Шарҳи ҳол

  MulloyorДар байни бештар аз 40 шоири соҳибдевони ҳавзаи адабии Дарвоз, Мулло Ёри Ванҷӣ, ки яке аз намояндагони саршиноси ин мактаб маҳсуб мешавад, мақому мартабаи хоссаро касб кардааст. Ёрӣ бузургтарин намояндаи адабиёти классикии форс-тоҷик дар миригарии Ванҷ буд. Дар деҳаҳои диёр аз устодони маҳаллӣ таълим гирифт. Аз ҷавонӣ ба сурудани шеър оғоз кардааст. Ба марказҳои фарҳангии замони худ робита дошт. Дар кори эҷодӣ бештар ба Мирзо Абдулқодири Бедил майл дошт. Вале ба шакли Бедил мураккаб наменавишт. Ӯ танҳо ҷасорати Бедилро пайравӣ мекард.
  Соли таваллуди ӯ то ҳанӯз дақиқ маълум нест. Муҳаққиқи саршиноси асри Ёрӣ, устод Басир Расо бар ин назар аст, ки шоир соли 1829 дар деҳаи Ғӯмаяки Ванҷ таваллуд шудааст. Бобояш Рустамбек аз авлоди косибон, падараш Додӣ дуредгар буд.
  Муҳити танги миригарии Ванҷ, ки барои аҳли илм созгор набуд, сабаби он гашт, ки шоир дар охирҳои зиндагӣ ватани худро тарк намуда, ба Бухоро, Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ фирор кунад. Оқибат соли 1913 дар шаҳри Маккаи Арабистон вафот кард. Ёрӣ воқеан охирин намояндаи бузурги адабиёти классикии мост, ки дар гӯшаю канори Бухорои Шарқӣ овора гардида, рисолати шоирии худро идома бахшид. Шеъри Ёрӣ шеъри маънӣ ва воқеияти иҷтимоии халқи мо дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ буд. Ҳатто ин мероси андаки ӯ, ки ба ҳукми тасодуф дар байни мардум боҳӣ мондааст — гувоҳи он аст, ки ин шоири ҷасур ва озода то охири умрдар назди мушкилоти иҷтимоӣ ва фарҳангии замони худ сар нафароварда, дар ҷодаи илму фарҳанг устуворона пеш рафт. Ӯ борҳо таъкид намудааст, ки: «Ҳастам ҳамеша Ёрӣ дар ҷустуҷӯи мазмун».
  Воқеан шоирони мазмунофар дар асрҳои охири таърихи мо хеле ангуштшумор буданд. Шоирони зиёд доштем, вале аксар тақлидкор ва мазҳабӣ буданд. Ёрӣ маҳз бо ҷасорати иҷтимоӣ ва ҳунарии худ аз назари муҳаққиқони имрӯзаи минтақа сазовори баландтарин баҳои адабӣ гардид.
Шоири ҳассос ва огоҳ оқибати кори худро дар он муҳити фосид дуруст пешбинӣ намуда, гуфтааст:
Сарнавишти Ёрии бечора гар эҷоди халқ,
Қисматаш ин буд чандин чора кард, барбод сӯхт.
Ба гуфтаи баъзе мутахассисон, ӯ нафақат шоири соҳибдевон, балки инчунин донишманди маъруф буда доир ба баъзе аз равияҳои илмию фалсафӣ низ тадқиқот бурдааст. Вале ҷои таассуф аст, ки ба ҷуз намунаҳои парокандаи аз забони мухлисони сершумори диёраш ба рӯи қоғаз омада, осори пурраи ӯ боқӣ намондааст. 
  Шоири шаҳири миллату диёр Басир Расо дар мисраҳои ба Мулло Ёр бахшидааш, самимияти хешро чунин баён медорад:
Оташе дар зиндагӣ моро ниёз,
Хому хомиҳои моро пухта соз.
Шоирон бо оташи гуфтори нарм,
Сардии дилҳои мо бинмуда гарм,
Умрро марғубу ширин мекунанд,
Рӯҳро авроқи рангин мекунанд.
Ёриро табъу забони оташ аст,
Сатри мавзуну каломи дилкаш аст

Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.