Дар таърихи 4 майи соли ҷорӣ лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-и СММ озмуни “Замини зархез”-ро, ки барои намояндагони ВАО роҳандозӣ карда буд, ҷамъбаст кард. Ба озмун 8 матлаб пешниҳод шуд, ки 5 довари соҳибтаҷриба ва кордон онҳоро баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти овозҳо мақолаи хабарнигор Хилватшоҳ Маҳмуд (Хоҷаев) таҳти унвони “Озуқа ба хотири оянда — барои мардум ва фардои беҳтари онҳо”, ки дар нашрияи «Озодагон» чоп шуд, сазовори ҷои аввал гардид. Тибқи муқаррароти озмун ба ғолиб аксбардори ҳирфавӣ ва диплом тақдим шуд.
Мавзӯе, ки барои озмун интихоб шудааст, аз муҳимтарин мавзӯъҳои кишварамон аст, чун Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва ҳама чизе, ки барои рушди ин соҳа равона шудааст, барои мардуми он муҳим аст. «Бояд қайд кард, ки озмун хеле шаффоф буд ва доварон аз ҷумлаи мутахассисони ҳирфаӣ интихоб шуда буданду матлабҳо ба онҳо барои баҳогузорӣ бидуни овардани ному насаби хабарнигорон пешниҳод шуда буданд” — мегӯяд Абдумалик Қодиров — роҳбари Internews дар Тоҷикистон ва яке аз доварони озмун. Хилватшоҳ Маҳмуд (Хоҷаев) журналисти соҳибноми тоҷик аст. Ӯ барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ буда, унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги ҶТ-ро низ дорад. Маълумоти бештар дар бораи Хилватшоҳ Маҳмуд дар ин ҷо мавҷуд аст.
Назари хешро иброз кунед