Олими шиохтаи соҳаи кимиё, омӯзгори варзидаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон Сӯҳроб Рӯстамов дар роҳи рушду таълими ин илм хидматҳои зиёдеро адо намудааст.
Сӯҳроб Рӯстамов 25 январи соли 1941 дар деҳаи Мудехарви ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадаст. Айёми тифли ва навҷавонии ӯ дар деҳа гузашта, баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ба номи Ленин) дохил шуда, факултаи кимиёи онро хатм намудааст.Аз соли 1971 то соли 1973 дар аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил намуда, дар лабораторияи химияи аспирантураи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Дар соли 1973 рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуда, дар соли 1983 унвони досенти кимиёи таҳлилиро соҳиб гаштааст. Дар солҳои 1989-1994 вазифаи мудири кафедраи кимиёи таҳлилиро ба ӯҳда доштааст. Аз соли 1994 то соли 2010 ҳамчун досенти кафедраи кимёи таҳлилӣ устоди Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон буда, тирамоҳи соли 2010 аз дунё чашм пӯшиданд.
Дар давоми фаъолияти корияш устод зиёда аз 100 мақолаи илмӣ навишта, 2 китоби дарсӣ ва 3 дастури методӣ таълиф намудааст. Инчунин муалифи 13 патенту ихтироот буда, таҳти роҳбарии устод ду нафар рисолаи номзадияшонро ҳимоя намудаанд.
Хизматҳои устодро бо унвони «Аълочии Маорифи Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати Маорифи Тоҷикистон» қадр намудаанд. Дар озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» устод сазовори «Дипломи маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гардидааст. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед