Устод Наврӯз Гулзод яке аз донишмандони фарҳехтаи тоҷик аст, ки дар маркази Русия -шаҳри Москва дар Донишгоҳи давлатии забоншиносӣ забони тоҷикиро ба донишҷӯён дарс медиҳад. Усули дурусти расонидани илм ба шогирдон боиси дилбастагии беандозаи ҷавонони рус ба забон ва адабиёти тоҷик гаштааст. Худи устод бо муносибати неку самимонааш дар ин росто соҳиби эҳтироми вижаи донишпажӯҳон ва устодони донишгоҳ гардидааст.
Чанд рӯз пеш устод бо шогирдонаш ба шаҳри Душанбе рафтанд ва дар ҳамоиши 11 байналмилалии “Гуфтугӯи тамаддун ва забонҳои Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкории Шонхой дар асри XXI” ва ҳамоиши 6 байналмилалии “Мактаби тарҷумонҳои адабиёти бадеии ДММ ва СҲШ ” ширкат доштанд. Суханронии устод ва шогидонашро аҳли нишаст хеле хуб пазироӣ намуданд.
Устод дар ҳини бозгашт ба Москав шеъри зебо ва пурҳикматеро меофарад, ки мехоҳем онро барои хонандагони арҷманд ироа намоем:
Бузургӣ ҳадяи Парвардигор аст
«Бузургонро бузургон ёд доранд,
Бузургон аз бузургон ёдгоранд».
Ҳамебояд гузорем арҷи эшон,
Чу эшон дар замона кашуморанд.
Бузургӣ нест нисбӣ, аслӣ бошад,
Агар нисбӣ шавад, набвад бузургӣ.
Далели он на гуфтори касон аст,
Бузургӣ вирд гардад аз сутургӣ.
Кас аз колои шоҳӣ шаҳ нагардад,
На полон сифати асли харон аст.
Сари бемағзро ҳам тоҷи заррин,
Куҷо зебанда, бал бори гарон аст.
На дарвеше ба ҷурми ҷанда бар тан
Ту гӯӣ гӯлу гумроҳ асту нодон,
Валекин ҷомаву тоҷи мурассаъ
Намебахшад ба кас ақли фаровон.
Чу се омад аломат аблаҳонро,
Ба чашми ақл бояд дид се ин:
Яке худ дидану не дигаронро,
Дигар гуфтори бешу хоби вазнин.
Нишон чор аст мардони бузургро,
Нахуст беш аз касон худро набинанд
Дувум кам гуфта сеюм кам бихобанд,
Чаҳорум носазо асло нагӯянд..
Бузургиро хирад ёр аст, не сол
На тахту тоҷи заррину на амвол.
На зӯри бозуву фарзанду не зан
На болои алиф, ҳусну хату хол.
Бузургӣ дар ниҳоду ноаён аст,
Бузургонро бузургон мешиносанд.
Ба зоҳирбин намегардад муяссар,
Ки маънии бузургиро бидонанд.
Ва мансаб ҳам нишон аз бузрукӣ нест,
Агарчӣ чун шуморанд аксар ин дам.
Нишонаш не ғуруру кибр балки,
Забони баста бошад ҳам сари хам.
Гузориши Нуралӣ Нуралиëн.
Назари хешро иброз кунед