Ҳар достону ҳамосае аз кирдори тимсолҳои неку бад таркиб ёфта, барои тасвири афзалияту манзалату волоияти шахс, ғоя ва ақидаи мавриди назар фард, мафкура ва назарияи ғайр ба он дар муқобала гузошта мешавад. Имрӯзҳо достонсароёни сиёсии бузурги рус низ, ки бозори эҷодашон гарму шулуғ аст, тимсоли баду зулматбори “тоҷик”-ро ба неку мунаввари хеш муқобил гузоштаанд.
Қаблан, тоҷикон аз соири миллатҳои таҳтиистеъмории рус ба фармонпазирӣ, садоқат, кордӯстӣ, қонунношиканӣ ва сулҳхоҳӣ бештар шӯҳрат доштанд. Аввалан, дар Русистон мардуми қафқозиро барои сарпечӣ аз итоаташон, ҷинояткорӣ, мардумфиребӣ, қаллобӣ ва ҳазору як ҷурми дигарашон бад медиданд. Баъдан, аз малдовагиҳо аз ҷиҳати муноқишаи Преднастровӣ, аз гурҷиҳо барои иддаъои Абхозистону Аланиё, аз қирғизҳо барои сарнагун сохтани ҳукумати ҷонибдори руси Оқоев, аз узбекҳо барои густохиҳои ҳукумати Каримов дар муқобилашон ва билохира аз укроиниҳои ғарбии ҳамхунашон аз сабаби талоши ба Аврупо пайвастан манфуру безор гаштанд. Русҳои соҳибқудрат дар мавориди ҳар кадоме аз мардуми мазбур хостанд лаккаи сиёҳ зананд, аммо аксуламали эшон иҷбор ба эътироф ва эҳтироми шаъни миллияшон намуд.
Аммо дар аҷабам, чаро ин достонсароёни сиёсӣ чунин тимсолро номунсифона дар ин мардум мунъакис менамоянд. Мардуме, ки содиқона дар хидматашон қарор гирифтаву амру фармонашонро ду даст дар сина дошта мепазируфтанду мепазиранд. Мардуме, ки ҳамеша дар ҷавоби силияшон ташаккур гуфтаву мегӯянд… Замоне тоҷиконро барои хулқу атворашон бар дигар мардум бартар мешумурданд, вале ба якборагӣ дар бобати ин мардум табдили назар карданд. Нахуст бесаводию кундзеҳнию бефаросатиро хоси ӯ шумурданд. Баъдан, бетамизию чиркинӣ, нашъаҷаллобӣ ва дигар аъмоли бадро ба ӯ ихтисос доданд. Билохира, намоиши телевизионие таъсис доданд, ки зуд машҳур гашт ва вожаи “тоҷик”-ро ҳамчун ифодагари ҳамаи афъоли фавқуззикр муаррифӣ намуд. Имрӯзҳо дар талоши онанд, ки барои ҷолибтар намудани ҳамосаҳои сиёсӣ дар тимсоли хеш аъмолу афъоли мудҳиштар бо корномаҳои сару садодор биафзоянд ва албатта “самараи заҳмати” эшон аст, ки тоҷикони авбошу ғоратгару қотилу терроргар бештар зуҳур мекунанд.
Вожаи тоҷик ифодагари мафҳумоти мазбур ҳатто аз забони худамои давлатӣ ва ҷамъиятии рус танинандоз шуд ва бархе аз онон ба иддаъои тоҷикон зери ин мафҳум “ҳамаи муҳоҷиони кориро дар назар доштан” посух доданд. Аммо парвое надоранд, ки миллионҳо нафар аз насл ва ҳушу ҳиссиёти одамӣ хешро мансуб ба ин миллат медонанду аз ин азияти рӯҳӣ мекашанд (мутаассифона, чорае ҷуз ин надоранд).
Яке аз чунин ашхос раҳбари ҳизби либерол демократҳои рус Владимир Жириновский мебошад, ки бо дуруштиву тудравӣ маъруф аст. Баъзан раёсати ҳукумати рус таҳқироти рӯиростӣ, суханони дағали ғайриахлоқию берун аз одоби сиёсии ӯро назари ӯ шумурдаву ба сиёсати давлатӣ марбут намедонад ва ҳатто дар баъзе маворид аҳмақаш низ мехонанд. Аммо фақат аҳмақе инро мепазирад, ки “ахмақе” раёсати ҳизби бузургеро дар кишвари бузурге ба ихтиёр гирифтаву ҳамеша дар мансабҳои олии давлатӣ кор намудаву унвонҳои баланди давлатӣ бигирад. Жириновский яке аз мӯҳраҳои сиёсии Русистон аст, он чизеро, ки мақомдорони баландпоя бо далоиле худ гуфта наметавонанд, бо забони ӯ мегӯянд. Ин шахс ба маротиб аз минбарҳои баланд дар ҳаққи миллати тоҷик тавҳину иҳонату бӯҳтону тӯҳмат намудааст.
Дигаре аз ин гуна ашхос раҳбари ҷиноҳи сиёсии “Родина” дар Русистон Дмитрий Рогозин мебошад. Ин ҷиноҳи тундрави миллатгаро буда, раиси он аз миллатгароёни ашаддӣ, яке аз барномарезон ва тарроҳони ҳаракоти миллигароӣ дар Русистон аст. Созмонҳои таъсисдодаи миллатгарои рогозинҳо дар қатлу куштору сарбурии ҳазорон мардуми ғайрирус, аз ҷумла тоҷикон даст дошта, худи ӯ ба ҳамаи ин иктифо накарда, тоҷиконро ба қатлу таҷовузи русҳо муттаҳам намуд. Тоҷиконро омили нигаронкунанда, кашонанда ва паҳнкунандаи бангу нашъа дар кишвараш, қатораҳои тоҷикистониро интиқолдиҳандагони нашъа ва вирус ба Русистон номид. Чандин маротиб талаби қатъи робита бо Тоҷикистон намуд. Ҳизбу созмонҳои Рогозину Миронову Жириновскию дигарро ҳукумат барои аҳдофи сиёсияш сохтааст. Замоне Рогозин миллатгарои тундраве буд, ки аз манобир суханони тунду дурушт мегуфт. Ҳукуматдорон гоҳе маҳкумаш ҳам менамуданд ва назари ӯро хилоф ба сиёсати давлатӣ мехонданд. Аммо амри мутааҷҷиб аст, ки имрӯз ин “нажодпарасти мутаассиби мухолифи сиёсии давлат” соҳиби мансаби баланди давлатӣ аст ва ҳайъатҳои баландпояи кишварро сарварӣ мекунад. Аламовар он аст, ки ин душмани миллатро дар кишвари мо дар қасрҳои маҷаллал, бо шукӯҳу тантана, бо анбӯҳи зебодухтарони атласпӯши оростаи миллат пазироӣ мекунанд, ки далеле аз адами нангу номусу ғурур дар ин мардум аст. Бародарони бонанги қирғиз дар соли сездаҳ Жириновскиро барои бадгӯияш дар ҳаққи миллаташон “Persona non grata” эълон намуданд. Ин гуна ашхос дар кишвари мо бояд ғайри қобили қабул бошанд, дар акси ҳол ин беэҳтиромии бузурге дар ҳаққи ҳазорон қурбонии нажодгароёни ваҳшӣ мебошад.
Зимнан, лузум ба тазаккур аст, ки дар ҷое надидаем, ки ҳангоми дидорҳои сиёсӣ аз ҳузури ҷавонзанон истифода кунанд. Дар тӯли роҳраву зинапояву долонҳо аз ду ҷониб саф кашондани ҷавонзанони атласпӯши ороста барои пешвозгирии ҳайатҳои сиёсӣ хилофи суннати миллии тоҷикист. Умуман, намоиши либоси миллӣ мавриду ҷойгоҳи худро дорад. Ба ҳар ваҷҳу ҳар муносибате пироҳанҳои атласу чаканро ба маъраз гузоштан ин дуро муҳимтарин аҷзо аз арзишоти миллӣ-фарҳангии мо дар назарҳо ҷилвагар намудааст. Агар ба назари пажӯҳиш ба гузаштаи миллат нигарем, матои атласӣ, ки тоҷикон онро шоҳӣ меномиданд, аз Чин оварда мешуд ва он танҳо дастраси сарватмандон буд. Ин матоъ дар асри бист баъди истеҳсолаш дар дастгоҳ дар Осиёи Миёна ба ҳама дастрас гашта, ба либоси миллии мардуми ин минтақа табдил ёфт. Чаканро тоҷикони кӯҳистон гулдӯзӣ ном мебурданд ва онро барои ороиши хона, парда, болишт ва дигар афзори ороишотӣ истифода бурда, аз он пироҳан дӯхта намепӯшиданд.
Рогозинҳо ҳамеша қатлу таҷовузи русҳоро дар ибтидои солҳои навадум дар Тоҷикистон ёдовар шуда, садҳо бар як қасос гирифтан барояшон ҳам кам аст. Аз бераҳмию таҷовузкориҳои тоҷикон дар он замон ба даҳшат ҳикоят мекунанд, аммо аз қалту таҷовузу сӯхтану сар буридану пӯст канданашон дар асри бисту як ҳарфе ҳам намезананд. Хешро миллати олию мутамаддин дониста, дигаронро бефарҳангу ваҳшӣ меноманд. Аммо ин сарбуру пӯсткану қотилу таҷовузгари он ҷо аслан наврасу навҷавононанд, ки ин барои дигар миллал падидаи бегона аст. Миллату нажодгароӣ низ дар кишвари эшон дар авҷи тараққӣ аст, агарчанде, дар кишварҳои дигар ин раванд дар асрҳои гузашта хотима ёфтааст. Банда низ аз ин ваҳшиёни “мутамаддин” хавфи ҷон бурдааст. Боре дар фасли замистон аз трамвай берун шудам. Ногаҳон издиҳоми фошистон, иборат аз 15-20 навҷавони тануманд, ки қади ман то китфҳояшон мерасид, рӯ ба рӯямон омад. Намуди мудҳише доштанд: сарҳояшон тарошида ва аз таъсири сардӣ рӯю гарданашон кабудранг, чашмонашон кабуди даҳшатангез, баъзеро дар бинӣ ва баъзеро дар гӯш ҳалқа овехта, ба тан саропо либоси чармии сиёҳи бо тугмаҳои оҳанӣ чидашуда, дар миёнбандашон занҷирҳо овехта, дар пояшон мӯзаҳои пешашон оҳанзада ва дар дастонашон низ чизе медоштанд. Аз миёни мо чанд нафар, ки ҷуз ман ҳама русҳо буданд, бо суръат убур намуданд ва маро нашинохтанд… Як рӯз баъд аз он дар ҳамон маҳал озариеро ба тарзи ваҳшиёна куштанд.
Тарсуӣ, беғайратӣ, бардахӯии тоҷик мӯҷиби ин ҳолаш буда, хешро ба яди хеш дасту по бастааст. Аз вокуниши эшон ъалайҳи ҳар иқдому амале дар ин кишвар бармеояд, ки ҳанӯз хешро хоҷаи тоҷик шумурдаву тоҷикро дар нисбати хеш бардаи мутеъ медонанд ва барои нофармоние густохона, беибо иҳонату маломат мекунанд. Тасвиби қонун дар бораи миллигардонии насаб дар Тоҷикистон русҳоро сахт нигарон карду дар расонаҳои хабарии русӣ таркишеро дар пай овард. Аз телевизону минбарҳои баланд, дар торнамоҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ бо тамоми садо ҷор аз “русбезорӣ”-ю “миллатгароӣ” дар Тоҷикистон заданд. Таҳдид ба ҷорӣ намудани низоми раводид карданд, ки аҳли кишварро ба изтироб овард.
Аввалан, аз низоми раводид набояд ҳаросид, дар ибтидо мушкилотеро дар пай меорад, вале оқибати беҳтаре хоҳад дошт. Сониян, дар шароити феълӣ Русистон барои Тоҷикистон низоми раводидро ҳаргиз ба роҳ нахоҳад дохт. Онро ҳамчун таҳдиду фишор барои таҳти таъсир нигоҳ доштан ба кор мебарад. Чаро қирғизҳоро барои эътирозот алайҳашон чунин танбеҳ накарданд? Баръакс соҳиби имтиёзот дар ин кишвар шуданд. Чаро малдовагиҳоро барои канораҷӯи аз русҳо ва укроиниҳоро баҳри пархоши мустақим бо онҳо ин низомро дар ҳаққашон раво надиданд. Аз ҷиҳати сиёсӣ Тоҷикистон барои Русистон аҳамияти вижа дорад. Агарчанде аз аҳли он манфуранд, Тоҷикистонро “ҳудуди ҷанубӣ”-и хеш меҳисобанд. Бароҳандозии ин низом иқдоме барои аз даст додани мавқеи сиёсӣ ва стратежӣ буда, иҷбор ба ҳамли будубоши ин мардум дар кишварашон бидуни раводид мебошанд.
Аммо ҳар он чизеву дар бобати касе дар фавқ аз нарму дурушт гуфтем, аксуламале ба кору кирдори эшон, дифоъ аз шаъну манзалати инсонии хеш буда, ҳаргиз ифшои нафрату бадбинӣ дар нисбати миллати рус нест. Ин миллатгароёни мутаассиб, ки қудратро дар даст гирифта, васоити пурқуввати фишору иблоғро дар ихтиёр доранд, ирқан рус нестанд ва оммаро барои аҳдофашон истифода мебаранд. Худ русҳои асил аз онҳо безоранд. Ниёгони мо ҳаргиз масъалаи миллиятро пеш нагузоштаву дар мафкураи хеш таассуби миллию нажодиро ҷой надодаанд. Мо низ ҳамчун ворисони онҳо таассуби миллию нажодию эътиқодиро дар хаёл ҳам намепарварем. Нақши бузурги миллати русро дар тамаддуни башарӣ эътироф намуда, аз ин миллат ба мо низ хайре расидааст. Мо ба ин миллат ба хотири Толстой, Достоевский ва дигар нобиғагони илму адабаш ва ворисону ҳаммаслаконашон монанди Максим Шевченко ва дигарон арҷ мегузорем. Ҷаноби Шевченко намояндаи муосир аз насли зиёи пешини рус буда, ҳомии ҳақиқат, адолат дар фазои бутлони ҳақиқату адолат аст. Ӯ барои миллати тоҷик имрӯз хидматеро анҷом дода, ки ҳеҷ касе аз намояндагони ин миллат накарда. Алайҳи бадбину нафринкунандагони ин миллат чунон мешӯрад, ки гӯё худ аз ин миллат бошад. Ҳамеша соҳибфарҳангию волоияти ин миллатро илқо намуда, водошт ба эҳтиром намудани он менамояд.
Айни замон аст, ки бардафеълиро канор гузоштаву ғуруру ҷасоратро аз ҳамин мардум бигирем, ки дар муқобили ҳама навъи фишору таҳриму таҳдид устувор истодаву ору номуси хешро ба чизе намедиҳанд ва муҳимтар аз ҳама эътимод бар Парвардигори хеш дошта бошем, ки муҳаввили ҳоли мо Ӯст на махлуқе дигар. Ашраф Акрам. 26.05.2016.
Назари хешро иброз кунед