Ҷаҳонгир Сулаймонов низ аз сулолаи Амонатпаҳлавон аст. Ӯ 10 сентябри соли 1975 дар деҳаи Рованд ба дунё омада, таълиму тарбияи мактабиро то синфи 5 дар зодгоҳ ва баъд дар шаҳри Душанбе идома додааст. Солҳои 1994-1999 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намуд. Ба шуғли гӯштӣ аз хурдӣ алоқамаид аст. Табиист, ки ба ин анъанаи аҷдодӣ сабаб шудааст.Ӯ аз соли 1986 инҷониб бевосита дар зери роҳбарии падараш Маҳмадшариф Сулаймонов машқ карда, нозуктарин амалҳои ин касбро аз бар намудааст.
Аз соли 1998 инҷониб дар мусобиқаҳои расмии мақоми боло ширкат меварзад. Соли 1989 дар мусобиқаи умумииттифоқӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон ҷои аввалро ишғол намуд. Баъдан дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла дар Чебоксар (1989), дар Тбилиси (1990), спартакиадаи умумииттифоқии мактаббачагон (дар он ҷои сеюмро ишғол намуда, устоди варзиши ИҶШС шуд), мусобиқаи умумиҷаҳонй дар шаҳри Софияи Булғория дар байни ҷавонон (1995), бозиҳои минтақаи Осиёи Миёна дар Алма-Ато оид ба дзюдо, варзиши минтақавӣ оид ба самбо дар Узбакистон (1998) ба гирифтани ҷойҳои дуюму сеюм ноил гаштааст.
Яке аз муваффақиятҳои назарраси ин паҳлавони ҷавон иштирокаш дар мусобиқаи байналмиллалии Ҷоми ҷаҳон соли 1999 ва дар он гирифтани медали нуқра ҳисоб меёбад.
Соли 2001 дар шаҳри Красноярск, дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии самбо ҷои 3-юмро ишғол намудааст.
Ҳоло ин паҳлавони умедбахш барои ширкат намудан дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷиддан тайёр мешавад. Ҳамдиёрон орзу мекунанд, ки ин ҷавони ғайратманд дар онҳо борҳо дастболо гардад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед