(ё сатре чанд дар сӯгвории ҳамсабақи ҷавонмаргам, дастпарвари факултаи хуқуқи ДДМТ Давлатзода Санавбаршоҳи Анвар)
Албатта зиндагӣ маҷрову қонуни нонавиштаи худро дорад ва бо ибораи ҳадиси маъруфи пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар рӯҳи поки ӯ) «таваллуд қосиди марг аст». Дар ин асос инсон як қонуни фалсафӣ дорад: «Таваллуд, зиндагӣ ва марг». Табииист, ки дар ин секунҷа ва ва ҳалқаи танги «қонуни табиӣ» ва ё «фалсафаи қисмат» инсон бояд аз худ хоҳ хуб ва ё хоҳ бад нақше гузорад ва ин қонуни нонавишта аз рӯзи пайдошавии олам давом дорад.
Инсони асиле, ки дар зиндагӣ бо роҳу равиш ва амали неки худ дастгири дигарон аст ва бо аъмолу рафтору гуфтори покаш дар ҷомеъаи инсонӣ ҷойи мондагоре дорад, чун ин олами фониро тарк мекунад боиси ёди неки зиндагон, ашку ҳасрати наздикон ёру дӯстон мегардад, зеро чунин инсонҳо кам ҳам бошанд зарра-зарра ҷамъ гашта ҷомеъаи поку озода ва ахиран ҷомеъаи башариро месозанд.Чунин шахсон ҳастанд, ки ахиран инсон ба тамаддуни имрӯзаи худ рафта расидааст.Чи тавре, ки дар урфияти миллати тоҷик мегӯянд: «Зарра-зарра ҷамъ шавад дарё шавад».
Чунин инсонҳо дар садсолаҳо аз Машриқ ба Мағриб, садҳо ҳазор, миллионҳо якҷоя гашта бо амалҳои неку ҷавонмардонаи хеш, корҳои поку дониши хеш ахлоқи хамида ва шикастанафсӣ ва ростию покӣ ҷомеъаи имрӯзаи шаҳрвандии башариятро сохтаанд! (Метавон академику профессору шоҳу вазир шуд, лекин дар тулии зиндагии хеш дар ин вазифаҳо натавонист, ки арзанеро барои ободию осудагию озадагии инсоният кишт кард ва саранчом бо бадихою хӯю хулқи баъду умри бардавоми 150 сола олами фониро тарк гуфт!). Дар ин росто метавон зиёии оддие, деҳқони хокпошу подабону боғбоне буд, ки бо умри кӯтоҳи 40-50 сол худ бо кору амали ростину поки худ оламеро равшан сохт ва дар дилу дидаҳо шодию фараҳ, тухми инсондӯстиро кошт.Метавон дар зиндагӣ бо бо аъмоли дуздонаи худ қасру кушк сохт, лекин барои ҷомеъа аз худ ба ғайр аз нафрат (бо ибораи имрӯзаи мардум «шиками ғор») чизеро боқӣ нагузошт.Аз ин рӯ дар зиндагӣ шахс бояд пеш аз ҳама ба маъно томаш инсон бошад ва инсонвор зиндагӣ кунад.Маънои инсонвор зиндагӣ кардан бошад дар каломи бостониямон «Авасто» хуб оварда шудаааст «Пиндори нек, рафтори нек гуфтори нек»!.То баъди вафоташ, ҷомеъа, одамон аз ӯ бо некӣ ёд кунанд.
Аминам, ки шахсони нексиришт ва пок бо ин сатрҳои зерини малакутӣ ба хок хоханд рафт:
Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо!
Давлатзода Санавбаршоҳи Анвар ҳамсабақ ва дӯсти наздик ва ба ҷон баробари банда маҳсуб меёфт.Ӯ зода ва парвардаи деҳаи зебоманзари Ғиҷоваст аст. Ёдам меояд, ки дар он айёми дури соли 1981 дар вақти дохилшавӣ ба Донишгоҳи Давлатии ба номи В.И.Ленин мо бо ҳам шинос гашта будем. Он вақт ман баъди хатми мактаби миёна ва Санавбаршоҳ баъди хизмат дар Артиши Шӯравӣ барои дохилшавӣ омада будем. Қомати баланд, мӯи сари баланди қахваранг ва ҷеҳраи сафеду зебои тоҷикона бо чашмони мешии ориёиёна ба ӯ ҳай мезебид! Ӯ ҷавони тануманд ва паҳлавонсимое буд.Замони донишҷӯӣ низ ӯ яке аз беҳтарин донишҷуён буд.Баъди хатми мактаби олӣ ӯ бо роҳхати донишгоҳ ба мақомоти прокуратура ба кор гузашта ва муддати бештар аз 30 сол дар ин мақомоти муҳими ҳифзи ҳуқуқ бенуқсон кор намуд.
Санавбаршоҳ Анварович муддати бештар аз 15 сол ба яке аз шӯъбаҳои асосиии Прокуратураи генералии кишвар, шӯъбаи назорати риояи иҷрои қонунҳо дар байни ҷавонон ва ноболиғон иҷрои вазифа намуда, баъдан ба ҳайси сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузориҳо дар самти андоз фаъолият мекард. Дар тамоми самтҳои кори ӯ худро яке аз беҳтарин кормандони прокуратурии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон нишон дод, зеро дониши баланд ва серталабию масъулиятшиносӣ дар кор ба ӯ имкон медод, ки пайваста савияи донишу таҷрибаи худро баланд бардорад.
Махсусан хизмати зиндаёд ҳамчун сардори шӯъбаи назорати риояи иҷрои қонунҳо дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ки ба давраи муҳими ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар рост омадааст бисёр калон буда, номбурда дар роҳи такмилу қабули қонунҳои нав дар ин самт ва риояи иҷрои қонунҳои оид ба ноболиғону ҷавонон хизмати вазнину сангинеро адо намудааст, ки бори чунин хизматро на ҳар ҳуқуқшиносу прокурор кашида метавонист!
Санавбаршоҳ Анварович ба замми фарди босавод ва масъул буданаш боз инсони ботамкин, беғараз хушгуфтор ва хоксор буд. Ӯ хеҷ гоҳ тунду пичингомез сухан ироа намекард.Танҳо дар фикри кору пешравии ҷомеъа буд.Кӯшиши ӯ барои риояи иҷроиши қонунҳои самти ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани худшиносии миллии онҳо нигаронида шуда буд.Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки ин шахс, шахсияте буд, ки барояш сарвату мол кару фар (муттаасифона чунин ба ном «зиёиён» дар ҷомеъаи қашшоқи имрӯзаи мо ҳоло зиёд ба назар мерасанд) ҳеҷ дахле надошт. Ӯ бо иборае дар худ тимсоли зиёии асилу пок ва ҳуқуқшиноси поку ростқавли тоҷикро таҷассум мекард.
Санаи 15.11.соли 2016 саҳарии барвақт занги телефонии дастиям садо дод. Ҳайрон мондам, ки дар ин барвақти, ки занг мезанад.Гӯширо бардоштам, аз он сӯ садои ларзони ҳамсабақам, корманди Прокуратураи генералии кишвар Гулмаҳмади Бобо меомад: Санавбаршоҳ ин ҷаҳони фониро падруд гуфт…
Чӣ қадар он лаҳза ғаму андӯх маро фаро гирифта буд. Ба ёдам лаҳзаҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ дар соли 1981, овони сафар ба Астрахан барои ҷамъоварии ҳосили колхозӣ дар соли 1982, лаҳзаҳои пахтачинӣ дар води Вахш меомад. Ин лаҳзаҳо ба ёдам дигар ҳамкурсони ҷавонмаргам Абукабир, Абдуфаттоҳ, Юло, Маҳрамбек, Абдураҳим, Искандар, Муҳаббат, Абдуҳафиз, Ҳабибулло, Нурмуҳаммад, Саша Азизмамадов ва ёди беғами ҷавонӣ омада, ашки ҳасрат рухсораамро ба сони борони найсон мешусту мешуст…
Баъди чанде озими Душанбешаҳр шудам. Дар ҷанозаи ҳамсабақи ҷавонмаргам ашхоси зиёд, издиҳоми зиёде аз қишрҳои гуногуги ҷомеъа ҷамъ омада буд. Ин бошад худ гувоҳи оқилона, омирона, озодона, пурғурурона ва тоҷикона зистани ҳамсабақи ҷавонмаргамонро возеҳ нишон медод. Шайх Саъдии Шерозӣ ҷое гуфтааст:
Ёд дорӣ ки вақти зодани ту хама хандон буданду ту гирён,
Ончунон зи, ки баъди мурдани ту ҳама гирён шаванду ту хандон!
Оре, барои тарзи зиндагӣ ва кору амали ҳамсабақи ҷавонмаргам Санавбаршоҳи ҷавонмарг аз ин ашъори малакутии Шайхи Шероз баҳои сазовортареро овардан амри маҳол аст.
Ҷоят ҷаннат шавад, ҳамсабақи азиз, ҷамонмард, ҷавонмарг ва ормонии ман!
Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон. Шаҳри Бохтар (дар рӯзномаи «Инсон ва Қонун») чоп гаштааст.
Марсия
Дар сӯгвории дӯсти ҷавонмаргамон Санавбаршо Давлатзода, корманди масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷисмаш агар бар хок рафт,
Рӯҳаш бари афлок рафт.
Ӯ пок омад бар ҷаҳон,
Аз ин ҷаҳон ҳам пок рафт.
Бо оҳу сӯзу дард рафт,
Бар хок фасли сард рафт.
Ӯ бо сари болои худ,
Чун мард рафт,чун мард рафт.
Бас қалби бекин дошт ӯ,
Фарҳангу оин дошт ӯ,
Бо некияш дар қалби мо,
Тухми муҳаббат кошт ӯ.
Чун дар тани ӯ хун шикаст,
Ҷим бо алифу нун шикаст.
Бо рафтани он ҳақпараст,
Сад шохаи қонун шикаст.
Аз дард чашмаш хун гирист,
Ӯ худ бидонист чун гирист.
Бо рафтани ӯ аз ҷаҳон,
Сахт қисмати қонун гирист.
Ӯ марди беозор буд,
Хушлаҳҷаву гуфтор буд.
Дар байни ёру ҳамсабақ,
Тимсоли нотакрор буд.
Ганҷе паи сад ранҷ рафт,
Ранҷе паи сад сад ганҷ рафт.
Сад ҳайф як марди наҷиб,
Бо сад фишоре ланҷ рафт!
Варқаи Зайниддин, Чӯпони Бадали Ванҷӣ. Шаҳри Бохтар. 20.03.2017. (Дар рӯзномаи «Инсон ва Қонун») чоп гаштааст.
Акаи Варқа Худованд нигахбонат бошад, сиҳатманду сарбаланд бошӣ. Дар ҳақиқат Санавбаршо Давлатов шахсияти бузург буд, ин хел марди покиза, , донишманд кам аст. Худованд рӯҳашро шоду охираташро обод гардонад. Омин!.
Санавбаршо ёодоми орому бо тамкин буд. Худо раҳмату мағфиратш кна. Хонаи охираташ обод боша, биҳишти фирдавс насибаш бошад!.
Аз Санавбаршо Давлатов ба ҳайси донишмандтарин шахси мақомоти додситонӣ ном мебурданд. Ин шахсияти наҷиб солҳои тӯлонӣ дар шӯъбаҳои гунони ин ниҳоди бонуфуз кору фаъолият намуда, виҷдони покашро боре ба чизе олуда накард. То охирон нафас ба халқу ватан содиқона ва софдилона хизмат намуда, бо нони ҳалол зиндагӣ кард. Хусусан дар ин замони пур аз фасод ва ноҳақӣ чунин мутахассисони поквиҷдон барои ватани азизамон мисли обу ҳаво лозитанд, аммо чунин шахсиятҳои наҷиб ангуштшуморан. Ёдат ба хайр ва хонаи охирата обод бошад тағои Санавбаршо!.
Оре ин шахсият бихишти буд на чизи дигар!
Оре ин инсони бузурги замини як фарди бихиштие буд, ки чанд муддате дар Замин гашт ба бол кушодаву рафт!
САНАВБАРШОҲ ИНСОНИ ПОК ВА ДОНИШМАНДУ ТОҶИКПИСАРИ АСИЛ БУД!.
УСТОД САНАВБАРШОҲ ДАВЛАТЗОДА ШАХСИЯТИ БЕҲТАРИНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ХИСОБ МЕЁФТАНД!.
ДАР ИН РУЗИ МУБОРАКИ ИДИ КУРБОН БОРИ ЧАНДУМ ХАМСАБАКИ АЗИЗ ШУМОРО ЁД МЕКУНАМ ВА АШК АЗ ЧАШМОНАМ БА МИСЛИ ШАДДАИ МАРВОРИД БА РЕХТАН ШУРУЪ МЕКУНАД.РУХАТ ШОДУ ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД БОДО ЭЙ ХАМСАБАКИ БОЛОТАР АЗ ХАМСАБАК!ОМИН ОЛЛОХУ АКБАР!