Гарчи дар баъзе лаҳзаҳои таърихӣ дар ин сарзамин тағйироти ҳудуд ва давлатию маъмурӣ ба назар мерасад, мустақиман ҳудуди доимӣ ё анъанавию маъмурии он, ҳатто баъди пурра тобеъ шудани шоҳигарии Дарвоз ба Аморати Бухоро ва табдили он ба бекигарӣ (соли 1878), то Шартномаи сарҳадии байни Русия ва Англия (соли 1895) бетағйир монда, бо чунин фаҳмиши ҳудудӣ шинохта мешуд:
Дар шимолу ғарб сарҳади Дарвоз то қаламрави бекигарии Қаротегин мерасид. Хати ҳудуди он аз зинаҳои болои пиряхи Федченко, қад-қади теғаҳо то қуллаи Пётри 1 (Қаротегин) дар ғарб тӯл мекашид. Қаторкӯҳҳои Қаротегин водии дарёи Сурхобро аз водии Хингоб чудо менамоянд. Аз даҳ ағбаи Дарвозу Қаротегин (Рашт)-ро бо ҳам пайвасткунанда, барои алоқаи доимиро нигоҳ доштан ағбахои Лӯлихарв, Камчирак ва Ёфуч барои робита муносибтар буданд. Рафту омад ба воситаи ағбаи Ёфуч тамоми зимистон низ қатъ намешуд. Ҳудуди шоҳигарӣ ва баъдан бекигарии Дарвоз дар шимолу ғарб аз деҳаи Посвун ибтидо гирифта, қад-қади сохили рости Хингоб то болоби он тӯл мекашид.
Дар ғарб ҳудуди чуғрофӣ ва маъмурии Дарвоз то сарҳадоти бекигариҳои Балҷувону Кӯлоб мерасид. Дар инҷо қаторкӯҳи Дарвоз торафт паст шуда, ба водии Кӯлоб мепайвандад. Хатти сарҳади Дарвоз дар ин самт аз деҳаи Талбар ба воситаи кӯҳҳои Банди Сари Об гузашта ғарбтари ағбаи Качпитов ба воситаи қуллаи Варчуч, ғарбтари дарёи Оби Равнов, болои теғаи Ҳазрати Шо (Кӯҳи Ҳазрати Лангар), ба воситаи ағбаҳои Варчучу Валвалак ва теғаи кӯҳи Фурӯш то дарёи Панҷ, каме поёнтар аз деҳаи Зиғар мегузарад. Дар ҷануб сарҳади мулки Дарвоз то ба сарҳадоти Бадахшон тӯл мекашид. Хатти марзи он аз ҷануб ва ҷанубу шарқии деҳаи ҳудуди Афғонистон — Дешара, қад-қади дарёи Зирнут то болооби он ва аз он ҷо бо кӯҳҳои Сафедхирс ва ағбаи Иш, кӯҳҳои Мадуд, Пат ва Ғаздара гузашта ба воситаи теғаи қуллаи Камалинг, ағбаи Равонҷо то Жумарчи боло тӯл мекашид (тибқи шартномаи муторакаи байни Русия ва Англия оиди хатти сарҳади қаламрави Дарвоз аз соли 1895 қисмати чапи соҳили Панҷ чун қаламрави Афғонистон ва хатти сарҳадии бекигарии Дарвоз дар соҳили рости ин дарё, аз резишгоҳи дарёи Бартанг то Оби Ниов ё Зиғар муқаррар шуданд).
Дар шарқ сарҳади Дарвоз то ҳудуди Рӯшон, (ки баъдтар бо хатти сарҳадии Русия дар Помир рост меомад), аз доманаи қуллаи кӯҳи Камалинг (дар соҳили чапи Панҷ) ба воситаи ағбаи Вардуду дарёи Тангшив гузашта, то қуллаи кӯҳи Хоҷаи Мадатманд ва аз он ҷо ба самти шимолу шарқ аз рӯи соҳили рости дарёи Тангшиву ағбаи Бодомбуҷ, то дарёи Панҷ тӯл мекашид. Хатти сарҳади Дарвоз аз ин ҷо ба воситаи овринги Хингак, қуллаи Язгулом, дар шимолу шарқ ба воситаи ағбаҳои Ёдудӣ, Камчдара то пиряхи Федченко тӯл мекашид.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар асрҳои миёна ҳудуди шоҳигарии Дарвоз вобаста ба иқтидори иқтисодию ҳарбӣ ва фаъолияти сиёсии соҳибмулконаш тағйир меёфт. Масалан, дар миёнаи қарни XIX ба сабаби бо маслиҳати тарафайн муттаҳид шудани мулки (шоҳигарии) то кунун мустақили Ванҷ бо шоҳигарии Дарвоз ҳудуди мулк қариб ду баробар васеъ шуд. Ҳатто замонҳое будаанд, ки каламрави кишвар аз ҳисоби ғасби шоҳигарию мулкҳои ҳамҷавору ҳамсоя муваққатан васеъ шуда, баъди муддате дар ихтиёри шоҳони Дарвоз боз ҳамон худуди маъмурии пешина боқӣ мемонд. Аз диди кунунӣ қаламрави мустақими шоҳигарии Дарвоз ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Тавилдара, Дарвоз, Ванҷ, водии Вахиё ва тамоми соҳили чапи дарёи Панҷ, аз қалъаи Кӯф то Жумарчи боло, ки ҳоло қисме худуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд, дар бар мегирифт.
Тибқи маълумоти солхои 80-уми асри XIX ҳудуди масоҳати бекигарии Дарвоз қариб 400 верст (402,2 километр) тӯл ва аз 120 то 600 верст арз дошт. Ба тахмини капитани Штаби генералии рус Кузнетсов, ки дар ин ҷо мустақиман тадқиқот бурдааст, ҳудуди умумии бекигарӣ 16 875 версти квадратиро ташкил мекард[1], ки ба 17 000 километри квадратӣ баробар аст (Ба маврид аст, барои муқоиса қайд намоем, ки масоҳати ноҳияи Дарвози кунунӣ ҳамагӣ 2 824,5 км.кв.-ро ташкил медиҳад. Яъне масоҳати имрӯзаи ин ноҳия дар шашяки ҳудуди шоҳигарии Дарвоз қарор дорад).
Аз шаш бештар Панҷ ҳиссаи мулки Дарвозро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Аз тангнои дараҳои сершумори онҳо рӯдҳои бешумор ва се дарёи нисбатан бузурги ин сарзамин, яъне Хингоб, Ванҷоб ва оби Язгулом ибтидо мегиранд. Аз замонҳои хеле қадим то миёнаи солҳои 90-уми асри XIX қисми дарёи Панҷ (болооби Амударё), ки аз қаламрави Дарвоз мегузарад ҳудуди онро ба соҳилҳои росту чап ҷудо мекард. Паҳнои ин дарёи бузурги пуртуғён, ки қаъри кӯҳҳоро шикофта мегузарад якхел нест. Агар дар баъзе ҷойҳо паҳнои об, аз соҳили рост то чапи он, 100-150 метр ва аз ин ҳам зиёд бошад, дар мавзеъҳои дигар аз тангнои кӯҳҳо гузашта, масофаи байни соҳилҳо то ба 20-30 метр наздик мешавад. Фақат дар қаламрави Дарвоз дарёи Панҷро зиёда аз 35 шохоби калону миёнаи тарафи рост ва 40 шохоби тарафи чап сероб менамуданд. Аксаран аҳолии мулки Дарвоз аз қадимулайём водиҳои ҳосилхезу зебоманзари дарёҳои ба Панҷ ва Хингоб ҷоришаванда ва шохобҳои онҳоро иқоматгоҳи доимӣ ва авлодии хеш интихоб намудаанд.
Дарёи Хингоб низ бо шохобчаҳояш қариб ба пуррагӣ аз ҳудуди Дарвоз ҷорӣ буда, фақат маҷрои поёнии он аз деҳаи Посвун сар карда то резишгоҳи он ба дарёи Сурхоб аз қаламрави шоҳигарии (сипас бекигарӣ) Қаротегин мегузашт. Ин дарё аз пиряхҳои Гармо ва кӯҳи Лозур (кӯҳи яхбаста) ибтидо гирифта, баъди бо ҳам омехтани дарёҳои Бохуд ва Гармо номи Хингобро мегирад, чунки талу теппаҳои дар маҷрои дарё ҷойгир буда, обро бо гили худ ҳамранг гардондаанд. Дарёи Хингобро қариб 60 шохоби тарафи рост ва 50 шохоб, ки аз қуллаи кӯҳҳои пиряхпӯши Дарвоз ибтидо мегиранд, шодоб гардонидаанд. Калонтарини ин шохобҳо Оби Мазор, Оби Сағирдашт ва Оби Гурумбак мебошанд. Шохоби калонтарини тарафи рости Хингоб оби Дараи Сағрун (Суғурон), Оби Пашиғар, Оби Юзманд (ё Узманд), Оби Шакоб ҳисоб меёбанд. Ҳамчунин ҳамаи водиҳои дарёҳои Ванҷ ва Язгулом низ дар қаламрави Дарвоз ҷой доштанд. Ин ду дарё аз Кӯҳи Лозур (Қуллаи Академияи фанҳо) ва Пиряхи Федченко ибтидо мегиранд.
Мардумшиноси рус граф А.А.Бобринской соли 1898, яъне се сол пас аз марзбандии сарҳадӣ байни Русия ва Англия (1895) ба қисми ҷанубӣ-шарқии аморат — Бухорои Шарқӣ, хосатан бекигарии Дарвоз сафари илмӣ намуда, дар баробари дигар маълумот, мавқеи чуғрофии онро хеле пурра қаламдод кардааст. Табиист, ки дар қайдҳои сафарии ӯ амлокдориҳои собиқи он (Хоҳон, Кӯф, Шикай, Жумарч ва қисми чапи соҳилипанҷии амлокдории Қалъаихумб) ки дар асоси ин шартномаи муторакаи сунъӣ ва ниҳоят ноодилона ба қаламрави Афғонистон гузашта буданд, сарфи назар шудаанд. Бинобар мушоҳидаи мустақими он сайёҳу мардумшинос мавқеи чуғрофии бекигарии Дарвоз, ки онро «Дарвози шимолӣ» ном бурдааст (қисми соли 1895 ба Афғонистон гузаштаи Дарвозро чун «Дарвози ҷанубӣ» меномад), дар қисми рости дарёи Панҷ, пасхами ғарби кӯҳҳои Помир ҷой гирифтааст.
Ин диёри кӯҳӣ аз водиҳои байникӯҳии дарёҳои Хингоб, Ванҷ, Язгулому Панҷ таркиб ёфтааст. Ду қаторкӯҳи баланди Дарвоз ва Ванҷ чун бахшгоҳҳои обтақсимкунии байни водиҳои ин дарёҳо ҳисоб меёбанд. Ба ин ду қаторкӯҳ боз сеюм — қаторкӯҳи Пётри 1-ро ҳамроҳ намудан лозим меояд, ки дар сарҳади шимолии Дарвоз ҷой дошта, водии Хингобро аз водии Сурхоби Қаротегин чудо мекунад. Ҳар се қаторкӯҳ дар саргаҳи Ванҷ бо якдигар гиреҳ хӯрда, бо кӯҳҳои Помир омезиш меёбанд. Дар сарҳади ғарбӣ қаторкӯҳи Дарвоз паст шуда, ба суфакӯҳҳо ва сипас ба арракӯҳ ё қаторкӯҳҳои хурде, ки нишебиҳои соҳилии водиҳои Ёхсу, Қизилсуи кучак ва дигарҳо ташкил мекунанд, мерасанд, Дар ҳудуди бекигарии Кӯлоб онҳо ба пасхамию теппаҳо табдил меёбанд. Ҳамин тариқ сарҳадоти Дарвоз дар шимол ба Қаротегин, дар шарқ ба суфакӯҳҳои Помир, дар ҷануб ба дарёи Панҷ, ки дар соҳили чапи он қисми ба Афғонистон додашудаи Дарвози таърихӣ ва Бадахшон ҷой доранд, дар ғарб ба қаламрави бекигариҳои Кӯлобу Балҷувон мерасанд[2].
Ба ҳамин монанд, ҳанӯз дар ибтидои солҳои 80-уми асри XIX мавқеи ҷуғрофии шоҳигарии Дарвозро дар «Қайдҳои сафари»-и хеш Г.А.Арендаренко хеле мӯъҷазу содда ба тариқи зайл муайян намудааст: «…аз давраҳои хеле қадим то замони аз тарафи амири Бухоро зӯран тобеъ кардан, Дарвоз мустақилияти худро нигоҳ дошта, ҳудудаш дар шимол то сарҳади Қаротегин, дар ҷануб то Бадахшон, дар шарқ то Шуғнон ва дар ғарб то Кӯлоб тӯл мекашид»[3].
Аз вазъи ҷуғрофӣ ва иқтисодию иҷтимоии Дарвози пешазинқилобӣ дар китоби Гулшанӣ «Таърихи ҳумоюн» маълумоти ҷолиб кам нест, вале баъзе навиштаҳои ин муаллиф асоси воқеӣ надошта, бофтаи хаёли нависанда мебошанд. Баъзан эҳсос мешавад, ки маълумоти нисбати баъзе мавзеъҳо ин намояндаи расмии дарбор, надими амир Абдулаҳад (1885-1910) оварда, натиҷаи мушоҳидаи шахсӣ набуда, ҳосили пурсу ҷӯҳоеанд, ки аз ривояти шахсони дуюму сеюм хулосабарорӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, маълумотҳои ҷуғрофии муаллифи номбурда дар нисбати саёҳону тадқиқотчиёни рус заифтар ба назар мерасанд.
Дар шарҳи мавзеи Дарвоз Гулшанӣ чунин овардааст: «Шаҳри ин вилоят мусаллас-ул-кул дар васати се кӯҳи рафеъ ва даруни як сой воқеъ аст. Се ҳудуди шарқӣ ва шимолию ҷанубии онро кӯҳҳои рафеъ иҳота намудааст: шарқи он шӯъбаи кӯҳи Боми Дунё, яъне кӯҳи Помир ва шимоли он низ силсилаи кӯҳи мазкур аст ва ба кӯҳи шимолии он маъдани шомақсуд аст, ки аз он тасбеҳ менамоянд. Ва кӯҳи ҷанубии он маъдани ёқут ва онро кӯҳи Нашвомум[4] меноманд»[5].
Гулшанӣ хулосаи худро нисбати мавқеи ҷуғрофии Дарвоз ин тавр ҷамъбаст намудаст: «Шаҳри Дарвоз ба тарафи кунҷи ҷанубу шарқии Қаротегин ва кунҷи шарқу шимолии Бадахшон ва ба ғарби кӯҳи Помиру Дашти Олой ва шарқии тавобеи Ҳисору Хатлон воқеъ аст»[6]. Аз ин навиштаҳо ва дигар ахбори Гулшанӣ дар мавриди ҷуғрофияи Дарвоз ба хулосаи дақиқ расидан хеле мушкил аст.
Табиати кӯҳсор, зинаҳои номутаносиби ҷойгиршавии деҳот аз сатҳи баҳр, қуллаҳои кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи абадан зери қабати ғафси пиряхҳои азим, доманакӯҳҳои зимистон сарду тобистон тафсони ин ҷо сабаби иқлими хеле тағйирёбанда ва мутафовити фаслҳои сол шуда, дар навбати худ ба низоми набототу ҳайвонот ва ҳатто ба тарзи зиндагии сокинони бумии ин мавзеъҳои баландкӯҳ таъсир расонидаанд. Агар зимистони деҳаҳои Зиғару Нулванд ҳамагӣ 2-3 моҳ идома дошта бошад, дар Пашиғар, Сағирдашт, Работ, болооби Ванҷоб то 5-6 моҳ тӯл мекашад.
Дар баъзе мавзеъҳои кӯҳдоман иқлими ниҳоят хушк сабаби камрустанӣ шудани онҳо гашта бошад, кам нестанд водиву талу теппаҳои намноке, ки бо дарахтзору анбӯҳи рустаниҳои дигар пӯшида шудаанд. Бахусус ин табиати зебову дилрабои қаламрави собиқ Дарвози таърихӣ дар водиҳои Хингоб ва қисмати болоии Ванҷоб бараъло ба назар мерасад. Вобаста ба бардошти шароити иқлимии мавзеъҳо чунин навъҳои дарахти мева аз қабили себ, ҷормағз, ангур, анор, анчир, нок, тут, зардолу, шафтолу, олу, гелос ва гайра парвариш меёбанд (дарахтони мевадори худрӯй ва чангалӣ низ хеле зиёданд), ки аз қадимулайём қисми муҳимми захираи ғизоии сокинони бумиро ташкил медоданд.
Табиати дилрабои Дарвозро аз диди худ ба риштаи тасвир оварда А.А.Бобринской менигорад: «Сайёҳатчии тамоми рӯз аз кӯҳу шахҳо гузашта, аз баландии қуллаи кӯҳ бо дидани деҳоти обод, ки ҷои барои дамгирӣ интихоб мешавад, чун чазираест дар байни кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва аз он ҳаловати махсус мегирад. Ин гӯё мукофотест барои заҳматаш. Алалхусус аз деҳоти дар наздикии дарёи Панҷ ҷойдошта, ки дар сояи дарахтони бузурги чинор, ҷормағз ва арарҳои аз ҳама баланд қоматафрохта биноҳо «ғарқанду» сабзаи густурдаи тару тозаи атрофи хонаҳо, ки аз барашон чӯйборҳои мисли шаддаҳои нуқрагин оби мусаффои чун булӯр кафк зада аз кӯҳ ҷорӣ мешавад чашми кас сер намешавад. Қад-қади пайроҳаҳо, аз назди боғҳо гузашта кас рустаниҳои гуногун, чун буттаҳои зирг, зелол, хуч ё настаран, анор, дарахтони аз меваи пурбори зардолу, олуча, тути сафеду сиёҳ, муруду себро мебинад, ки ҳар кадоме чилои махсуси худро дорад ва роҳгузарро дар ҳайрат мегузорад. Аз ҳар тараф садои парандагони кӯҳӣ ба гӯш мерасад. Дар ин муҳите, ки кас аз бӯи меваю гиёҳҳо маст мешавад, як фазои осоишу оромии томи фароғатбахш ҳукмфармост»[7]. Аз китоби “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ.Пирумшоев.
[1] Кузнецов П.А. Дарвоз (Рекогносцировка ген. шт. капитана Кузнецова в 1892 г.) — Новый Маргелан, 1893. — С.9 — 10.
[2] Ниг.: Бобринской А.А. Орнамент горных таджиков Дарваза (Нагорная Бухара) М.,1900. — С.3; Ҳамчунин, аз ҳамон муаллиф. Очерки быта по путевым заметкам. М., 1908. — С.24.
[3] Бухара и Афганистан в начале 80-х годов XIX века. Центральная Азия в источниках и материалах ХГХ-начала XX века. (Журналы командировок Г.А.Арендаренко). — М.: «Наука», 1974. — С. 94.
[4] ба ақидаи мураттиби китоб Ҷ.Назриев, Нашвомум — шакли ғалати номи кӯҳи Нусай ва Мунав аст, ки дар қисмати соҳили чапи дарёи Панч чойгир буда, тибқи Шартномаи соли 1895 байни Русия ва Англия ба Афғонистон дода шудааст.
[5] Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн. — С. 157.
[6] Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. С.160.
[7] Бобринской А.А. Орнамент горных таджиков Дарваза (нагорная Бухара). — М., 1900. — С.7-8.
Назари хешро иброз кунед