааст. Аз ин рӯ, фарҳангу маънавиёти мардуми мо хилъати исломӣ гирифта, забонаш таҳти таъсири шадиди забони арабӣ қарор гирифт. Аз ин пас, номҳои мусулмонӣ, ки аслан арабиянд, бар номҳои миллӣ тарҷеҳ дода шуданд.
  Наздик ба якуним ҳазор сол аст, ки мардуми мо мусулмонанд ва фарҳангу тамаддуни волои хешро дар чаҳорчӯбаи ин дин ташаккул додаанд ва ҳамаи умури ҳаётии эшон бастаи қавонину ҳудуди он аст. Аз ин ҷиҳат, аксар дар анҷом додани ҳар амал ва ҳалли масоилу мушкилоти ҳаётии хеш бештар ба ин дидгоҳ таваҷҷӯҳ доранд. Бо вуҷуди ин, дар замони ҳозир бархе аз урфу одоти пешазисломӣ ва ғайрисломӣ ба назар мерасанд. Хусусан, дар расми номгузорӣ ба мисли ақвоме, ки фавқан зикрашон рафт, то ҳол бархе аз мардуми мо ба одоту хурофоти ғайримусулмонӣ риоят менамоянд. Масалан, навзодонро ба хотири ҳифозат аз ҷинну шаётин ё соири арвоҳи бад ба номи ашё исм мегузоранд, гӯё ба ин роҳ ҷинну париҳо навзодро он шайъ пиндошта, ба ӯ зиёне намерасонидаанд. Ё аз волидайни касалманде, ки тифлонашон баъди ба дунё омадан намезистанд, навзоди навбатиро вақти таваллуд зуд аз модар дуздида, дар ҷое пинҳон менамуданд ва ба ӯ номи яке аз зироатҳоро мисли ҷав, гандум, нахуд, мош, биринҷ ва ғайраро дода, баъди чанде ба модараш бармегардонанд, гӯё дар ин муддат ҷиннҳо аз набудани тифл дилсард шуда, мерафтаанд ва агар ҳам бармегаштаанд, кӯдакро ҳамон зироати номида пиндошта, ноумед мегаштаанд. Бархе барои солиму безиён мутаваллид гаштани фарзанди хеш занони ҳомиларо ба мазору мақбараҳои бузургону авлиё бурда, баъди таваллуд ба онҳо исмҳои мазору марқадҳоро медиҳанд. Инчунин, барои тарсонидани ҷиннҳо ба кӯдакон номҳои даҳшатнок мегузоранд. Баъзеҳоро аз рӯи намуди зоҳирӣ, нуқсонҳои ҷисмонӣ, хулқу афъол ва ғайра низ ном медиҳанд.
  Номгузорӣ дараҷаи маърифат, тафаккур ва фарҳанги ҳар миллатро муайян месозад. Масалан, русҳо ва дигар қабоили аврупоӣ қабл аз пазируфтани масеҳият навзодонашонро аз рӯи намуди зоҳирӣ, аз рӯи хислат, нуқсонҳои ҷисмонӣ, тибқи хурофотҳояшон бо асомии мудҳиш номгузорӣ мекарданд, ки имрӯзҳо дар насабҳояшон мунъакис аст. Ин албатта, нишонаи дараҷаи тафаккур ва фарҳанги онҳо дар гузашта аст. Аммо бар хилофи ин дар номгузории гузаштагони мо дараҷаи баланди маърифату тафаккур ва фарҳанги воломақоми онҳо муайян аст.
  Номгузорӣ рӯйдоди муҳим дар зиндагии навзод буда, ном яке аз бахшҳои ҳувияти шахс маҳсуб меёбад ва аз ин рӯ, он дар ислом аҳамияти вижае дорад. Пайғамбари бузурги ислом Муҳаммад (с) таъкид менамояд: “Ҳаққо, ки дар рӯзи Қиёмат шумо бо номҳои худу номҳои падаронатон даъват мешавед, пас ба фарзандони хеш номҳои зебо гузоред” (Ҳадис аз Абудовуд ба нақли Абудардоъ (р)). Аз ин рӯ, яке аз ҳуқуқи атфол бар волидайн гирифтани номи зебову бомаъно аз онҳост. Дар мавриди вақти номгузорӣ ба навзод аҳодисе мавҷуд аст. “Таваллуди ҳар як кӯдак сабабе барои қурбонӣ кардани як ҳайвон аст (ҳар як кӯдак гаравгони як ҳайвони қурбонӣ аст), ҳайвонро дар рӯзи ҳафтум баъд аз таваллуд забҳ намуда, ба кӯдак ном гузошта, мӯи сарашро метарошанд” (Ҳадисро Самур нақл намудааст ва он дар панҷ маҷмӯи аҳодис аз шаш омадааст). Аммо Имом Муслим аз Анас (р) ҳадисеро нақл мекунад, ки Пайғамбари Худо (с) гуфтааст: “Шаб маро фарзанде ба дунё омад ва ӯро ба номи ҷаддам Иброҳим номидам”. Аз ин аҳодис бармеояд, ки барои номгузорӣ мӯҳлати қатъӣ набуда, навзодро метавон дар рӯзи аввал ё ҳафтум ва ё рӯзи дигар баъд аз таваллуд ном ниҳод. Пайғамбар (с) ба фарзандон додани номҳои фариштаву пайғамбаронро авло дониста, фармудаанд: ”Ба фарзандонатон номҳои паёмбаронро гузоред”. Дар ҳадиси дигар таъкид намудаанд: “Номи маро ба фарзандонатон диҳед, аммо лақабамро на” (манзур лақаби “Абулқосим” — падари Қосим аст, ки онро баъди таваллуди писарашон Қосим гирифта буданд. Ҳадис аз Абунуайм нақл шудааст). Ибни  Умар ривоят мекунад, ки Пайғамбари Худо (с) гуфтаанд: “Дӯстдоштатарин номҳо назди Худованд “Абдуллоҳ” (бандаи Худо) ва “Абдураҳмон” (бандаи Худои бахшоянда) мебошанд”. (Ҳадис аз Имом Муслим (р)). Аммо Пайғамбари Худо (с) бархе аз анвои номгузориро мамнӯъ намудаанд. Масалан, гузоштани номҳое, ки мӯҷиби коҳиши шаъну эътибори шахс ва мавриди истеҳзои мардум қарор гирифтани кас мегарданд, номҳое, ки ифодаи маъонии манфианд ва ғайра. Имом Тирмизӣ (рҳ) аз Оиша (р) ривоят намудаанд, ки Пайғамбар (с) номҳои ноҳинҷорро тағйир медоданд. Ибни Умар (р) нақл мекунад, ки духтари Умар (р) Осия (саркаш, беадаб) ном дошт ва Расули Худо (с) ба ӯ Ҷамила (зебо) ном ниҳод. Муҳаммад (с) додани асомии махсус ба зоти Худоро барои махлуқон мамнӯъ гардонидааст. Мефармоянд: “Дар рӯзи Қиёмат ғазаби сахти Худовандро касе меорад, ки “Малик-ул-амлок” (яъне соҳиби ҳамаи мулку қаламравҳо) номаш бошад. Нест молике ба ҷуз Худованди таъоло”. Бар зами ин Расулаллоҳ (с) номҳоеро, ки мутеиятро ба ҷуз Худованд ифода мекунанд, манъ намудаанд. Зеро бандагӣ фақат бар Худованд равост. Мисли “Абдулкаъба” — бандаи Каъба, “Абдуррасул” — бандаи расул, “Абдуннабӣ” — бандаи набӣ ва ғайра. Додани беш аз як ном ба як фард имконпазир аст, аммо маҳдуд шудан ба яке беҳтар аст, чунки Ҳазрати Расулуллоҳ (с) як ном доштанд.
  Бояд тазаккур дод, ки ислом шарте нагузошта, ки номҳои мусулмонон ҳатман ба забони арабӣ бошанд, зеро мафоҳими “номҳои мусулмонӣ” ва “номҳои арабӣ” мутафовитанд. Номҳои мусулмонӣ, ки ағлабан ба забони арабиянд, ифодагари мафоҳиму маъонии марбут ба ислом ва асомии шахсияту муқаддасоту мавзеоти исломианд, аммо номҳое ба забони арабӣ ҳастанд, ки хилофи шаръи исломӣ мебошанд. Пас, ислом номгузориро барои мусулмонон ба забони арабӣ маҳдуд нанамуда, шарташ он аст, ки ном ба ҳар забоне бошад, бояд зебо ва дорои маънии мусбӣ бошад.
  Мардуми мо аксаран мусулмон буда, бастаи қавонину муқаррароти исломиянд ва номгузории афроди хешро тибқи дастуроти он анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, тибқи дастуроти ин дини пок ном ба арабӣ ё форсӣ ва ё забони дигаре бошад, ҳатман бояд дорои маъонии мусбӣ ва хушоҳанг бошад. Шариати исломӣ номгузориро аз рӯи хурофоту бовариҳои қадимии хилофи он манъ намуда, инсонҳоро бо номи ашёву ҳайвону дигар махлуқоти мудҳиш, исмҳои дорои маъонии баду фаҳш, ифодаи айбу нуқсонҳои ҷисмиву рӯҳӣ, таъбироти ҳавлангезу ҳазломез номидан раво намебинад.
  Чунонки тазаккур додем, номгузорӣ бояд хилофи дастуроти шаръӣ набошад ва шарти дигар он аст, ки он бояд аз ҳудуди фарҳанги миллӣ низ берун наравад. Номҳои марбут ба адёни ғайр ва мардуми фарҳангашон бегонаро набояд пазируфт. Зеро номгузорӣ ҷузъе аз аҷзои фарҳанги миллӣ, нишондиҳандаи дараҷаи он аст ва соҳибони номҳо таҷассумгарон ва ҳомилони ин фарҳанг мебошанд. Насабсозӣ низ бояд дар қолаби миллӣ анҷом пазирад. Ниёгони мо ба изофаи пасванҳои “зода”, “ӣ”, “ён”, “пур[1]”, “духт[2]”, “ниё”[3] ба номҳо насаб месохтанд, вале мутаассифона, имрӯзҳо ба мо дар қолаби фарҳанги бегона насаб месозанд. Мо ҳамчун ворисони ниёгону ҳофизону ҳомилони фарҳанги эшон имрӯз бояд роҳу равиши бегонагонро канор бигузорему ба тариқи сохтаи онон роҳ равем.
  Дар ин рисола намунаи чанде аз номҳои мардона ва занона бо таъйини мансубияти забонӣ ва баёни маънӣ фароҳам оварда шудааст, ки умед аст, касеро дархур гардад.
  Дар охир асомии Худованди мутаъол оварда шудааст, ки ин номҳо барои ҳар фарди мусулмон аҳамият дошта, тавассуташон Ӯро ёд кардану дархости дуову илтиҷо намудан барояш манфиати бузург дорад.

[1] Пур — писар
[2] Духт – ихтисор аз “духтар”
[3] Ниё – бобо, бобокалон

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.