Ҳарчанд исми ин диёр, — «Ванҷ» чун таърихаш хеле печидаю ноаёниҳо дорад, вале як ҳақиқат мусаллам аст, ки ин ном хеле қадимист. Гумон меравад, ки дар ин мафҳум то андозае мантиқи ободии мулку ғурури сокинонаш ҷой дорад.
Дар ин ҷода мо метавонем андешаи доманадоре пешниҳод намоем, вале аз он мулоҳиза дорем, ки меҳри беандозаи ба ин диёри аҷдодидошта беихтиёр тобишҳои рамзиро дар нисбати таҳлили воқеӣ болотар хоҳад гузошт, аз ин худдорӣ менамоем. Вале мебояд аз як чиз махсус ёдовар шуд; он номивазкуниҳое, ки барои мулкҳои мустақили асримиёнагӣ (Қорон ё Каррон ба Дарвоз, Рашт ба Қаротегин, Шумон ба Ҳисор, Мунк ба Балҷувон ва ғайра) маълум аст, дар таърихи Ванҷ ҷой надоштааст. Ин далел ҳаргиз маънии онро надорад, ки тарзи талаффуз ва мафҳуми он тамоман бетағйир мондааст.
Ривояте ҳаст, ки гӯё дар замонҳои қадим Ванҷ чун ҷои обод вирди забонҳо гардида, номи асилаш ҳам Ганҷ будааст. Ин овозаҳо ҳасаду рашки ҳокимони давлатҳои дуру наздикро торафт меафзуд ва онҳо беист ба ин мулк лашкар мекашиданд. Ҳарчанд мардони далер ҳифзи мулкро таъмин менамуданд, вале фишори беисту хароҷоти зиёд торафт диёрро хароб мекард. Аз ин сабаб, барои диққати он сарватхоҳу ганҷталабонро то андозае аз ин сарзамин дур кардан, номи «Ганҷ»-ро ба «Ванҷ» иваз намудаанд.
Аз рӯи ривояти дигар, гӯё пайдоиши ин ном ба пири хирад, Носир Хусрави Қубодиёнӣ алоқаманд буда, ибораи «Ванҷи ману ганҷи ман» низ бори аввал аз забони ин марди бузург баромадааст.
Дар байни ривояту қиссаҳои зиёде, ки аз ободию ҳосилхезии хоки Ванҷ, алалхусус хоки Водхуд паҳн шудааст, боз як чиз лоиқи ёдоварист. Аз рӯи мазмуни он, гӯё дар замонҳои қадим марди асилзодаю хеле донишманде, барои он, ки тахти Бухороро ишғол накунад, таҳти фишори беисти шоҳ қарор гирифта буд. Ӯ ночор ба тарафи кӯҳистон фирор карда, қарор дод, ки дар куҷое хоки ҳосилхезтар ёбад, он ҷоро қароргоҳи доимии худ интихоб хоҳад кард. Дар байни мардум ривояте аст, ки ҳосилхезии хокро бо роҳи заминро кандану боз хокашро ба ҷои кандашуда андохтан муайян мекардаанд. Агар хоки кандашуда чуқуриро аз нав пур кунад, хокро ҳосилхез медонистаанд. Дар роҳ, ӯ дар кадом ҷое, ки қарор мегирифт хокашро каме чуқур кофта, ба кафи дастон гирифта молиш медоду хеле синҷа карда, баъд боз бо ҳамон хоки кандашуда чуқуриро пур мекард. Ин амалро то Водхуди Ванҷ такрор мекарду дар ягон ҷой қарор намегирифт. Баъди ба ин ҷо расидан, чуқурие канду хокро хуб синча карда, онро аз нав ба чуқурӣ партофта дид, ки чуқурӣ кайҳо пур шудаасту хеле аз нисф зиёди хок ҳоло нағунҷидааст. Ӯ об оварда хокро тар карда, зер мекарду вале ҳанӯз нисф нашуда чуқурӣ дигар ғунҷонда наметавонист. Ҳамин тариқ, боз дар чанд ҷои деҳа ин амалро такрор намуд. Дар ҳама ҷо натиҷа якранг буд. Чуқуриҳои кандашуда аз нисф зиёди хокро ғунҷонда наметавонистанд. Дар ҳолате ки сокинони маҳаллӣ ин рафтори ӯро мушоҳида мекарданд, рӯзе бо овози баланд муроҷиат намуд: — Эй бародарон! Агар қабул кунед, ин деҳа ҷои зисти муқимии ман мешавад. Таҳҷоиҳо, ки ба хирадмандию асилзодагиаш бовар карда буданд, бо хушнудӣ раъй дода, ӯро ҳокими хеш интихоб намуданд. Ин мард фаҳмида буд, ки замини Водхуд ниҳоят ҳосилхез будааст. Дар давраи пешвоиро ба зимма доштани ӯ ин деҳа хеле обод шудааст. Иншоотҳои обёрикунандаи дар он давра сохташуда, тамоми гӯшаву канори Водхудро аз об таъмин мекарданд. Водхуд дар он вақт то дараҷае қувват гирифта буд, ки ҳокими (шоҳи) Ванҷ ҳам мустақилияти онро эътироф мекард, чунки таъминоти озуқаи он ҷиддан ба ин мавзеъ вобаста буд. Ибораи дар тамоми қаламрави Дарвозу Ванҷ ва берун аз он маълуми «Водхуд — сари худ» аз ҳамон давра маъмул аст.
Албатта, аз рӯи чунин ривоятҳо хулосаи амиқ баровардан хеле му- раккабу то дараҷае хилофи таҳлилу таҳқиқи илмист. Бинобар ин, аз овардани дигар ривоятҳо худдорӣ намуда, фақат ҳаминро таъкид карданием, ки дар ҳама ҳолат як хулоса мавқеи марказӣ дорад. Мувофиқи он ин мулк аз замонҳои қадим доимо ободу зиндагибоб будааст. Гумон меравад, ки обод нигоҳ доштани мавзеъ, пеш аз ҳама бо меҳнату ғайрати сокинонаш вобастагии ногусастанӣ доштааст. Аз ин рӯ, аз шарҳи шунидаҳои мухталиф худдорӣ намуда, лозим донистем, ки ақидаи донишманди тоҷик, шодравон Алиқул Девонақуловро аз ин хусус дастгирӣ намоем. Таҳлили эшон нисбати мафҳуми «Ванҷ» хеле ҷолиб буда, асоси воқеӣ дорад: «…Мегӯянд, ки ҳангоми сафар Носир Хусрави Қубодиёнӣ ба ин гӯшаи сарзаминамон унвони Ванҷро ато намудааст ва ифодаи «Ванҷи ману ганҷи ман»-ро он ҳаким ба вирди забон овардааст. Албатта, мардуми Ванҷ мардуми чунин халқу миллатест, ки шеърофарию донишандӯзиро ба худ касб кардаанд ва аҳли шеъру шоирӣ, илму олимиро ниҳоят дӯст медорад, ба қадру манзалати онҳо мерасанд. Бинобар ҳамин, шояд унвони Ванҷро ба ҳаким Хусрав нисбат додаанд. Худ аз худ равшан аст, ки вуҷудиёти Ванҷ ва таърихи мадании он хеле қадим аст. Дар фарҳангҳо ин калима, яъне «Ванҷ» — ба тариқи зерин шарҳ меёбад: «Ванҷ — ба фатҳи «вов» ва сукуни «нун», яъне «Ванҷ» — гунҷишк бошад. Дар баъзе фарҳангҳо калимаи дигаре, ки ба калимаи «Ванҷ» шаклан наздикӣ дорад, яъне «Ванинҷ»-ро дучор меоем, ки он ба тариқи зайл маънидод мешавад: «Ванинҷ — навъе аз автор, ё руди ҷома ва рубо- бу чағона». Дар «Фарҳанги Онандроҷ» қайд омадааст, ки «Ванҷ» деҳаест дар Насаф ва муарраби «Вана». Пас ин ишораи фарҳанг моро водор кард, ки калимаҳои ҳамреша «ван» ва «вана»-ро аз назар бигузаронем. Агар чи калимаи «ванҷ» соҳибмаъно буда, ҳатто дар ин байти Унсурӣ ба кор рафтааст:
Шикори боз харчолу куланг аст,
Шикори боша ванҷ асту кабӯтар.
Маро дер вақт як фикр ғам медод (дар ин ҷо муаллиф бо як самимият ибораи барои ванҷиҳо бисёр маъмул «ғам додан»-ро мавриди истифода қарор додааст — Ҳ.П.), ки номҳои макону музофотҳо бештар мояи ифтихори сокинони ин ҷо буда, бояд дорои маъниҳои арзишдоре бошад. Ам- мо ванҷиён барин мардуми сарбаланду фохир номи музофоти дӯстдоштаашонро аз калимаи «ванҷ», ки ба маънии «гунҷишк» бошад, ақл намепазируфт. Оқибат ба дарди ман ҳамин ишораи «Ванҷ муарраби «ван, вана» аст, даво шуду маро ба ҳақиқат наздик намуд. Калимаи «ван» дар «Бурҳони қотеъ» чунин шарҳ дода шудааст: «Ван (вана) — шабеҳ ва назиру монандро гӯянд; Ва ба маънии софу беғаш ҳам омадааст; Ва меваест мағздор; Мегӯянд ба ҳиндӣ беша ва ҷангали пурдарахтро; ва номи шаҳрест, ки Ҳусайни Фаррухӣ мансуб ба ин шаҳр аст».
Гузашта аз ин муаллифи «Фарҳанги Нафисӣ» ба кадом забон тааллуқ доштани калимаи «ван»-ро ба тариқи зерин баён мекунад: «Ван — маъхуз аз санскрит — чӯбу ҷангал, беша». Маълумоти Онандроҷ «мегӯяд ба ҳиндӣ беша ва ҷангали пурдарахтро»; маълумоти Нафисӣ «маъхуз аз санскрит — чӯбу ҷангал, беша» ва алалхусус номи деҳаи «Ҷангалак» дар Аравни Ванҷ эътиқоди маро афзун гардонид. Билохира аз як рафиқи ванҷиам шунидам, ки дар Ванҷи имрӯза унвони Ванвани болову Ванва- ни поён вуҷуд дорад, пас заррае шубҳаам боқӣ намонд. Инак, истилоҳи «Ванҷ» маҳсули калимаи санскрити (Ҳинди қадим) буда, ба шарофати талаффузи арабии «Ван» ё худ «Вана» ба «Ванҷ» табдил ёфтааст. Агар дар шакли аввалааш ин номи кишварамон ба забони ориёнии қадим тааллуқ дошта бошад, пас ба асари махлут шудани арабон дар давраҳои минбаъдаи исломӣ «Ван»-и Ориёнӣ ба «Ванҷ»-и арабишуда мубаддал гаштааст»[1].
Албатта, он чи ки дар боло нисбати шарҳи мафҳуми «Ванҷ» омадааст, ҳақиқати бебаҳс буда наметавонад, чунки дар як луғати «Бурҳони қотеъ» ибораи «ван» тобишҳои гуногун гирифтааст, аз ҷумла: «шабеҳ, назиру монанд», «софу беғаш», «меваи мағздор», дар ҳиндӣ «беша ва ҷангали пурдарахт». Бо чунин маънӣ дар «Фарҳанги Нафисӣ» низ омадааст. Ба гуфтаҳои боло боз шарҳи калимаи «ван»-ро, ки дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст илова кардан лозим меояд. Дар он гуфта шудааст: «Ван — меваи зира, ки андаруни он мағзаке бошад; ба ҳиндӣ чирунҷӣ гӯянд; ва калимаи ташбеҳ аст, ба маънии монанд (аз «Ҷаҳонгирӣ»)».
Ҳамаи ин гуфтаҳо ба ҳақиқат наздиканд, чунки водии Ванҷ чӣ хеле ки дар боло қайд шуд, сердолу дарахт буда, ҳатто он «меваи мағздор»-е, ки ишора шудааст, шояд чормағзи ба ҳама маълуми ванҷист, ки пӯсти ниҳоят тунуку мағзи пурра дорад. Лекин дар ҳар ҳолат, ҳатто тарзи шарҳи мафҳуми ном ҳам аз ҳамон фаҳмиши ривоятие, ки гӯё «Ванҷ» ҳаммаънӣ, ҳамрадифи «Ганҷ» аст муқобил набуда, онро то андозае пурра ҳам мекунад.
Ҳарчанд аз диди худшиносии имрӯза, ғурури ватанпарастии дар ниҳоди сокинони Ванҷи асримиёнагӣ буда, то андозае маҳдудияти марзӣ дошту аз доираи мулки бобоӣ ё зодгоҳашон берун буда наметавонист, худ чун амали ҷудоихоҳӣ ба назар мерасад, вале дар ин ҷода бояд аз як зарурату ҳақиқати дигар сарфи назар накунем. Дар замони паро- кандагии феодалӣ (гузашта аз он, ҳаёти патриархалӣ), ки қувваҳои марказгурез ҳудуди умумии давлатро ҷудо карда, сабаби ҷангу ҷидолҳои байнихудӣ, ҳуҷуми беисти бегонагон гашта, билохира, ба заволи давлатдории тоҷикон расонда буданд, чунин ҷудоихоҳӣ ё сепаратизми маҳаллӣ, чун шарти ягонаи таъмини зиндагӣ қабул мешуд. Маҳз шуҷоату қаҳрамонӣ дар ҳифзи мулк аз ҳамсояҳои худию бегонаи аз қаламрави авлодӣ дур, ягона воситае буд, барои нигоҳ доштани хусусиятҳои азалии ирқию этникии худ. Дар ин ҷо муҳофизат аз «худиҳо» ба он маънӣ омадааст, ки дар бисёр мавридҳо «худиҳо» бо иғвою дастгирии бегонагон ҳуҷум карда, барои забту қабули бандагӣ мусоидат менамуданд.
Бояд қайд кард, ки ин «ҷудоиандозӣ, ҷудоихоҳӣ ё сепаратизм»-и маҷбурӣ на фақат барои ванҷиён, инчунин барои тамоми тоҷикони кӯҳистон нисбат дошта, шаҳодати ҳамбастагиву ҳамтақдирии онҳост. Аз ин рӯ, то солҳои 40-уми асри XIX Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ доштааст. Давраҳое буданд, ки ҳокимони ванҷӣ ба ҳуҷуми қувваҳои сершумори низомии ҳамсояҳои дуру наздик дучор шуда, тобеъияти муваққатиро қабул мекарданд. Вале ин тобеъиятро халқи шуҷоаш батамом напазируфта, муттасил муборизаро идома медод ва баъди чанде мустақилияти худро ба даст медаровард. Аз китоби «Ванҷи ман»-и Ҳ. Пирумшоев.
[1] Девонақулов А. Асрори номҳои кишвар. — Душанбе: Ирфон, 1989. — С.90-91.
Гуё дар забони Шугни ван ин дарахти бед ва дар дараи Гунди Шугнон дехае ба номи Ванкалъа хасту, ончо сархад буда, асосан дарахтони ван(бед) меруянд, ба истиснои дарахтони зардолу, ки мардум солхли наздик онхоро шинондаанд ва тирамохи танг онхо мепазанд.
Дар Курдистон кули Ван хаст (холо дар Курдистони Туркия) ва вилояти Ван низ хаст, мардуми буниашон курдхо мебошанд.
Санговхои хозираи Ванч пеш аз кулдури чангалзор будаанду, дарахтони асоси ин бед ва бедзор.Яъне маънояшро дар забони авестои шугни ва курди агар мукоиса намоем чи мешуда бошад?