Даштӣ Сайдалов

  dashtisaidДаштӣ Сайдалов соли 1936 дар деҳаи Андарбаки ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ дар оилаи коргари оддӣ таваллуд шудааст. Соли 1955 мактаби миёнаи рақами 5-и ноҳияи Ванҷро хатм карда, ба фаъолияти муаллимӣ оғоз намуд. Соли 1957 ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко ба шӯъбаи таъриху филология дохил шуда, онро соли 1962 хатм кард. Солҳои 1962-1968 муаллими таъриху филология дар мактаби миёнаи рақами 7-и ноҳияи Ванҷ, аз соли 1968 то 2000 Д.Сайдалов вазифаи масъули директории мактаби миёнаи рақами 7-ро ба ӯҳда дошт. Ҳоло чун муаллим дар мактаби ном бурда кору фаъолият дорад. Барои кори дарозмуддату пурсамар дар тарбияи насли наврасу соҳаи маорифи халқ Д.Сайдалов бо унвони ифтихории “Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи халқи ИҶШС” ва чандин ифтихорномаҳо мушарраф гаштааст.  (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.