Шеваи номардумӣ аз баҳри ту бегона аст,
Сарзамини мардхезу марддорам Ванҷи ман… (Шаҳрия).
Шодравон Нусратшо Таваллоев зодаи диёри зебоманзари Ванҷи Бадахшон аст. Фикр мекунам, агар дар дунё чанд ҷои биҳиштӣ бошад, якеаш мусалламан, Ванҷ аст. Маркази ин минтақаи зебои кӯҳистон аз шоҳроҳи мошингард дар канор воқеъ аст. Намедонам ин бартариаш аст ё бохташ. Ба назарам аз бартариаш аст. Зеро аз чашми бад дур будан беҳтар. Аз сӯи дигар, Ванҷу Дарвоз ҳалқаи ниҳоиянд, ки Бадахшонро аз ҷануб бо дигар манотиқи миҳанамон пайванд медиҳанд. Ҳамин мавқеияти ҷуғрофии онҳо худ барояшон вазифаи хосро таъин кардааст ва бино ба мавқеияти худ вижагиҳои худро доранд ин манотиқи зебо. Пойтахттаранд инҳо – агар чунин гуфтан мумкин бошад. Гармтаранд инҳо, зеро ҷанубтаранд. Мардуми ин ҷо бо лаҳҷаву гӯиши зебову ширини хоси тоҷикӣ такаллум мекунанд. Ин гӯиш ба хусус, дар такаллуми мардуми таҳҷоӣ ва ба вижа солмандон ба мушоҳида мерасад. Агар Бадахшонро нигини табиат гӯянд, Ванҷ бешак нигини Бадахшон аст. Шаршараву рӯдхонаҳои кӯҳӣ, оби поку зулол ва ҳавои софи он, зардолуву тути он воқеан нодиранд…
Нусратшо Таваллоев аз рӯзи оғози фаъолияти корӣ ва то охири умраш – беш аз 50 сол дар бахши бурунмарзии радио кор кард. Хабарнигори воқеӣ, хабарнигори худодод буд. Чеҳраи боз, симои гарму нуронӣ дошт, муоширатӣ ва улфатӣ буд. Одамдӯст ва шахси маъракаӣ буд. Ба ҳама бо дили соф, бо назари нек бархурд мекард. Ба ҳама. Дилсофиаш воқеан истисноӣ буд. Як хислати аҷиби хайрхоҳӣ ва некӣ кардан ба дигаронро дошт. Некӣ ба дигарон, мадад ба дигаре ва ниёзманде амали ҳаррӯзаи ӯ буд. Дар кор бисёр бомасъулияту поквиҷдон буд. Ҳамарӯза барои шунавандагони хориҷии радио аз мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон гузориш омода мекард.
Нусратшо Таваллоев аз ҷумлаи нахустин хабарнигорони ҷумҳурӣ буд, ки дар маросими имзои Созишномаи таърихии сулҳу оштии миллӣ миёни тоҷикон дар шаҳри Маскав ширкат намуда ва аввалин шуда аз тариқи радио мардуми ташнаи сулҳи Тоҷикистон ва ҷаҳониёнро аз ин рӯйдоди муҳим огоҳ намуд. Ӯ бо бузургмардоне чун Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Муҳаммад Осимӣ, Николай Тихонов, Саид Нафисӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Парвиз Нотил Хонларӣ, Нодир Нодирпур, Азиз Несин ва дигарон борҳо мулоқот карда ва ба туфайли заҳматҳои ӯ сабти овози онҳо дар бойгонии радио маҳфуз аст.
Агар барои шахсиятҳои маъруфе мисли Устод Мирзо Турсунзода, академик Муҳаммад Осимӣ, қозикалонҳои вақт – Домулло Калонзода, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ё дигарон сабти сухонронӣ ё мусоҳибае аз тариқи радио лозим мешуд, ба радио телефон карда мегуфтанд: — Ҳамон Таваллоевро фиристонед!… Нусратшо Таваллоев бо роҳбарони чандин кишварҳои ҷаҳон — бо подшоҳону шаҳбонуҳою раисони ҷумҳуру нахуствазирон, бо шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва адибону донишмандони Эрону Афғонистону Покистону Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳо мусоҳибаҳои муҳим анҷом додаст…
Нусратшо Таваллоев ҳамчунин як зарофатгӯй ва шӯхтабъ буд. Шӯхтабъии вай ҳамеша маро ба ёди як пирзани деҳаамон меовард. Ин як пирзани қоқинаандоми чобуку зиндадил ва соддае буд. Тез роҳ мегашт. Худ мӯътақид буд, ки беш аз 90 сол дорад, аммо касе гуфта наметавонист, ки чандсола аст, гарчи рӯи пурожангаш худ баёнгари умри тӯлонии ӯ буд. Ҳеҷ гоҳ дар мошин савор намешуд. Ҳатто ба қишлоқҳои дур низ пиёда мерафт. — Аз савор шудан ба ин шайтонароба метарсам, — мегуфт. Фикр мекунам нохудогоҳ худро ба соддагӣ мезад. Худро ба соддагию ба нодонӣ зада ва дилхушии дигаронро фароҳам овардан шеваи рафтори ӯ шуда буд, фалсафаи нохудогоҳонаи зиндагии ӯ шуда буд…
Вале Нусратшо Таваллоев худогоҳона ҳазлу шӯхӣ нисбат ба худро “таҳрик” ва “ташвиқ” мекард ва бадин шева хушҳолии дигаронро фароҳам меоварад ва ин як фалсафаи огоҳонаи ӯ дар зиндагӣ шуда буд… Бисёр ҳазлу шӯхию зарофатгӯйӣ нисбат ба вай ба як латифа табдил ёфта, имрӯз низ вирди забон аст…
Дар бораи хислатҳои ҳамидаи Нусратшо Таваллоев, дарёдиливу нексириштии ӯ ва кордонии ӯ метавон соатҳову соатҳо сухан гуфт, вале феълан бо ҳамин иктифо мекунам… Ёдаш ба хайр ва равонаш шод бод!
Мирзошо Ватаншоев.
Назари хешро иброз кунед