Номзади илмҳои геология ва минералогия Муфарраҳ Муҳаббатов 20 январи соли 1964 дар деҳаи Вишхарваки деҳшӯрои Рованди ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз анҷоми таҳсил дар мактаби миёна, аз соли 1981 то соли 1982 ҳамчун коргари сохтмончӣ дар хоҷагии давлатии (совхоз) ба номи Федченко фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст. Солҳои 1982-1984 дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хизмат намуд. Сипас Муфарраҳи ҷавон соли 1984 ба фнкултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1989 онро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар солҳои донишҷӯӣ ба корҳои тадқиқотӣ рағбати калон зоҳир намуда, дар бисёр маҳфил ва конфронсҳои илми иштирок кардааст. Ду маротиба дар конфромсҳои байналхалқии донишҷӯён, ки дар ш.Новосибирск гузаштаанд, ширкат намуд. Соли 1987 дар ҳамин конфронс бо роҳбарии устоди донишгоҳ номзади илми геология ва минералогия Ниёзов А.С. дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии петрохимияи интрузияҳои гранитоидии шимолу шарқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони Марказй” бо маърӯза баромад намуда, соҳиби дипломи байналхалқии дараҷаи дуюм гаштааст. Дар давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ӯ ду маротиба дар шаҳри Магадан дар экспедитсияи кофтуков ва аксбардории Калимаи Боло ҳамчун техник-геолог кор кардааст.
Баъди бомуваффақият хатм намудани Донишгоҳ соли 1989 дар кафедраи геология ва палеонтология ба ҳайси лаборанти калон ба кор қабул шуд. Солҳои 1991-1994 аспиранти Донишгоҳ Муфарраҳ Муҳаббатов кори илмиаш, ки ба мавзӯи “Комплекси гастроподаҳои таҳшинҳои давраи палеогени миқёси Тоҷикистон ва аҳамияти стратиграфии онҳо” бахшида шудааст, ҷиддан машғул буд. Баъди анҷоми мӯҳлати аспирантура, солҳои 1994- 1996 дар вазифаи ассистенти кафедраи геология ва палеонтология идомаи фаъолияти меҳнатӣ дошт.
Соли 1998 рисолаи номзадиро дар Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи геологии Академияи илмҳои Тоҷикистон зери роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои геология ва минералогия Солибоев Г.Х. ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои геология ва минералогия гаштааст.
Ин олими ҷавон муаллифи чандин мақолаҳо ва ду тадқиқоти ҷиддӣ бо унвони “Комплекси гастроподаҳои таҳшинҳои палеогени миқёси Тоҷикистон” (Душанбе, 1996), “Комплекси нармбаданҳои гастраподаҳои таҳшинҳои палеогени мавзеи ҷанубии Тоҷикистон” (Душанбе, 1999), инчунин якчанд дастурамал ва китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисоси геологӣ ва ҷугрофия аз “Машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии таълими-саҳроӣ аз геология” (дастур барои донишҷӯёни факултаҳои геология ва география), Душанбе, 2000., 165 с.(ҳаммуаллифК.Вазиров); “Геология бо асосҳои палеонтология ва геологияи таърихӣ” (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи геология, география, биология. Душанбе, 2003, 352 с. (ҳаммуаллиф К.Вазиров) мебошад. Ҳамчунин ӯ бо шарикмуалифии К.Вазиров ва М.Тоҷибеков рисолаи «Геология ва сарватҳои табии иоҳияи Ванҷ»-ро (Душанбе,2003) дастраси хонандагон намудааст. Ишгирокчии конфронсҳои байналхалқи (с.2001, ш.Хоруғ) бахшида ба “Тараққиёти регионҳои кӯҳистони Осиёи Миёна дар асри XXI” мебошад.
Муфарраҳ Муҳаббатов соли 1994 ширкати муштараки илмию истеҳсолии “Рухом”-ро таъсис дод, ки фаъолияташ асосан ба омузиш ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, ороишию музайянӣ ривона карда шудааст. Дар ин давра технологияи нави коркарди сапгҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва рангаро азхуд намуда, дар истеҳҳсолот амалӣ гардонидааст.
Дар ҷашни 70-солагии ноҳияи Ванҷ Муфарраҳ Муҳаббатов сахмгузории чашмрас дорад. Ӯ мактаби миёнаи деҳаашро пурра аз таъмир бароварда, боз ду синфхонаи иловагӣ сохт. Ҳамчунин ӯ пайваста вақту маблаг сарф намуда, мактабро бо мизу дигар таҷҳизот таъмин менамояд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед