Номзади илмҳои биология, ходими калони илмӣ Замониддин Хабиров 9 октябри соли 1942 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, дар мактаби миёнаи рақами 2-и ба номи Ленини маркази ноҳия таҳсил кардааст.
Соли 1961 ба Институти педагогии ба номи С.М.Кирови шаҳри Ленинобод дохил шуда, аз курси дуюм ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ даъват шуд. Баъди адои он моҳи сентябри соли 1966 ба шаҳри Ленинобод баргашта, дар Донишкадаи номбурда таҳсилро давом медиҳад. Соли 1969 З.Хабиров Донишгоҳро хатм намуда, дар ҳамон ҷо ба ҳайси ассистенти кафедраи анатомия ва физиология ба кор таъин шудааст. Соли 1972 баДушанбебаИнститутизоологиявапаразитологияи Академияи илмҳо ба кор қабул гардида, баъди 2 сол (1974) ба Шӯъбаи аспирантураи ин институт дохил шуд. Бо тавсияи мутахассисон ба шаҳри Ленинград рафта аз олимони Шӯбаи паразитологияи Институти зоологияи Академияи фанҳои ИҶШС оиди интихоби мавзӯъ маслиҳат пурсид. Маҳз бо ризоияти тавсияи онҳо тадқиқотчии ҷавон мавзӯи мароқовару замонавии “Хомушакҳои хунмаки Помири Ғарбӣ”-ро ба сифати рисолаи номзадӣ итихоб намуд. Роҳбарии ин корро яке аз олимони шинохтаи улуми биология Глухова ВалентинаМатвеевна ба ӯхда гирифт. Ба тадқиқотчии ҷавон лозим омад, ки аз минтақаҳои табии Ванҷу Дарвоз, Рӯшону Шуғнон оиди хомушакҳои хунмак маводи илмӣ гирд оварад ва соли 1986 дар шаҳри Новосибирск рисолаи номзадиро хешро ҳимоя намояд.
Дар натиҷаи омӯзиши ин хомушкаҳои хунмак 2 намуди нав барои илми зоология, 10 барои Осиёи Марказй ва зиёда аз 20 барои Тоҷикистон бори нахуст муайян гардиданд. Ҳамин тариқ, бори нахуст хомушакҳои хунмаки Тоҷикистон ва биологияи онҳо пурра омӯхта шуд, ки миқдори умумиашон 42 намудро ташкил медиҳад. Қариб ҳамаи онҳо барангезандагони касалиҳои сирояткунанда ба шумор мераванд. Оид ба ин мавзӯъ муаллиф асари мукаммали (монография) ва зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ чоп намудааст. Ҳоло ходими калони илмии Институти зоология ва паразитология, муовини директори он мебошад. З.Хабиров пайваста дар паи тадқиқотҳои илмӣ ҷадал дорад. Табиист, ки бо дастовардҳои назарраси худ илми табиатшиносии ватаниро ғанитар хоҳад гардонд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
Яке аз бехтарин олимони сохаи зоология ва паразитология мебошад. Олимест, ки гурури баланди МИЛЛИ дорад. Худо Шуморо нигохбон бошад…