Хати форсӣ дабирае, ки барои навиштани забони форсӣ истифода мешавад дар асл он хати арабӣ буда, баъди вуруди ислом ба Ирон барои навишта забони форсии нав роиҷ шуд. Тамоми осори гаронбаҳои форсӣ аз он давр бо ин хат нигошта шуда, инрониён дар ташаккул ва такомули ин хат нақши муҳим доштаанд. Дар кишварҳои Ирону Афғонистон хати расмӣ буда, дар Тоҷикистон дар соли 1928 ба лотинӣ ва пас ба кирилик иваз карда шуд.
Пажӯҳишгарон бар онанд, ки хати арабӣ ё кӯфӣ аз хати нибтӣ гирифта шудааст. Хати нибтӣ дар нимҷазираи тури Сино мунташир буда, дар Сурия дар минтақаи давлати Банни Ғассон дар миёни тоҷирон мутабоддил гардида, тағйир пазируфт ва тавассути онҳо ба Ҳиҷоз мунтақил шуда, мунташир гашт. Хати нибтӣ аз хати оромӣ гирифта шудааст. Устодони хатнависи араб онро ислоҳ намуда, гунаи кӯфии онро барои китобати катибаҳои динӣ ва илмӣ ба кор бурданд. Гунаи насхро барои навиҳтани макотиби хусусӣ ва ҳавоиҷи оддӣ истифода мекарданд. Ин хутут дар ибтидо бенуқтаю эъроб навишта мешуданд. Дар асл ин хат, хати нибтӣ ва суриёнӣ буда, ба таваллутоте барои навиштани забони арабӣ ба кор бурда шудааст ва ташаккулу такомули он ирониён нақши муҳим доштаанд.
Ирониён пас аз пазируфтани ислом дар хондани Қуръон мушкилӣ мекашиданд, ки он ба хати нибтӣ ва бенуқтаю эъробу бидуни овоҳои мусавват (садонок) навишта мешуд. Арабҳо ин хатро аз нибтиву суриёнӣ ва ирониён аз аъроб гирифтанд ва онро мебояд “хати исломӣ” унвон кард. Ирониён дар шаклгирӣ ва такмили он умдатарин нақш доранд. Ирониён бар асоси ниёзҳои забонии худ алифбои хоси форсиро эҷод карда, ҷойгузини дабираҳои гузаштаи худ намуданд.
Аввалин касе, ки хати арабиро аз кӯфӣ ба насху эъробдору нуқтадор табдил кард, Ибни Муқлаи Шерозӣ буд. Ӯ хатро ба танзим оварда, анвои мухталифи хатро эҷод намуда, назму қоида муқаррар карда, китобатро ба як ҳунари воло табдил дод, ки то имрӯз ҳам хушнависии исломӣ қурбу эътиборашро нигаҳ доштааст. Ирониён дар ин ҳунар пештоз гашта, эҷоду навовариҳо кардаанд ва аъроб хутути таълиқу настаълиқро хати форсӣ мегӯянд. Умуман, ба шарафи нақши умдаи ирониён дар ташакулу такомули ин дабира хати арабӣ дар олам ба хати форсӣ ҳам маъруфият дорад.
Сарнавишти хат Тоҷикистон
Дар Фарорӯд ҷузъе аз Ирони таърихӣ дар замони истиқрори ҳукумати коммунстони рус ин хатро аз байн бурданд. Алифбои форсиро дар соли 1929 ба алифбои лотинӣ тағйир доданд. Ҳадафи мустаъмирон аз байн бурдани забону фарҳанги форсӣ – забону фарҳанги мӯътабари минтақа ва бор намудани забону фарҳанги хеш бар мардуми Фарорӯд монанди соири ақвоми мутеи қаламрави имперотории хеш ба мақсади итоат ва мутеияти абадӣ буд. Онҳо хати форсиро сабаби бесаводию пасмондагӣ, мероси замони гузашта, барои омма душвофаҳм хонда, бо баҳонаи “маҳви бесаводӣ” алайҳи фарҳаги миллӣ муборизаи шадидро оғоз намуданд. Коммунистони бехудо душмани сарсахти дин буданд. Онҳо динро воситаи истисмор талаққӣ намуда, барои маҳви он хати форсиро мамнӯъ намуданд. Барои расидан ба ин ҳадаф “инқилоби фарҳангӣ” эълон намуда, даст ба террори аҳли илму фарҳанг заданд. Хати лотиниро ҷойгузини форсӣ карда, мероси гаронбаҳои гузаштаро сӯхтанд ва аҳли зиёи миллатро бо баҳонаи “душманони инқилоб” қатлу маҳбус намуданд.
Русҳо барои рафъи муқобилат аз ҷорӣ намудани алифбои хеш мустақиман барои “наҷоти” мардум аз “ҷаҳлу қафомондагии асримиёнагӣ”, ки ба таъбири эшон яке аз мӯҷиботаш алифбои форсӣ буд, худдорӣ карда, алифбои лотиниро пеш гузоштанд, зеро аҳли зиёи нави замон, ки бештар ғарбмаоб буданд, ба он ҳамчун алифбои мӯътабари ҷаҳону хати илму фанни муосир ба хотири пешрафт таваҷҷӯҳ доштанд ва сухане аз алифбои русӣ ба миён ҳам намеоварданд. Онҳо аз собиқа медонистанд, ки режими шоҳии рус тамоми қаламрави императории хешро ба пазируфтани хати русӣ (кирилик) иҷбор намуд, ки ин боиси эътироз ва рӯйгардонии ақвоми ғайр аз он гашт. Аз ин рӯ, мустақиман бор намудани хати русӣ, ҷузъе аз аҷзои фарҳанги русӣ, ки барои мардуми Фарорӯд ғайри қобили қабулу таҳаммул буд, оқибатҳои нохушояндеро дар пай медошт.
То замони истиқрори ҳукумати шӯравӣ мардуми турктабор дар қаламрави паҳновари таҳтиистеъмории рус забону фарҳанги муштарак надоштанд ва ҳар қавм бо гӯишу русуми махсуси худ дар ҷовомеи қавмии хеш мезистад. Пас аз ташкили миллату давлатҳо дар ин қаламрав зарурати омезиши ақвому сохтани забони давлатияшон пеш омад. Барои ифодаи ҳуруфу овоҳои шеваҳои туркӣ, ки қаблан хату адабиёт надоштанд, дар хати арабӣ ҳуруфу ҳаракоти мувофиқ мавҷуд набуд ва онҳо ба “тақозои замон” хати лотиниро барои забонҳояшон мувофиқ карда, пас аз талошу ихтилофот пазируфтанд. Ин амал аз Озарбойҷон шурӯъ шуда, Тотористон, Қрим, Фарорӯд, Олтой ва то Бурятистону Муғулистонро фаро гирифт.
Тоҷикистон дар он замон вилояте дар дохили ҷумҳурии Узбекистон буд ва аҳли илму фарҳанги тоҷик, ки таҳти таъсири ғояи понтуркизм қарор гирифта буд, аксар кӯшиш ба такмили “забону имло ва адабиёти узбек” (мисли Фитрат) ба харҷ медоданд. Тамоми умур аз ҷониби Тошканд танзиму идора мегашт ва арзу даъвои аҳли зиёи тоҷик аз он ҷо дуртар намерафт. Билохира, русҳо ҳадафи аслии хешро дар соли 1940 амалӣ сохтанд. Дар тӯли ин муддат ҳомилу ҳомиёни фарҳангҳои миллиро, ки барои амали кардани аҳдофашон мушкилу халал эҷод мекардандАлифбои лотиниро ба кирилик табдил дода, тавассути он забону фарҳангашонро ба мардуми Фарорӯд бор намуданд.
Ҳар пораи бо хати форсӣ навиштаро катибаи динӣ дониста, нобуд мекарданд. Китобу катибаҳоро сӯзонданд. Мардум аз тарси муҷозот китобу авроқи доштаашонро месӯхтанд ё ба дарё партофта ва ё зери хок мекарданд. Хатмкардагони мадориси пешин, ашхоси китобхону бо хату савод дар мавриди таъқибу ҳабсу қатл қарор гирифтанд. Ливои сурхи террор, ки аз хун ранг гирифта буд, то ба дуртарин гӯшаҳо низ расид. Ҳанӯзам аз хурдӣ нақли бузургон ба ёд аст, ки тавсифи ҳоли он замон мекарданд. Аҳли зиёи кӯҳистонро, ки ангуштшумор буданд, тӯҳмати аксулинқилобчигию сарватмандӣ ба по баста, нобуд мекарданд… Ашраф Акрам.
Зинда шавии табиат