Зиёратшо Сафаров соли 1947 дар деҳаи Потови ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст. Баъди гирифтани маълумоти миёна, солҳои 1963-1968 дар техникуми Ордени Байрақи сурхдори Душанбе таҳсил намудааст. Соли 1968 баъди хатми техникум дар азхудкунии заминҳои Ёвону Обикийик бо роҳхати Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда ва вазифаҳои усто, сардори участкаро ба ӯҳда дошт.
Соли 1973 дар асоси қарори коллегияи Вазорат ба ноҳияи дурдасти Ҷиргатол дар колонаи сайёри механикунонидашудаи навтаъсиси рақами 21 сармуҳандис таъин шуд. Баъдан, дар вазифаи сардори корхона ба муддати 10 сол заҳмат кашида, дар обёрии заминҳои ташналаби Ҷиргатол саҳми арзанда гузошт.
Дар давоми фаъолияти корияш дар ноҳия 7000 гектар заминҳои навро обёрӣ намуда, ба ҳамин роҳ истеҳсоли картошкаро аз 700 тонна (пеш аз обёрикунӣ) то 36000 тонна расонид. Дар давоми фаъолияти корияш ғоибона Донишгоҳи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси инженер-гидротехник ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро бомуваффақият хатм кардааст. Солҳои 1982-1986 ба тариқи интихоб ҷонишини аввали раиси Ҳукумати ноҳия интихоб шуд. Соли 1986 барои пурзӯр намудани кори кишоварзӣ бо роҳхати КМ ҲК Тоҷикистон директори совхози ба номи Шестопалов таъин гардид. Давоми қариб понздаҳ сол депутати ноҳиявӣ, аъзои ҳукумати ноҳия ва аъзои бюрои комитети партиявии ноҳия интихоб шудааст.
Аз соли 1992 то соли 2000 сармуҳандиси Итиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Тоҷикселезашита» ва аз соли 2000 директори генералии корхонаи мазкур шуда кор мекунад. Аз соли 2004 то соли 2012 аъзои машвараи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар давоми фаъолияти корӣ маҳорати баланди роҳбарию касбӣ нишон додааст.
Бо чандин нишону орден ва Ифтихорномаҳои давлат сарфароз гардонида шудааст.
Зиёратшо Шарипов дар синни 71-солагӣ дар таърихи 8 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштанд.
Назари хешро иброз кунед