Ҳикмати Ҳисорӣ

  hisoriҲикмати Ҳисорӣ — узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор, 5 марти соли 1952 дар деҳаи Ғӯмаяки ноҳияи Ванҷ, дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1969-1974 дар факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи давлатии МиллииТоҷикистон)  идомаи донишандӯзӣ намуд.
  Ҳанӯз аз давраи аввали донишҷӯӣ Ҳикмати ҷавон ба омӯзиши проблемаҳои рӯзмарраи илмӣ мароқ зоҳир карда, ин шавқу маслиҳати устодон ӯро билохира баъди донишгоҳ ба майдони ҳақиқии илм, ба шӯъбаи аспирантураи Институти ботаникии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ворид сохт. Баъди муддате бо маслиҳати кормандони соҳибтаҷриба ва роҳбарияти Институт ин ҷавони умедбахшро ба яке аз марказҳои машҳури илми Шӯравӣ — ба Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Украина роҳхат доданд. Таҳсил дар аспирантура, шиносоӣ бо доираҳои илмии марказиУкраина шаҳри бостонии Киев барои мутахассиси ҷавони тоҷик ҷаҳони нав — ҷаҳони воқеан илмӣ кушод. Бо роҳбарии олимони соҳибтаҷриба дониши илмии худро мукаммал ва самти тадқиқотиашро борикбинона такмил медод.
  Ҳамин шавқи илм, ғайрати муттасил буд, ки Ҳикмати Ҳисорӣ соли 1981 рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуд. Ҳарчанд ба сифати ходими калони илмӣ дар Институти ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ифои вазифа мекард, вале ҳамоно бо он доираҳои илмие, ки ба фазои калони илмӣ боли парвозаш бахшида буданд, ҳамкориро идома медод. Ин ҳамкорӣ дар давраи сарварии илмии филиали Институти ботаникаи АИ ҶТ дар шаҳри Хӯҷанд ба ӯҳда доштан (1987-1989) ва ҳангоми ба ҳайси муаллими калон, дотсенти кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон будан, боз дар заминаи мустаҳкамтар идома дошт.
  Ҳамин ҳамбастагӣ буд, ки Институти ботаникаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Украина Ҳикмати Ҳисориро соли 1994 ба сифати докторант қабул намуд. Рисолаи докторӣ дар мӯҳлати муайяншуда (1997) дифоъ шуд.
  Муваффақиятҳои илмӣ, истеъдоди баланди ташкилотчигии Ҳикмати Ҳисориро ба назар гирифта, моҳи ноябри соли 1998 роҳбарияти Акаде- мияи илмҳои ҷумҳурӣ бо тавсияи донишмандони соҳавӣ ӯро ба ҳайси сарвари яке аз марказҳои ниҳоят ҷиддии илмии минтақа, ки анъанаҳои пешқадами асосгузорони он — олимони рус ва донишмандони тоҷикро пос медорад, Институти ботаникаи АИ ҶТ пешниҳод ва интихоб гардид. Ҳамзамон Ҳикмати Ҳисорӣ мудирии шӯъбаи флора ва систематикаи рустаниҳои ҳамин Институтро ба ӯҳда дорад.
  Ҳикмати Ҳисорӣ муаллифи беш аз 100 асарҳои илмӣ ва таълимист. Аз ҷумла ду асари бунёдии (монография) калонҳаҷм бо унвони «Обгиёҳҳои эвгленофитии Осиёи Марказӣ» (дар ду ҷилд (1999) ва боз чанд китоб оид ба ин равияи илмӣ.
  Яке аз хизматҳои назарраси олим, ин таълиф намудан ва аз чоп баровардани дастуру маводҳои таълимӣ барои донишҷӯён мебошад. Аз ҷумла, ба қалами ӯ «Ботаника (дастури таълимӣ-методӣ доир ба омӯзиши растаниҳои талломӣ)» ва боз чанд дастурҳо барои беҳдошти муҳити зист, ки солҳои 1992-1993 ба табъ расидаанд, аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.
  Ҳикмати Ҳисорӣ, чун олим ва ташкилотчии илм барои рушди ин соҳаи илмӣ кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Таҳти роҳнамоии олим чандин рисолаҳои номзадию доктории дифоъ шудаву чанде омодаи дифоанд. Бо олимони Амрико ва Олмон ҳамкории зичи илмӣ дорад. Узви Комиссияи аттестатсионии рисолаҳои илмии Тоҷикистон, муҳарриру сармуҳаррири як қатор китобу маҷаллаҳои илмӣ, узви Бюрои шӯъбаи илмҳои биология ва тиб, котиби масъули Комиссияи Давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба Мукофоти Давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино «Оид ба илмҳои биология, тибу кишоварзӣ» ва ғайра. Ҳамаи ин ва боз чандин вазифаҳои ҷамъиятиро фақат олими воқеӣ ва соҳибмактаб ба ҷо оварда метавонад. Чунин аст ҳамдиёри мо олими тавоно — Ҳикмати Ҳисорӣ. (Аз китоби «Ванҷи ман»-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.