Ҳамаки Ёдгор! Мо ҷамъе аз ҳамсинфон падари ҳамсинфи гиромиамон – Баҳрамандшоҳро чунин ном мебурдем. Зеро Ёдгоршо Шеров дар баробари масъулияти маъмуриву давлатӣ доштанашон барои мо бисёр наздик буд. Худи эшон ҳам як шахси бисёр хоксор ва мардумдор буд.
Имрӯз рӯзи марги амаки Ёдгоршо Шеров аст, ки ду сол пеш, дар айни камолоти инсониву ҷавонмардӣ аз мо буриду хонаводаву хешу табор ва гурӯҳи дӯстону бародаронашро дар сӯгу мотами сахт нишонд. Раҳмати Ҳақ бар равони покашон, ки инсоне бо дили бузург ва марде меҳмондору меҳмоннавоз ва дастархондору хоксори шарифу заминӣ буд.
Мо як гуруҳ ҳамсинфон – Баҳрамандшову Меҳроншову Зиёрату ману чандеи дигар, фаротар аз кори мактаб ба корҳои рӯзгордории якдигар – ҳезумбуриву каҳдараву побелу лалкашӣ ва корҳои дигари хоҷагидорӣ ёрӣ мерасондем. Ин ёрии мо оҳиста-оҳиста ба як кори ҳамешагӣ табдил шуд. Баъдтар вақте ба синфи 7-8-и мактаб расидем, ба таъбири ванҷиё “ва пойи хдмун” қӯшу рӯзашко медоҳем. Он замон фикр мекардем, ин кори мо ҳосили “маракӣ”-и худамон аст, зеро ангуштнамо ҳам шуда будем. Вале ҳоло, ки ба солориву хунадориву меҳмондорӣ расидем, дарк кардем, ки ин “маракомаракӣ”-и мо ҳосили меҳрабониву исору истиқболу пазироии падару модарони нозанинамон будааст, ки дар ҳамон рӯзгори сахту тангиҳои солҳои пасоҷангии 90-ум ба мо иҷоза медоданд, ки ин гуна “маракӣ” кунем.
Мо ҳарчанд, ки дар як деҳа зиндагӣ мекардем ва падару модари якдигарро то ҷойе мешинохтем, вале ин фариштаҳои рӯзгорро бештар дар ҳамин гуна ёрдамҳову қӯшу рӯзашкодувиҳо шинохтем.
Бидуни шак, ҳамаки Ёдгоршо яке аз меҳрубонтарин падар дар миёни ҳамсинфони мо буд. Ҳам он замон, ки кӯдак будем ба андозаи як инсони бузургсол истиқбол мекард ва ҳам баъдтар, ки донишгоҳ хондему пайи кори пайгор гаштем. Дар ҳузури ӯ мо ҳеч вақте худро кӯдак эҳсос намекардем ва вақте дар хонаи Баҳрамандшо мебудем ва чун ҳамаки Ёдгоршо ба хона ворид мешуд, аслан эҳсос намекардем, ки марди хона ворид шуду мо бояд муаддабтару боназокаттар бошем. Зеро ба андозае заминӣ ва хоксору бошахсият буд, ки аз ҳузури ӯ бештар эҳсоси мусбат ва хушӣ мекардем. Ҳамеша вақте меҳмони хонаводаи Баҳрамандшо мешудем, ҳамаки Ёдгоршо сари по истода аз мо меҳмондорӣ мекард ва берун аз тасвир аз мо пазироиву истиқбол дошт.
Соли 1999 ману Баҳрамандшо бояд ба лагери тобистонии мактабхонҳои вилоят – “Урдугоҳи саодат” дар Поршневи Шуғнон мерафтем. Ин аввалин бор буд, ки ман аз ҳудуди ноҳия берун мерафтам ва таҷрибаи сафарро надоштам. Рӯзи рафтан дар идораи маорифи ноҳия, ки он замон ҳамаки Ёдгор муовини мудири маорифи ноҳия буд, мунтазири омадани мошин аз Дарвоз будем, ки биёяду мо мактабхонҳои Ванҷро ҳам бибарад. Вақте мошин расид, ҳамаки Ёдгор дар баробари Баҳрамандшо ба ман ҳам чанд сомонӣ сафархарҷӣ дод. Ҳарчанд ин кор барои аксари мардуми Ванҷ як амали бисёр сода аст, вале он замон ин ҷавонмардии ҳамаки Ёдгор дар ман бисёр таъсири мусбат гузошт ва руҳияи фавқулода хуше эҷод кард. Ҳамон замон ба худ тааҳҳуд супурдам, ки агар рӯзгор моро ба бузургсолӣ бирасонад ва тавонашро дошта бошам, ҳамин кори ҳамаки Ёдгорро ҳамеша такрор мекунам.
Соли 2007 Баҳрамандшо, чун писари бузурги хонавода буд, яке аз аввалин ҳамсинфонамон буд, ки издивоҷ кард, яъне зан гирифт. Мо он вақт ҳамагӣ 22-сола будем. Ман, ки тоза донишгоҳро хатм карда будуаму тобистон деҳа рафта будам, ба қавле “ҷӯраи шомар бим”. Ҳамаки Ёдгор, ки як марди шинохта дар Ванҷу сар то сари Бадахшон ва ҳатто ҷумҳурӣ буд, меҳмонони зиёдеро ба хурсандии хонавода даъват карда буд. Дар охирҳои тӯй шикоят кард, ки бо вуҷуди аз миқдори зарурӣ бештар овардани ҳама чиз барои тӯй, “асавуло” натавонистанд, ки аз меҳмонҳо хуб ё ба андозае, ки ман мехоҳам пазироӣ кунанд.
Баъдан як гапро гуфт, ки агар “биёракои хдм Шераливу Зиннатшо дар Расия неву дар бари хдм мебин, тӯй дигар хел мегузашт”. Мо, ки он вақт ҷавонтар будем ба “таҳту тӯша”-и ин гап зиёд нарасидем, аммо ҳоло ба дарки ин сухани ҳакимона мерасам, ки дар паҳлӯи бародар будани бародар дар рӯзи хурсандиву рӯзгори сахт яъне чӣ!.
Даврони донишҷӯйӣ, ки тобистонҳо ба деҳа мерафтам ва он замон Баҳрамандшо ғоибона мехонду солҳои аввал дар Русия буд, ҳамаки Ёдгор шахсан меомаду маро ҷаҳт мекард. Ҳарчанд албатта ба поси нону намак ва ҷавонмардиҳояшон, ман бе ҷаҳт ҳам дар аввали рафтанам ба деҳа ба хабаргирии ӯ ва падару модари бархе аз ҳамсинфонам мерафтам (ё бо ҳамсинфоне, ки дар деҳа буданд мерафтем), аммо ҷудо аз ин ҳамаки Ёдгоро моро ҷаҳт мекард ва мегуфт, ки вақте “Баҳраманд боша ва пойи хдш ҷаҳт кна, мн ай тани хдм лӯв мекунм”. Ин агарчӣ барои мардуми меҳмондӯсти Ванҷ ва ҳамаи кӯҳистони тоҷик як кори муқарраририст, вале ҳоло, ки низоми арзишҳо иваз шудаасту навъи муносибат фарқ мекунад, соҳиби чӣ қадари дили бузург будани ин инсонҳои шарифро нишон медиҳад.
Ҳамаки Ёдгор солҳо дар мактаби маркази ноҳия омӯзгор, дар идораи маорифи ноҳия дастурдиҳанда ва муовини мудири маориф ва солҳои охири ҳаёт раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи ноҳия буд ва дар ҳамаи ин симатҳо барои мардум дастрас ва хидматкор буд. Мо вақте мактабхон ва донишҷӯ будем, ҳамеша медидем, ки чи гуна “манҷаи дуэтажа”-и эшон пур аз меҳмонони “ванҷиболочӣ, азглумӣ, хорғӣ, душанбегиву суғдӣ” буд. Хушбахтона, ин арзиши бузурги хонаводагиро фарзанди барӯмандаш Баҳрамандшо ба мерос гирифтаасту дастархони ободи падарро гарм нигоҳ медорад.
Ман аминам, ки тамоми мардуми деҳаи нозанинам Гшхунзамин ва ҳамаи онҳое, ки бо ҳамаки Ёдгор нишасту бархост доштанд, суханони маро тасдиқ мекунанд, ки ҳамаки Ёдгоршо яке аз аввалин шахсоне буд, ки дар ҳама сахтиву мушкилии мардуми деҳа “чухт бӣ”. Ҳатто дар беморхонаву ҷоҳои дигар пештар аз мо ҷавонтарҳо ба хабаргириву аёдати беморҳо мерафт. Вақте дар донишгоҳи миллӣ устод будам, яке аз ҳамкурсони даврони аспирантураи моро раиси Кумитаи Иттифоқҳои касабаи лму маорифи ҷумҳурӣ таъин карданд. Вақте бо ҳамаки Ёдгор шинос шуда буд, як рӯз гуфт Иршод ин Шеров ин қадар инсони шариф ва бузургвор будаанд. Ман ифтихор кардам, ки ин бузургвор ҳамдиёри ман асту падари ҳамсинфам низ, ки ман ҳам дар сохтани шахсияти худ аз кирдору рафторашон фаровон истифода кардаам.
Дареғу дард, ки ҳамаки Ёдгоршо тоза ба авҷи камолоти умру инсонӣ расида буданду замоне расида буд, ки аз файзи набераҳову хидмати фарзандон хушии рӯзгорро мегузарониданд, ки марги беамон эшонро новахт аз мо рабуд. Аммо шахсият, мардумдорӣ, дастархондорӣ, хоксорӣ ва корҳои неку ҷавонмардиҳое, ки эшон аз худ ба мерос гузоштаанд, барои ҳамеша ному кору ёди ӯро дар миёни ҳамаи дӯстону бародаронаш ва аз ҷумла мо ҳамсинфону бародарони фарзанди барӯмандаш Баҳрамандшо зиндаву гиромӣ нигоҳ медорад.
Ёдат гиромӣ ва руҳу арвоҳат шод, ҳамаки Ёдгоршо! Саломи моро ба биҳиштиёр бирасонӣ, ай марди биҳиштӣ!
Ҳамеша ғариқаи раҳмату мағфирати беандозаи Парвардигори оламиён бошӣ!.
Иршод Сулаймонӣ.
Назари хешро иброз кунед