Мулло Сулаймонов 25 октябри соли 1941 дар деҳаи Рованд ба дунё омадааст. Соли 1968 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо бо тахассуси муаллими тарбияи ҷисмонӣ хатм намудааст.
Ӯ яке аз варзишарони хуби ҷумҳурӣ буд. Дар аксари соҳаҳои мухталифи Варзиш, гӯштӣ, волейбол, футбол, баскетбол, давидан, ҷаҳидан, шиноварӣ, шоҳмоту шашка маҳорати фавқулодда баланд нишон медод. Аз намуди варзиши гӯштӣ борҳо дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ дастболо шудааст. Вале ҳунари касбии ӯ волейбол буд. Дастаи яккачини ВМКБ чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон гаштааст.
Дар пойгоҳи асптозӣ, човандозӣ, дар ноҳия борҳо пешсаф будааст. Торнавози хубу овозхон буд. Барои пешбурди намунавии кору таълим бо нишони “Аълочии маорифи халқ” мушарраф гашта буд.
26 апрели соли 1989 ин ҷавонмарди боғайрат ҳангоми гузаштани курси такмили ихтисос дар Хоруғ дар синни 41-солагй ногаҳон аз ҷаҳон даргузашт. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед