Зуришо Вазиров 28 феврали соли 1956 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди анҷоми мактаби миёна, соли 1973 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1979 бомуваффақият хатм намудааст. Аз ҳамин сол З.Вазиров дар беморхонаи рақами 5-и шаҳри Душанбе дар кафедраи факултативии касалиҳои дарунӣ зери роҳбарии профессор Ҳасанов К. ва Миллер А.Ф. дараҷаи фаъолияти касбии худро мукаммал менамояд.
Аз соли 1981 дар шаҳри Кофарниҳон ба ҳайси сардухтури дармонгоҳи мавзеъи Яккатол кор карда, аз соли 1993 инҷониб дар беморхонаи рақами 4-и шаҳри Душанбе ба вазифаи мудири шӯъбаи касалиҳои дарунӣ, ҳамзамон чун омӯзгор дар кафедраи касалиҳои дарунӣ ҳамчун мутахассиси соҳа ба донишҷӯёни соли сеюми донишгоҳ дарс медиҳад. Дар солҳои фаъолияташ чандин борҳо ба ифтихорномаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ҳоло дар болои рисолаи номзадӣ тадқиқот бурда, ният дорад, ки дар мӯҳлати наздик ба дифоъ псшниҳод ипмояд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед