Муҳаммадазизпаҳлавон

  mhmadazizpalvnМуҳаммадазиз Сардоров соли 1914 дар миразори Водхуди амлокдории Ванҷ ба дунё омадааст.
  Аз хурдӣ сурудхонию варзишро дӯст медошт. Оҳиста-оҳиста онҳо шуғли касбиаш гаштанд. Ӯ дар қатори беҳтарин паҳлавонон Ҳимматпаҳлавон, Бекпаҳлавон, Шошопаҳлавон ва дигарон марди майдон буда, дар маъракаҳои яке аз паҳлавонони дӯстдоштаи халқ ба ҳисоб мерафт. Хеле чобукона гӯштӣ мегирифт. Солҳои 50-ум, вақти ба Колхозобод муҳоҷир шудан низ дар он ҷо чун паҳлавони маглубнопазир ном бароварда буд. Доимо бо як дилпурӣ бо паҳлавонони ноҳияҳои ҳамсоя ва Узбекистон гӯштӣ гирифта дастболо мешуд. Миёнаи солҳои 90-ум дар ҷои иқомати доимиаш — Қумсангир вафот кард. Қариб ҳама паҳлавонони насли калони ин ноҳия шогирдони ӯянд. Чун мутрибу ҳофиз низ дар байни ҳамдиёрон ном бароварда буд. (Аз китоби «Ванҷ» -и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.