Маълумоти фишурда дар бораи илми ҳадисшиносӣ ва истилоҳҳои он
Илми ҳадис ё ки ҳадисшиносӣ илмест, ки ба воситаи қоидаҳои он аҳволи санад ва матни ҳадис зери пажӯҳиш қарор мегирад. Мавзӯи ҳадисшиносӣ санад ва матни ҳадис буда, ҳадафаш донистани ҳадисҳои саҳеҳ аз ғайри саҳеҳ аст. Ҳадис он чиро гӯянд, ки аз сухану кирдори Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ё тақрир (сукут кадан аз коре, ки дар наздаш анҷом ёфта аст) ё сифати хулқӣ ва ё халқии ӯ ривоят шуда аст. Санад силсилаи ривоятгарони ҳадис аст, ки то матн мерасад. Матн ғояти санад аз калом аст, ки бадӯ ба поён мерасад ва он суханест, ки баъди поён ёфтани санад оғоз меёбад. Мисол, дар китоби «Саҳиҳ- ул-ҷомиъ»-и Имом Бухорӣ омадааст: «Ҳаддасанал Ҳумайдийю Ъабдулоҳибнуз Зубайри қола ҳаддасано Суфёну қола ҳаддасано Яҳёбну Саъидинил Ансорийю қола ахбаранӣ Муҳаммадубну Иброҳима Таймийю аннаҳу самиъа Ъалқаматабна Ваққосинил Лайсийя яқулу самиътӯ Ъумарабнал Хаттоби разияллоҳу ъанҳу ъалалминбари қола самиъту Расулаллоҳи саллаллоҳу ъалайҳи ва саллама яқулу: «Иннамал аъмолу бин-нийёти ва иннамо ликул лимриин мо наво, фаман конат ҳиҷратуҳу илод дунё юсибуҳо авимраатин янкиҳуҳо фаҳиҷратуҳу ило мо ҳоҷара илайҳи». Санади ҳадис аз сухани Имом Бухорӣ — «Ҳаддасанал Ҳумайдийю» сар шуда, дар «самиъту Расулаллоҳи саллалоҳу ъалайҳи ва саллама яқулу» анҷом меёбад. Матни ҳадисаз сухани Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) «Иннамал аъмолу биннийёти» то «фаҳиҷратуҳу ило мо ҳоҷара илайҳи» аст. Ривоятгарони ҳадис: Ал-Ҳумайдийю, Ъабдуллоҳибн-уз-Зубайр, Суфён, Яҳйа-бну Саъидинил Ансорий, Муҳаммадубну Иброҳимат Таймий, Ъалқаматабну Ваққосинил Лайсий, Ъумарубнул Хаттоб.
Ҳадис аз ҷиҳати қабул кардан ва ё радд намуданаш ба ҳадиси саҳеҳу ҳасан ва заиф тақсим мешавад.
Ҳадиси саҳеҳ ҳадисест, ки иснодаш, яъне занҷираи ривоятгаронаш, то охир ба ҳам пайваста асту аз ҷониби шахси адл, яъне росткори порсои дақиқҳифз ( яъне зобит) ривоят шуда аст ва хилофи ривояти муътамадтар (яъне шоз) набошад ва аз нуқсу костагии табоҳиовар (яъне иллат) пок бошад.
Пайваста будани санад ин аст, ки ҳар ривоятгар аз ривоятгаре, ки аз ӯ ривоят мекунад, ҳадисро мустақиман шунида бошад ва ин силсила аз афтодани ривоятгаре ва фароғ байни ривоятгарон салим бошад. Адолат — дурӣ гузидан аз гуноҳҳои кабира ва исрор наварзидан бар гуноҳҳои сағира ва рӯ гардонидан аз корҳои паст, монанди дар роҳ пешоб кардан ва ғ. Забт — ҳифз кардан ва расонидани сухан ба гӯши шунаванда аст, ҳамонгуна, ки суханро аз дигаре шунида, бе он ки дар он тағйир ва табдиле ворид намояд. Забт, яъне ҳифз ду навъ аст, яке ҳифзи ҳуш, ки он сахт аз ёд кардани ҳадис аст, ки ҳар гоҳ, ки хоҳад онро ба ёд овараду бекаму костӣ ривояташ кунад ва дигаро ҳифзи навиштан аст ва он нигаҳ доштани ҳадисҳои навишта аз таҳрифи дабирон ва котибони бад аст. Шузуз — мухолифати муътамад надоштан бошад, бо он чи, ки аз вай муътамадтар аст. Иллат — айбест пӯшидаву ноаён дар санад ё матни ҳадис, ки сабаби осеб дар эътибори он мегардад бо ин ки зоҳири ҳадис дурусту саҳеҳ ба назар мерасад. Иллат низ ба ду қисм аст: Яке иллати табоҳиовар, ки ба эътимоди ҳадис асар мекунад, монанди уфтодани ривоятгари ғайрибоварибахш миёни ду нафар ривоятгари муътамад. Дигаре иллати безиён, ки дар эътимоди ҳадис кора намекунад, монанди табдил кардани ривоятгари боварибахше ба боварибахши дигар.
Ҳадиси ҳасан монанди ҳадиси саҳеҳ аст, аммо ҳифзи ровияш аз ҳадиси саҳеҳ поинтар аст.
Ҳадиси заиф ҳадисест, ки ба дараҷаи ҳадиси саҳеҳ ва ҳасан нарасида ва ба сабаби гум кардани шарте аз шурути қабул, сифатҳои қабул дар он ҷамъ наомадаанд. Ин гуна ҳадис дар ҳукмҳои шаръӣ ва масоили ақидавӣ далел шуда наметавонад. Баъзе донишмандон ривоят кардани онро дар баъзе умур бо шартҳо иҷозат додаанд.
Ҳадиси марфӯъ ҳадисест, ки аз тарафи саҳобӣ ё тобеъӣ ё тобеъи тобеъӣ ба Пайамбар (дуруду паёми Аплоҳ бар ӯ бод) нисбат дода мешавад. Ҳадиси марфӯъ метавонад саҳеҳ бошад ва метавонад заиф бошад.
Ҳадиси мавқуф ҳадисест, ки фақат аз суханони ёрони Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва кирдору тақрирҳои эшон ривоят мешавад. Ҳадиси мавқуф саҳеҳ ва заиф шуда метавонад.
Ҳадиси мавзӯъ суханест, ки аз ҷониби нафаре бофта шуда, ба Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат дода шудааст. Ва он туҳмат ва дурӯғу буҳтонест, ки бар Пайғамбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барбаста мешавад ва ривоят кардану ривоҷ додани он бе баён кардани бофта буданаш гуноҳи бузург аст.
Муснад китобест, ки дар он ҳадисҳо аз рӯи номи саҳобаи ривоятгар бо тартиби алифбоӣ ҷобаҷо шудаанд(масалан, «Муснад»-и Имом Аҳмад ибни Ҳанбал). Муъҷам ҳам монанди муснад аст, магар ин ки дар оғози он даҳ саҳобии ба биҳишт муждадодашуда бо ривоятҳояшон меоянд (масалан, «Муъҷам»-и Табаронӣ). Китобҳои суннат бошанд, аз рӯи бобҳои фиқҳӣ тартиб дода шудаанд (монанди «Суннан»-и Тирмизӣ, «Суннан»-и Ибни Моҷа, «Суннан»-и Насоӣ, «Суннан»-и Абудовуд).
Гирдоварандагони ҳадис ва ҳадиспажӯҳон
Имом Бухорӣ. Кунияташ Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғайра ибни Бардизбеҳ рӯзи ҷумъаи сенздаҳуми моҳи шавволи соли 194ҳ. (19-ми июли 810 м) дар Бухоро ба дунё омад. Ӯ дар синни 62 солагӣ магар сенздаҳ рӯз, шаби иди Фитри шанбеи соли 256ҳ. (870 м) дар деҳаи Хартанаки Самарқанд ҷаҳони фониро падруд гуфт. Аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузошта аст, монанди «Ат-ториху-л-кабир», «Ат-ториху-л- авсат», «Ат-торих-ус-сағир», «Аз-зуъафо» ва ғайра, ки муҳимтарини онҳо «А-л-ҷомиъ-ус- саҳиҳ» аст, ки бо номи «Саҳиҳу-л-Бухорӣ» маъруф аст.
Имом Муслими Нишопурӣ. Абулҳусайн Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслим ибни Варад соли 204ҳ. (820 м) ё соли 206ҳ (822 м) дар шаҳри Нишопур таваллуд шуда ва дар ҳамонҷо шаби шанбеи моҳи раҷаби соли 261ҳ. (апрели 875 м) аз дунё даргузашт. Мусаннафоташ: «Ас-саҳиҳ» («Ассаҳиҳул Муслим»), «Ал-куно вал-асмо», «Ат-табақот» ва ғ.
Имом Тирмизӣ. Абуисо Муҳаммад ибни Исо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳок соли 209ҳ. (825м) ё 210 ҳ. (826м) дар шаҳри Тирмиз чашм ба ҷаҳон кушудааст ва шаби душанбеи сенздаҳуми моҳи раҷаби соли 279ҳ. (8-ми октябри соли 892м) дар деҳаи Буғи Тирмиз вафот кардааст. Китобҳояш: «Алҷомиъ» («Сунану-т-Тирмизӣ»), «Ал-ъилал», «Аш- шамоил», «Асмо-ус-саҳоба» ва ғ.
Имом Насоӣ. Абуабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алӣ ибни Синон ибни Баҳр соли 215ҳ. (830м) дар шаҳри Насои Марв зода шуда, рӯзи душднбеи сенздаҳуми моҳи сафари соли 303ҳ. (27-ми августи соли 915м) дар Фаластин аз ҷаҳон даргузашт. Китобҳояш: «Ас-сунан-ул-кубро», «Ас-сунан-ус-суғро», «Аз-зуъафоу вал-матрукун», «Тасмият-ул-фуқаҳоил- амсор», «Ал-куно» ва ғ.
Имом Абудовуди Сакистонӣ. Абудовуд Сулаймон ибни Ашъас ибни Шаддод ибни Амр ибни Омир соли 202 ҳ. (817м) ба дунё омада, дар синни 73 солагӣ, рӯзи ҷумъаи шонздаҳуми шавволи соли 275 (20 феврали соли 889м) дар Басра ин сарои сипанҷро раҳо карду сӯи сарои ҷовидонӣ шитофт. Таълифоташ: «Ас-сунан» («Сунану Абудовуд»), «Ал-маросил», «Ал-масоил», «Китоб-уз-зуҳд» ва ғ.
Имом ибни Моҷаи Қазвинӣ. Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Язид соли 209ҳ. (825м) таваллуд шуда, дар рӯзи душанбеи нуҳ рӯзи ахири рамазони соли 273ҳ (феврали 887м) фавт кардааст. Таснифоташ: «Ас-сунан» («Сунанубни Моҷа»), «Китобу-т-тафсир», «Китобу-т-таърих» ва ғ.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал. Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал ибни Асад бистуми рабиъ-ул-аввали соли 164ҳ. (22-ми ноябри соли 780м) дар Бағдод ва аз рӯи қавле дар Марв ба дунё омада ҳангоми ширхорагияш ба Бағдод бурда шудааст. Ӯ рӯзи ҷумъаи моҳи рабиъ-ул-аввали соли 241 ҳ. (августи 855м) дар Бағдод вафот кард. Китобҳояш: «Ал-муснад» («Муснад»-и имом Аҳмад), «Ал-ъилал», «Ан-носиху вал-мансух», «Аз-зуҳҷ», «Ал-имон» ва ғ.
Имом Молик ибни Анас. Абуабдуллоҳ Молик ибни Анас ибни Молик ибни Абуомир соли 93 ҳ. (712м) дар Мадина таваллуд шуда аст ва дар ҳаштодушашсолагӣ моҳи рабиъ-ул-аввали соли 179ҳ. (июни соли 795м) аз ҷаҳон даргузаштааст. Китобҳояш: «Ал-муватта», «Рисолатун фил қадар», «Рисолатун фин-нуҷуми ва манозилил-қамар», «Рисолатун фил-ақзия», «Рисолат-ус-сирр» ва ғ.
Имом Доримии Самарқандӣ. Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Фазл ибни Баҳром ибни Абдуссамад соли 181ҳ. (797м) дар Самарқанд зода шуд ва рӯзи тарвияи соли 255ҳ. (869м) баъди намози аср чашм аз ҷаҳон пӯшид. Таснифоташ: «Сунан-уд-Доримӣ», «Ат-тафсир», «Ал-ҷомиъ».
Шайх Аҳмад Муҳаммад Шокир рӯзи ҷумъаи 29-уми ҷумода-л-охираи соли 1309ҳ мутобиқ ба 29-уми январи соли 1892 милодӣ зода шуда, бомдоди рӯзи шанбеи 26 зулқаъдаи соли 1377ҳ, мутобиқи 14-уми июни соли 1958 милодӣ вафот карда аст. Дар илми ҳадисшиносӣ китобҳои зиёд таълиф карда, китобҳои бешуморро зери пажӯҳиш қарор дода, ҳадисҳояшонро таҳқиқ карда аст.
Назари хешро иброз кунед