Пайшамбӣ Асоев — доктори илмҳои биология, мудири озмоишгоҳи экспертизаи санитарӣ-ветеринарӣ ва экологияи Институти ветеринарии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 ноябри соли 1947, дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Соли 1964 мактаби миёнаи ба номиН.К.Крупскаяи ноҳияи Ванҷро ба итмом расонда ба сифати назоратчии муассисаи кинонамоиш- диҳии ноҳияи Ванҷ, ВМКБ оғози шуғли меҳнат намудааст. Соли 1965 ба Донишкадаи олӣ — Ин- ститути хоҷагии деҳаи Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи аграрӣ) дохил шуда, соли 1970 онро бомуваффақият хатм менамояд. Солҳои 1970-1972 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат карда- аст. П.Асоев солҳои 1972-1974 ҷонишинии сардори стансияи байтории ноҳияи Ванҷ; 1974-1980 сардории Стансияи байторӣ, алайҳи мубориза ба муҳобили касалиҳои ҳайвоноти ноҳияи Ванҷ, 1980-1990 директории лабораторияи ветеринари байниноҳиявӣ (дар базаи ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва Рӯшон), ки ба ташхиси касалиҳои сироятии ҳайвонот, тадқиқоти биохимиявӣ, химиявӣ ва токсикологӣ мегузаронд; 1990-1995 сардории стансияи байтории Дарвозро ба ӯҳда доштааст.
П.Асоев аз соли 1990 пурра ба муассисаи тадқиқотӣ гузашта то соли 1999 ходимии калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон ва аз 2000 инҷониб мудири озмоишгоҳи экспертизаи санитарию ветеринарӣ ва экологии Институти ветеринарии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ дорад. Аъзои Шӯрои дифои рисолаҳои илмии институт мебошад.
Роҳи паймудаи П.Асоев дар илм чунин сурат гирифтааст: соли 1976 ба аспирантураи назди Донишкадаи хоҷагии деҳаи Тоҷикистон дохил шуда, баъди анҷоми мӯҳлати он ба истеҳсолот рафт. Соли 1989 рисолаи номзадӣ дар соҳаи тибби байторӣ безурётии ҳайвонот дар шаҳри Воронежи Русия ва соли 2011 рисолаи докториро низ дар ҳамин ҷо дифоъ намудааст. П.Асоев аввалин мутахассисест аз Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ, ки дар соҳаи тибби байторӣ рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудааст.Ӯ муаллифи қариб 50 мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи тибби байторӣ, чанд рисола ва дастуруламалҳо доир ба пешгирӣ ва табобатии касалиҳои ҳайвонот ба чоп овардаву дастраси мутахассисон гардондааст. Ӯ барои табобати касалиҳои ҳайвонот соли 2002 доруи (препарат) нави «Витагин-1» ихтироъ намуд, ки онро дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, хоҷагиҳои ВМКБ бомуваффақият истифода мебаранд. (Аз китоби «Ванҷи ман»-и Ҳ. Пирумшо).
Назари хешро иброз кунед