Дар пайи муҳоҷирати оммавӣ ба Русия тоҷикон тадриҷан муқими ин кишвар шуданд ва ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангии хешро таъсис доданд. Яке аз чунин созмонҳо Ҷамъияти тоҷикони вилояти Твер мебошад, ки аз аввалинҳо ва дар ибтидои солҳои дуҳазорум таъсис ёфтааст.
Ҷамъияти тоҷикони Твер дар соли 2000 аз ҷониби афроди оқилу бохирад ташкил дода шуда, барои сарҷамъӣ, таовуну ҳамкорӣ ва намоишу муаррифии фарҳанги миллӣ амалҳои сутуданиеро анҷом додааст. Раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Твери Русия Майбалиев Муқим Хушвахтшоевич ва муовини раиси ҷамъият Хушаков Эмомназар Аъзамович мебошанд.
Ин ҷамъият, ки ҳоло “Мухторияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони муқими вилояти Твер” унвон дорад, дар миёни чунин ҷамъиятҳои Анҷумани халқҳои Русия (Ассамблея народов России) ҷойгоҳ ва эътибор дорад.
Теъдоди тоҷикони муқими ин вилоят, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, беш аз 30 ҳазор мебошанд. Бо ташвиқу имдоди ҷамъият афроди таълимдида ва боихтисос дар соҳаҳои гуногун фаъолияти корӣ доранд. Теъдоде аз духтурон (беш аз 15 нафар), кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (беш аз 10 нафар), мураббиён варзиш (беш аз 30 нафар) ва мутахассисони дигар соҳаҳо дар муассисаҳои шаҳр ва навоҳии Твер дар хидмати мардум мебошанд.
Ҷамъият ба муносибати ҷашнҳои миллӣ ва расмии Тоҷикистон дар шаҳри Твер бо ҳузури ҳаммилатон ва меҳмонон аз дигар халқу миллатҳо маъракаҳо баргузор мекунад ва фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикиро намоиш дода, тамаддуни миллиро бар дигарон муаррифӣ менамояд. Аз ҷумла иди Наврӯзро бо шукӯҳи хосса таҷлил мекунанд. Барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ шароит фароҳам оварда, овозхону аҳли фарҳангро аз ҷумҳурӣ даъват менамояд.
Пешрафти ҷамъият дар соҳаи варзиш назаррас буда, ҷавону навҷавонон бештар ба он шуғлу шавқ доранд. Мураббиёни ҳамдиёр ҷавононро дар риштаҳои куштигирӣ, ҷудо, самбо, куштии озод, футбол, варзиши размӣ парвариш медиҳанд. Ин муррабиён аксар ба хотири нишон додани натиҷаи хуб дар пеша бо унвону ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Муовини раиси ҷамъият, ҷавони донову кӯшо Эмомназар Хушаков талош дорад, ки куштии миллии тоҷикӣ – гӯштингириро дар вилоят ба расмият дарорад. Бо ташаббуси ӯ ҷамъият мусобиқаҳои гӯштингирӣ ташкил карда, варзишгарон аз ҳар халқу миллат, аз Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва ғайра даъват шуда, қувваозмоӣ мекунанд. Чунин мусобиқаҳо ба ёдбуди Аъзам Хушаков ва таҷлили Иди Наврӯз ҳар сол расман баргузор мешаванд.
Тоҷикони ин вилоят дар соҳаҳои варзиш пешрафту комёбиҳо ба даст овардаанд. Намояндагони мактабҳои варзиии ин ҷо монанди Обид ва Толиб Ҷебовҳо дар риштаи ҷудо, Самандар Муродов дар риштаи ММА, Рустам Хайлоев дар риштаи футбол (ҳоло бозигари тими мунтахаби Тоҷикистон) ва дигарон маъруф гаштаанд. Ҳаммиллатони мо дар Русия ба дигар риштаҳои варзиш роҳ ёфта, ҳунару истеъдоди хешро нишон додаанд. Ҳамлагари беҳтарини тими мунтахаби регбии Русия намояндаи ин ҷамъият аст. Дар риштаҳои самбо акробатика, гимнастика ва ғайра намояндагони ҷамъият пешрафт доранд.
Назари хешро иброз кунед