Чӯпон Бадали Ванҷӣ

  Чӯпон Бадали Ванҷӣ 17-уми майи соли 1959 дар деҳаи Ғумаяки ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро, соли 1976 дар маркази ноҳия ба итмом расонда, таҳсилашро дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (феълан ба номи Садриддин Айнӣ) давом додаст. Соли 1979 онро бомуваффақият хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1980 ба ҳайси му- аллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабимиёнаи рақами 2-и ноҳияи собиқ Колхозобод (алҳол Ҷалолиддин Румӣ)фаъолияти касбиаш оғоз ёфт. Баъди чанде, қобилияти рӯзноманигорӣ ва эҷодии Чӯпонро ба назар гирифта, ба вазифаи муҳарририи радиои назди рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод» таъйин намуданд. Солҳои 1987-1989 ба сифати кормандишӯъбаи тарғиботу ташвиқоти Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Колзозобод фаъолият намуда, аз соли 1990 то 1992 вазифаи мудирии шӯъбаи фарҳанги назди ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддин Румиро ба ӯҳда дошт.
  Аз замони наврасӣ ба шеър шуғл дорад. Ашъораш дар мунтахаботи дастҷамъӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Фарҳанг» дастраси ҳаводорони назми миллӣ гардидааст. Маҷмӯаи аввалини ашъори ин шоири умедбахш «Сояи маънӣ» аз тарафи хонандагон ва мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтааст. Чанд шеъре интихобан аз ин маҷмӯа ба табъи хонанда расондан ҷоиз аст.

                                  Тоҷикистон

           Душманат ранҷур бодо, Тоҷикистон,
           Дард аз ту дур бодо, Тоҷикистон.
           Эътиборат рӯи олам, ҷовидон,
           Асрҳо, машҳур бодо, Тоҷикистон.
           Хонаи умеди ҳар як ориёӣ,
           Тоҷикат масрур бодо, Тоҷикистон.
           Бо ҳасад кас гар ба сӯят бингарад,
           Ҷашми бахташ кӯр бодо, Тоҷикистон.
           Қасди хоки поки ту созад адӯ,
           Қасди ӯ дар гӯр бодо, Тоҷикистон.
           Баҳри равшан кардани Машриқзамин,
           Боргоҳи нур бодо, Тоҷикистон.
           Ҳар як иқдоми ту андар роҳи сулҳ
           Беҳтарин дастур бодо, Тоҷикистон.                  

Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

 

1 Назар

  1. Раҷабов Умаралӣ профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино. Бо Шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳам
    16.01.2024 at 22:59

    Шеъри Чӯпон Бадали Ванҷӣ
    Ба зеҳни кунд осон нест кардан дарки маъноро, ба дараҷаи олӣ эҷод намудаед, ташаккур ба Шумо. Ин сурудро Ҳунарманди мардумии ҶумҳурииТоҷикистон бо оҳанги зебою овози ширадори хеш манзури шунавандагон намудаанд, ки ин ҳусн болои ҳусн зам мекунад. Дар соли нав ба шумо шоири ширинадо тани сиҳат эҷоди шеъру таронаҳои нави ба дарди мардум бархурандаро ба сад дил таманно дорем.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.