Дар асрҳои XVII-XIX Ванҷи Боло, ки музофоти сарҳадии мирии Ванҷ буд, гоҳ-гоҳ мавриди ҳамлаи одамрабоёни қирғиз қарор мегирифт. Онҳо аз дараҳо ва ағбаҳои ҷониби рости саргаҳи Ванҷ, ки ба Вахё ва Ҷиргатол мепайванданд, мефаромаданд ва асосан ҷавондухтаронро мерабуданд, ба гуфти баъзеҳо ҷавонписаронро ҳам. Аниқ аст, ки зане аз асорати қирғиз гурехта омада буд ва набераю аберагони ӯ дар яке аз деҳаҳои боло зиндагӣ доранду онҳоро «қирғизҳо» меноманд. Ана, дар яке аз чунин ҳамлаҳо, пеш аз бомдодон вақте гурӯҳи мусаллаҳе ба деҳа наздик шуданд, ҳостанд дар вақти намоз ҳуҷум кунанд, чун мардуми машӯули намозро ӯофилгир кардан осон буд. Муаззин, ки аз баланди азон медод, вақте душманро мебинад чунин даъват мекунад:
Раҳзано омаданооо,
Ана ҷебора гзаштанооо,
Пақ–пақак мерасанооо,
Соз диёр нест, чанд касанооо,
Пирора мебанданоо,
Дхтарора мебаранооо…
Чун мир аз ин тохтҳо хеле дар ташвиш буд, эълон дошт, ки агар касе қирғизро мағлуб созад ва ақаллан як асир орад, соҳиби подош ва замини мирӣ (порчаи замин ҳамчун подош аз ҷониби мир) мегардад. Яке аз даҳбошиҳои мир Диловаршо, ки хеле сипоҳии тавоно буду дар деҳаи Мдехарв зиндагӣ мекард, аз мир иҷозаи ба Поимазор рафтан барои муқовимат кардан бо роҳзанонро гирифт ва бо чанд лаванди хузарби мусаллаҳ бо яроқу каманд озими боло шуд. Онҳо номаълум карда, дар масҷид камин гирифта буданд ва маътали хабар додани муаззин буданд.
Дар ин вақт ҳама якбора ҷаста мебароянд.Сарҳанги роҳзанҳо, ки худ пешопеш мерафт: “Артика!” — («Ақиб!») гуён фармон дод ва худ бо ханчар ҳост ба Диловар дарафтад. Вале каҳрамони мо каманд ё турро партофт ва бачаҳои дигар ӯро печониданд, ҳамроҳонаш бошанд рӯ ба нишеб ниҳоданд. Ванҷиҳо, ки акнун асир доштанд дигар душмани гурехтаро таъқиб накарданд. Саркардаро баста дар масҷид то рӯз нигоҳ доштанд. Ӯ бисёр меҷунбид ва касеро наздик намемонд. Дар сар кулоҳи намадии қирғизӣ дошт ва аз болояш бо рӯмол сахт баста буд , ки рӯяшро панаҳ мекард. Акнун, ӯро ба асп савор карда, ба Рохарв назди мир бурданд. То ним рӯз ба пойтахт расиданд ва назди мир рафтанд.
Мир дар қалъа мезист, ки дар соҳили чапи даргови рохарвӣ дар лаби ҷар ҷой дошт. Девори қалъа то 6–7 метр баланд ва дар дарунаш иморатҳои зиёди хизматрасон буд. Чун қалъаҳои калони муҳофизатӣ аз даруни қалъа ба сӯи ҷар то лаби дарё роҳи пинҳонии зеризаминӣ дошт. Мир бо рӯҳи болида тайёр буд ба Диловаршо подоши сазовор диҳад. Аввал кулоҳ аз рӯи асир бардоштанд, ки зери кулоҳ мӯи дарози кокулбофта дошт, рӯи гандумӣ, зебо, бо чашмони туркона ва нигоҳи ҷасурона дошт. Мирро ҳуш аз сар парид.
– “А бача, ин занак бидаст”, – гуфт бо ҳайрат ва баъди ба худ омадан ба Диловар рӯ овард: — “Ғанимати туст ва ӯро ба ту бахшидам, мо пир шудем ба ин корҳо, боз чӣ ҳохиш дорӣ?”.
– «Аз заминҳои мирӣ дар пойтахт як қитъа бахш, то ҳамин ҷо хонаву дар кунем”.– талаб намуд, Диловаршо.
-“Рост, бачазани сипоҳӣ зеби пойтахт дорад”, – гуфт мир ба ӯ, бар зами асира, ки Набот ном дошт, боз қитъаи замин аз заминҳои ҳамвори Гластун, ки дар паҳлӯи боғи мир буданд, бахшид. Аз он сӯ, баъди чанде ҳокими Ҷиргатол кас фиристода, ҳадя оварданду раҳоии Наботро хостанд, вале ӯ аллакай бо Диловаршоҳ издивоҷ карда буд ва дар Ванҷ монд. Ҳамин тавр, миёну Ванҷу қирғиз риштаи хешутаборӣ маҳкам шуд. Ҳоло авлоди Диловаршоҳ дар Рохарв зиндагӣ мекунанд ва кам-кам симои қирғизии худро аз Бибинабот ёдгор доранд.
Баҳодури Ҷумъа.
Офарин Баҳоур. Қиссаи хуб навиштай.