Хушвахтшо Буғдиев

  XshvbugdiХушвахтшо Буғдиев соли 1949 дар деҳаи Рохарви деҳшӯрои Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи хоҷагии деҳаи шаҳри Душанбе (Донишкакдаи кишоварзии Тоҷикистон) соли 1971 ва хизмати ҳарбӣ (1971-1973) фаъолияти амиқи меҳнатиаш оғоз ёфт.
  Соли 1973 Х.Буғдиев ба ҳайси муҳандиси идораи таъмиру таъминоти техникаи кишоварзии давлатии (Госселхозтехника) ноҳияи Ванҷ, сипас сармуҳандис таъин гардид.
  Минбаъд фаъолияти меҳнатии ӯ ин тавр ҷараён гирифт: солҳои 1981-1984 сармуҳандиси совхози “50-солагии СССР”, 1984-1989 сардори идораи таъминоти техникии “Госкомселхозтехника”-и ноҳияи Ванҷ, 1989-1990 ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия, 1990-1995 сардори Управленияи кишоварзии ноҳия, аз соли 1966 ҷонишини сардори идораи таъминоти нафти ВМКБ.
  Дар тӯли фаъолияти кориаш дар вазифаҳои номбурда Х.Буғдиев дар қатори аввалин  ташаббускорон ва иҷрокунандагони  нақшаҳои гуногуни сохтмону истеҳсолоти ноҳия ҷой дорад. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.