Хушдилпаҳлавон

  khshdilpalvonМарди шуҷоъ ва хеле машҳури мавзеи Ванҷ Хушдил соли 1892 дар оилаи деҳқони камбағали деҳаи Техарв Сӯҳбатулло таваллуд ёфтааст. Ӯ яке аз паҳлавонони номии минтақа буда, ҳамзамононаш чй дар водии Ванҷ ва чӣ дар музофотҳои ҳамсоя кам андар кам бо ӯ дар гӯштӣ ва бузкашӣ муқобилият нишон дода метавонистаанд. Хушдил дар дигар намудҳои варзиши маҳаллӣ низ пешсафиро аз даст намедод.
  Аз рӯи нақли шоҳидон Хушдил дар яке аз маъракаҳои бузкашӣ дар деҳаи Хаспо, ҳангоми бузро канда, аз таъқиби ҳарифон халос хӯрдан, аспро бо чунон шаст тозондааст, ки он ҷонвар аз ҷарии 30-35 метра ҷаҳида рост ба байни дарё, дар ҷои обаш баланд буда расида, ғӯта хӯрдааст. Дар ҳолате, ки саворону тамошобинон бо афсӯс ангушти ҳайрат мегазиданд ва аз зинда монданаш боварӣ надоштанд, бо асп аз қаъри дарё берун шуд. Дар чунин ҳолат низ човандоз бузро дар даст нигоҳ медошт.
  Бори дигар дар аснои бузкашӣ аспаш бо шаст аз таги дарахти туте гузаштааст. Хушдил паҳлавон шохеро, ки бояд рост ба синааш мерасиду аз зин партофта, камаш маъюб мекард, бо дасташ чунон маҳкам дошт, ки шохи калонро аз бех канда, баъди чанде кашола карда бурдан ба замин партофт (шох аз рӯи гуфти шоҳидон гӯё аз ду пуштора ҳезум кам набудааст). Чунин лаҳзаҳои аз шуҷоату далерӣ ва мардонагии Хушдил паҳлавон гувоҳидиҳанда кам нестанд.
  Дар солҳои муҳоҷирати иҷбории сиёсӣ (1937-1950), ӯ дар Кӯлоб бо ҳунари гӯштигирию човандозӣ тамоми водиро қоил кардааст. Ҳатто дар давраи чун муҳоҷири сиёсӣ дар Қазоқистони Ҷанубӣ иқомат кардан, ки он вақт солаш аз 50 кайҳо гузашта буд дар ҳама маъракаҳои бузкашӣ дастболо будааст. Ин шуғлро ҳангоме, ки синнаш аз 60 ҳам гузашта буд, идома медод. Дар Қазоқистон айни кандани буз дар қӯраи аспон афтода ҳалок шудааст.
  Дар ташаккули санъати паҳлавониву бузкашй ва умуман варзиши ин мард шояд Ғофилпаҳлавон аз Поймазор то дараҷае саҳмгузорӣ намудааст. Ҳарчанд мо дар бораи Ғофилпаҳлавон маълумоти аниқе надорем, вале аз рӯи он чизе, ки шунидаем, ӯ паҳлавоне будааст, ки пеш аз Дилдори водхудӣ чун варзишгари номӣ эътирофу эътиборе доштааст.
  Имрӯз писарону наберагони Хушдилпаҳлавон Анвар, Сарвар, Сара, Шаъбон, Диноршо ва дигарон ба шугли дӯстдоштаи падару бобояшон содиқ буда, чун паҳлавонону маъракаороёни ноҳияи Ванҷ маълуму машҳур гаштаанд. Алалхусус, ин анъанаю шӯҳратро наберагонаш Акбаршо, Саламшо, Муҳамадӣ, Муқим Муҳаббатовҳо боз ба баландтар бардоштаанд, ки доир ба хизматашон дар ин ришта пурратар сухан хоҳем гуфт.
  Намояндагони авлоди бобои Хушдил дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагию ҷамъиятй ва мадании ноҳия адои хизмат доранд. Аз ҷумла, Сара чун деҳқони асил, Ҳоҷӣ Анвар — механизатор, Шаъбон омӯзгор, Диноршо — раиси хоҷагии деҳқонӣ, Сарвар — омӯзгор, машғули меҳнати ҳалол буда, дастовардҳои онон бо нишону мукофотҳо қадр карда шудаанд. Вале дар ҳама ҳол дар ниҳоди ин авлод анъанаҳои варзиши авлодӣ ва ифтихори аҷдодӣ мавқеи марказӣ доранд. (Аз китоби «Ванҷ» — Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. Як нвасаи га ай Хушдилпахлавон, бачаи ҳамаки Шаҳбоз-Гелоншо ҳамдарси мн дар факултаи Физика ва математикаи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав бӣ. Пр палвони трингу чолок би. Дар мусобиқоои наврузӣ чи дар донишгоҳ ва чи шарию вилоятӣ қувваозмои мекард. Аҷоиб ин бӣ,ки вахте ва ҳарифо сар ва сар мешиву алик ё сари севҷӣ мекар ва амун лаҳҷаи ванҷӣ мегфт:»-бай кадм барш занм ё партовм!. Ванҷиёи мо механдину мегфтн,човает мево. Дар солои 88-92-и асри 20 дар водии Вахш нум ва нуми дусту бародар, ҳамдарси мо Гелоншопаҳлавон буд. Ӯ ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошад. Худо нигаҳдорат дӯсти азиз!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.