Аввалин устоди варзиши ИҶШС аз ноҳияи Ванҷ, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1951 дар деҳаи Удоби деҳшӯрои Техарв таваллуд ёфтааст. Ҳарчанд аз давраи мактабхонӣ ҳаваси варзиш дошт, вале ба таври ҷиддӣ ба ин шуғл дар солҳои дар хизмати ҳарбӣ буданаш, даст задааст. Худогӯ дар чандин мусобиқаҳои сатҳи умумииттифоқй ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дастболо шудааст. Бо чунин паҳлавонони номии солҳои 70-ум дар миқёси умумибашарӣ А. Пушнитса, А. Хапай қувваозмоӣ, намуда санъати баланди гӯштии тарзи самборо намоиш додааст.
Ҳоло шогирдони ин марди варзишгар Эргаш Маҳмадбеков, Шер Маҳмадбеков — устодони варзиши Федератсияи Русия, Файзалй Худобахшов, Рашид Гулматшоев — номзадҳо ба устодии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин дигарон умедбахшони ояндаи ин шуғли ниёгонанд.
Худогӯ Ҷумъаев яке аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон буда, ба садҳо ҳамдиёрон илму адаб ва нозукиҳои санъати варзиши бобоёнро омӯхтааст ва умед ҳаст, ки боз даҳсолаҳо дар ин ҷода хизмат хоҳад кард. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед