Қобилияти одамӣ

  Дар раванди ҳаёт инсон ба нерӯ, зеҳният ва қудрату қобиляти фитрияш энергияи об, офтоб, бод, хокро ба нафъи хеш истифода мебарад ва то охири дунё низ хоҳад бурд. Дирӯз дар Душанбешаҳр бо амакбачаам Аҳмар Қамаров ворхӯрем ва ӯ чанд акси ҷолиби телефонашро нишон дод.
 Холазодаҳои ин амакбачаамон дар деҳаи Арнавад зисту зиндагӣ доранд ва дар хоҷагиашон нахчиҳо мисли чорвои хонагӣ гашту гузор доранд.Ӯ нақл кард, ки холазодаи шикорчияш дар шикор бузи кӯҳиро (нахчирро)  мезанад, бучаҳояшро, 2 ё 3 нахчираки майдаро ба хона, ба Арнавад оварда, бо шири бузу коҳу гиёҳ калон мекунад. Аз модабузи ҷойдориву нахчир насле гирифтааст,  ҷисман калотар буда, то 35 — 40 кило гӯшт медиҳад.
  Агар бодоркунии нахчирро бо бузҳои маҳалӣ рӯи кор гиранду як лоиҳа ба ташкилотҳои Оғохон пешниҳод кунанд, бовар дорам дастгирӣ ва кӯмак меёбанд. Ин ба нафъи иқтисодии мардуми диёр хоҳад буд. Кошиф Сулаймонӣ. 28.12.2019.
Дар аксҳо намунаи бузҳои дурага, нахчир бо бузи маҳаллӣ (сафедбузи дурага 2,5 сола аст).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.