Мулоҳизаҳо дар бораи санади салтанати шоҳони давраи ахири шоҳигарии Дарвоз
Соҳиби тахт шудани шоҳони охирини Дарвоз ба даврае рост омад, ки кӯшишҳои футуҳоти Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна оғоз ёфта ва ба муваффақияти ҳалкунанда низ расида буд. Кӯшиши амири Бухоро Сайид Музаффар барои бо набарди ғалабаовар истиқлолияти кишвар ва ҳудуди аморатро нигоҳ доштанӣ буд, мувофиқи мақсад анчом наёфт. Дар натиҷаи шикасти қатъӣ чанде аз музофотҳои аз ҷиҳати иқтисодию стратегӣ (ҳарбӣ) хеле муҳим, ба монанди Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Самарқанд ва Каттақӯрғон, мувофиқи шартномаи 23-ми июни соли 1868 байни Русиву Бухоро, ба ҳайати Русия гузаштанд. Истиқлолияти аморати Бухоро ба таври расмӣ нигоҳ дошта шуда бошад ҳам, амалан ин давлат ба тобеъияти бечунучарои (протекторат) империяи абарқудрати Русия гузашт. Акнун амири аз ноилоҷӣ ба доираҳои ҳукмрон ва сарварони ҳарбӣ-дипломатии рус ба сифати «дӯсту иттифоқчӣ» кашида шуда, бо розигию дастгирии онҳо, чун ҷуброни вилоятҳои аз дастрафтааш, барои зӯран тобеъ кардани мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ оғоз кард.
Вале қабл аз даст задан ба таҳқиқи ин раванд лозим аст андозаи ба ҳақиқати воқеъӣ мувофиқ омадани ахбори тақвимии (хронологӣ) давраҳои ҳукмронии шоҳони сулолаи маҳаллӣ, ки аз тарафи тадқиқотчиёни рус ба қайд гирифта шудаанд, мавриди таҳлил қарор ёбанд.
Ба маълумоти муҳаққиқон дар бораи таърихи давраи охирҳои асримиёнаи Дарвоз шинос шуда, хонанда ба таври табиӣ, аз баъзе чузъиёти номутаносибу ихтилофдориашон сарфи назар карда наметавонад. Ин вазъият моро водор месозад, ки тахминӣ бошад ҳам, солҳои ҳукмронии шоҳони баъди Шоқирғиз соҳиби тахт шударо муайян кунем.
Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи В.В. Бартолд, агар санаи ҳукмронии Шоқирғиз ба 1638-1668 рост ояд, пас аз рӯи ҳисоби қиёсии ахбори П.А. Кузнетсов, таърихи хонадони шоҳони Дарвозро тақрибан ба тариқи зайл муайян кардан мумкин аст:
№
|
Исми шоҳон
|
Миқдори |
Санаи |
Ба чунин солҳо мутобиқат мекунанд
|
1 |
Шоқирғиз |
30 сол |
1047-1078 |
1638-1668 |
2 |
Маҳмудшо | 60 сол |
1078-1140 |
1668/69-1728/29 |
3 |
Танаи Фӯзашо |
4-5 сол |
1141-1146 |
1729/30-1734/35 |
4 |
Муҳаммадхоншо |
26 сол |
1147-1175 |
1734/35-1761/62 |
5 |
Мизробшои аввал |
15 сол |
1176-1191 |
1762/63-1777/78 |
6 |
Шоидарвози I |
19 сол |
1192-1202 |
1778/79-1787/88 |
7 |
Мансурхон |
8 сол |
1203-1211 |
1788/89-1796/97 |
8 |
Шотурк |
5 сол |
1212-1217 |
1797/98-1802/03 |
9 |
Мизробшои сонӣ |
2 сол |
1218-1220 |
1803/04-1805/06 |
10 |
Султони хурдӣ (кӯчак) |
7 сол |
1221-1230 |
1806/07-1814/15 |
11 |
Шоиброҳимхон |
13 сол |
1231-1244 |
1815/16-1828/29 |
12 |
Султон Маҳмудшо |
9 сол |
1245-1254 |
1829/30-1838/39 |
13 |
Шоаҳмад |
2 сол |
1255-1257 |
1839/40-1841/42 |
14 |
Исмоилшо* |
17 сол |
1258-1276 |
1842/43-1859/60 |
15 |
Иброҳимшо |
3 сол |
1277-1280 |
1861-1863/64 |
16 |
Шоидарвози II |
4 сол |
1281-1285 |
1864/65-1868/69 |
17 |
Сироҷуддиншо |
9 сол |
1286-1295 |
1869/70-1878 |
(*тибқи маълумоти Г.А. Арандаренко, Б.Н. Литвинов ва диг. ҳукмронии ӯ ба солҳои 1845-1863 рост меояд)
Табиист, ки дар ин ҷадвали таърихи хонадони шоҳон бо ҳам мувофиқ наомадани санадҳо бо маълумоти чанде пеш ишорашудаи Г.А. Арандаренко ба назар мерасад. Бояд қайд кард, ки ихтилофи назар аз набудани манбаъҳои боэътимоди хаттӣ сар задааст. Маълумоти шифоҳии дастраси ин муаллифон гардида, заминаи қавӣ надошта, то андозае дар пояи тахмину фарзияҳо қарор ёфта бошад ҳам, ҳаргиз қиммати маъхазии онҳо ва хизмати муаллифоне, ки ин шунидаҳоро сабт карда, дастраси муҳаққиқон ва ҳавасмандон гардонидаанд, коста нахоҳад шуд.
Дар муқоиса ахбори П.А. Кузнетсов бо дигар манбаъҳо мӯътамадтар аст, чунки дар натичаи сӯҳбату муқоисаҳои тӯлонии назари мардуми маҳаллӣ ба даст омадаанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар рӯйхати ӯ шоҳе аз хонадони шоҳони дарвозӣ берун намондааст. Вале гумон меравад, ки дар таъйини таърихи солҳои салтанаташон на ҳама чиз аз воқеият сар зада ва эътимобахш буда метавонад. Масалан, Г.А. Арандаренко солҳои ҳукмронии Исмоилшоро 1845-1863 муайян кардааст. Капитан Кузнетсов бошад, фақат 17 сол соҳиби тахт буданашро нишон медиҳад. Мувофиқи ҳисоби тахминии боло солҳои 1843-1860 нишон дода шудаанд. Чунин номувофиқӣ шояд аз он ҷо сар задаст, ки Г.А. Арандаренко дар бораи баъзе аз намояндагони хонадони ҳукмрон маълумот наёфтааст. Масалан, дар навиштаҳои ӯ дар бораи Шоидарвози аввал, ки баъди Мизробшои Калон ва Иброҳимшо, ки баъди Шоисмоил ду сол ҳукумат рондааст, маълумоте наомадааст. Ё шояд дар ду соли охири ҳукмронии Исмоилшо, ки Тавилдараро маркази шоҳигарӣ қарор дода буду дар Қалъаихумб писараш Юсуфхон чун валиаҳд ҳокимият меронд, аз хаёл баромадаву мӯҳлати ҳукмронии Иброҳимшои бо кӯмаки иттифоқчиён — ҳокимони Кӯлобу Ҳисор баъди шикаст хӯрдани Исмоилшо ба тахт соҳиб шуда, аз будаш зиёд мавриди эътибор будааст. Гумон меравад, ки П.А. Кузнетсов ду соли дар Тавилдара будани шоҳи қонунӣ Исмоилшоро низ ба давраи ҳукмронии Иброҳимшо нисбат додааст. Ба ҳар ҳол санади муаяншудаи ҳукмронии Исмоилшо — 1845-1863 ба ҳақиқат наздиктар мебошад.
Ин номувофиқии маълумоти ду муаллифро Н.А. Кисляков мавриди таҳлил қарор дода, назари ҷолибе дар ин масъала пешниҳод кардааст. Чунонки ӯ қайд мекунад, «Г.А. Арандаренко ба сифати шоҳи навбатии Дарвоз писари Исмоилшо Шоидарвозро ном бурда, солҳои ҳукмронии ӯро 1863-1870 муайян кардааст. Кузнетсов бошад, чун шоҳи навбатии баъди Исмоил писари Султон Маҳмуд Иброҳимшоро шинохта, дар бораи Шоидарвоз тамоман ҳарфе накушодааст». Баъдан ин муаллиф раванди воқеаҳои ба Исмоилшо ва ашхоси баъди ӯ бо ҳар восита соҳиби тахт шударо бо ҳамон мазмуни дар боло қаламдод шуда овардааст.
Дар бораи замони ҳукмронии шоҳони Дарвоз сухан ронда бояд фаромӯш накунем, ки баъзе аз муҳаққиқон ба ривояте такя карда, касони ба ин хонадон иртибот надоштаро дар радифи шоҳон муаррифӣ мекунанд. Масалан, муҳаққиқи тадқиқгари доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ ва Бадахшону Помир шодравон А. Абибов дар мачмӯаи «Ганҷи парешон»[1], ки қисми аввалаш ба шарҳи ҳаёту эчодиёти шоирони доираи адабии Дарвоз бахшид шудааст, Субҳонқулихонро нодуруст чун шоҳи Дарвоз муаррифӣ намуда, давраи ҳукмрониашро охири асри XVIII таъйин кардааст[2]. Номбурда ин саҳвро дар китоби дигараш «Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ (асри XIX — ибтидои асри XX)» такрор мекунад. А.Абибов дар боби «Доираи адабии Дарвоз» — қотеъона чунин менависад: «Шаҳи Дарвоз Субҳонқулихон, ки дар охирҳои асри XVIII ҳукмронӣ кардааст, дар дарбори худ шоирони зиёди маҳаллиро фаро гирифта, худаш ва писараш низ ба шеъру шоирӣ машғул будаанд»[3].
Дар замони ишора шуда, чунончи дар боло омад, дар тахти шоҳии Дарвоз Мансурхон менишаст. Муҳаққиқ баъди чанде дар бораи шоири охири асри XVIII — ибтидои асри XIX Субхонқулии ибни Сайидшоҳ, ки бо тахаллуси Қулӣ шӯҳрат пайдо кардаву соҳибдевон будааст ва монанди Субҳонқулихон исмаш дар маъхазҳо омадааст, хабар дода, менависад: «Қулӣ дар ноҳияи Шикайи Дарвоз ҳоким будааст, ки мувофиқи истилоҳи ҳамон вақт онҳоро «шаҳ» мегуфтаанд»[4]. Ин чо низ иштибоҳ ба назар мерасад. Дар он замон фақат ҳокими тамоми Дарвоз бо унвони «шаҳ» ё «шоҳ» (шо) соҳиб буд, маъмурини ноҳияҳоро «ҳоким» ё баъзан «мир» мегуфтанд. Аз китоби “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ.Пирумшоев.
[1] Ниг.: Ганчи парешон. — С.24.
[2] Ҳамон ҷо. — С-10.
[3] Ҳамон чо. — С.119.
[4] Ганчи парешон. — С.24; Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ. — С.123-124).
Назари хешро иброз кунед