Мавзеи Камолзан дар тарафи чапи дарёи Ванҷоб, дар мобайни деҳаҳои Гармчашма ва Сунгад чойгир буда, мавзеи замину долу дарахтдор аст. Сар то сари ин мазеии хушбоду ҳаво аз дарахтони сафедор иборат мебошад, ки ба манзараи зебои ин мавзеъ дар айёми баҳору тобистону тирамоҳ ҳусни зиёдатӣ илова мекунанд. Дар ин мавзеи сокиту ором доимо нағмапардозии мурғони чаман ва қақраи кабкони маст ба гӯши кас мерасад ва сахраи фораме, ки аз Кашолаях мевазад, ба кас рӯҳи тоза ва ҳузуру ҳаловати гуворо мебахшад.
Мавзеи Камолзан ба деҳаи Гармчашма мансуб мебошад. Мавзеии Камолзан барои хонасозӣ ҷои хубест, аммо ба сабаби фаромадани тармаи бузург дар фасли зимистон мардум дар ин ҷо хона намесозанд. Сокинони деҳаи Гармчашма ин мавзеъро барои кишту кор ва чорводорӣ дар фаслхои баҳору тобистону тирамоҳ истифода мебаранд. Азиз Қадамов.(Акс аз муаллиф).
Назари хешро иброз кунед