Шакаршои Ванҷӣ

  Шакаршои Ванҷӣ 23 декабри соли 1977 дар маҳаллаи Мулло Ҷоруб (бобии Мулло Ҷрӯв) дар деҳаи Пайшанбеобод (ҳоло Бичхарв) дар зери кӯҳсори баланд, дар оилаи машкоб, дар сарзамини Ванҷи пурганҷ ба дунё омадааст. Мактаби ибтидоиро, ки он вақт мактаби деҳа то синфи се буд, дар деҳа хатм карда, барои идомаи таҳсил ба мактаби №19-и деҳаи Вскроғ рафт.
  Хушбахтона, дар маркази деҳа мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд ва баъди як соли таҳсил боз ба мактаби №40-и деҳаи баргашта, то синфи 9 хонда, аз сабаби нарасидани мутахассисон (муаллимони синфҳои болоӣ) боз барои идомаи таҳсил ба мактаби №19-и деҳаи Вскроғ баргашт.
  Ҳар ду мактабро бо баҳои аъло хатм карда, барои идомаи таҳсил роҳи Душанбешаҳрро пеш гирифт. Аввал ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи миллӣ супорид, баъд аз нокомӣ, соли дигар ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ супорида, сазовори номи донишҷӯ шуд.
  Баъди панҷсоли таҳсил дар донишгоҳ ва хатми он бо баҳои аъло ба сабаби набудани шароит барои зисту кор ба фавҷи миллионнафараи муҳоҷирони меҳнатӣ пайваст. Дар вақтҳои фароғат шеъру рубоӣ менависад. Шакаршо шоири навқалам аст ва дар ин ҳирфа гоми устувор ниҳода, умед аст, дар ояндаи наздик дар ин ҷода комёб мешавад.

Зиндагӣ маро муҳоҷир кард,
Зиндагӣ маро шоир кард!.

Гулчине аз ашъори Шакаршои Ванҷӣ:

Илҳом аз Рӯдакӣ

Дар ғарибиҳо хумор ояд ҳаме,
Номаи сабз аз диёр ояд ҳаме.

Дар навори ёд танҳо меҳанам,
Кабки масти кӯҳсор ояд ҳаме.

Бо парастуи хаёл пар мезанам,
Рафтани деринтизор ояд ҳаме.

Ишқи ман ишқи замину осмон,
Чашм пӯшам, гулнигор ояд ҳаме.

Хоби нози руҳнавозам орзуст,
Булбули шабзиндадор ояд ҳаме.

Хори ҳиҷронӣ андар чашми дил,
Оби чашмам шашқатор ояд ҳаме.

Аз фироқи ёру дустам хунҷигар,
Ҳаҷри моро кай барор ояд ҳаме.

Гулшани руъё гулафшонӣ кунад,
Бар машомам навбаҳор ояд ҳаме.

Ҷавшани дарвеш бар сина сипар,
Лашкари ғам найзадор ояд ҳаме.

Хати тақдирам хати пешонаам,
Ҳар мадад аз Кирдугор ояд ҳаме.

Домани модар- ватан холӣ вале,
Кош мусофир шаҳсавор ояд ҳаме. 2018.

Илҳом аз Мавлавӣ

Атри хумори боғи Бадахшонам орзуст,
Зебо навори хори кӯҳистонам орзуст.
Аз хиттаи табор агар дур фитодаам,
Паргори меҳри ёри қадрдонам орзуст.
Бар гӯши ҳаҷри дил навое намерасад,
Як қаҳ-қаҳи маликаи хубонам орзуст.
Дар хилвати ғариб як марди шарқиям,
Офтобрухе, дар гӯшаи ҳиҷронам орзуст.
Хомӯшу гунгу лолу бо хотири малол,
Бонги хуруси қуллаи Сомонам орзуст.
Шерони марғзор намоҳанги ҳайбатанд,
Як рақси мори кӯҳу биёбонам орзуст.
Ин беша даргирифту бӯе зи нон нест,
Хокистари тари лаби чакдонам орзуст.
Азрақфоми рӯди наийстон, ки соф нест,
Оби зулоли чашмаи мастонам орзуст.
Во ҳасрато, ба лаб куҷо суру як тараб,
Чолёби нозу булбули хушхонам орзуст.
Овора ҳар баҳору дар ҳасрати диёр,
Ганҷи равони Ванҷи Бадахшонам орзуст. 2018.

Илҳом аз Ноҷӣ

Дилбари маҳлиқои ман, рух бинамо,ҷигӣ-ҷиггӣ. Ноҷии Дарвозӣ.

Ай гул, қурбонат шавам, биё, биё, ҷигӣ-ҷигӣ,
Садқаи чашмонат шавам, биё, биё, ҷигӣ-ҷигӣ!.
Рози дилам ҷигӣ-ҷигӣ, сози дилам ҷигӣ-ҷигӣ,
Доира ба дастонат шавам, биё, биё, ҷигӣ-ҷигӣ!.
Биё биё, эй гулбадан, аз дида гулхунам бирез,
То гул ба домонат шавам, биё, биё ҷигӣ-ҷигӣ!
Ку зулфи печони сиёҳ, силсилаи ҷурму гуноҳ,
Шона ба зулфонат шавам, биё, биё, ҷигӣ-ҷигӣ!
Аз ҳаҷри ту сӯзад ҷигар, оё ту медонӣ магар?,
Шаъми шабистонат шавам, биё, биё,ҷигӣ-ҷигӣ!
Эй ишқи мастури дилам, ҳаргиз мабош қотилам,
Масту хиромонат шавам, биё, биё,ҷигӣ-ҷигӣ!.
Қосид бар бар гӯши гул, тавбаи ишқи ӯ қабул,
Булбули хушхонат шавам, биё, биё, ҷигӣ-ҷигӣ!.
Ту чун Зулайхои башар, меҳру садоқатат дигар ,
Юсуфи Канъонат шавам, биё, биё,ҷигӣ-ҷигӣ!. 2018.

Ҷони ту ин ҷони ман

Дилбари ҷонони ман, ҷони ту ин ҷони ман,
Ҷони ту ин ҷони манн, дилбари ҷонони ман.
Нури ду чашмони ман, як назарат дилрабо,
Як назарат дилрабо, нури ду чашмони манн.
Булбули хушхони манн, нағмасаро дар чаман,
Нағмасаро дар чаман, булбули хушхони ман.
Ай хуби хубони ман, кай шавӣ меҳмони ман,
Кай шавӣ меҳмони манн, ай хуби хубони ман.
Кабки хиромони ман, силсилаҷунбон биё,
Силсилаҷунбон биё, кабки хиромони ман.
Лаъли Бадахшони ман мӯҳраи марҷони туст,
Муҳраи марҷони туст, лаъли Бадахшони ман.
Моҳи шабистони манн, моҳи рухат дар назар,
Моҳи рухат дар назар, моҳи шабистони ман.
Панҷаи ларзони манн, шона ба зулфат парӣ,
Шонаи ба зулфат парӣ, панҷаи ларзони ман.
Ишқи туву ишқи ман нози туву рашки ман,
Нози туву рашки ман, ишқи туву ишқи ман,
Эй санами Ванҷи ман, ранҷи ману ганҷи ман,
Ранҷи ману ганҷи ман, эй санами Ванҷӣ ман. 2018.

Эҳдо ба солрӯзи сарзамини Ванҷи пурганҷи ман

Ванҷи ганҷи ганҷдорам, зинда бод,
Ганҷҳои бешуморам, зинда бод!.
Рӯди Ванҷоб саргаҳи дарёи Панҷ,
Оби софи зиндадорам, зинда бод!.
Ғорҳояш ганҷури ёқуту зар,
Кӯҳсори зарнигорам, зинда бод!.
Обшор аст, ҳар дили кӯҳи дара,
Сангҳои обшорам, зинда бод!.
Мусиқӣ дорад мавҷи шаршара,
Хушнаво оби зулолам, зинда бод!.
Оҳуи маст маст аз бӯи чаман,
Рақси махмури ғизолам, зинда бод!.
Наъраи шер ояд аз чархи барин,
Шоҳи ҳайвони диёрам,зинда бод!.
Меваҳои рӯи хок дармони дил,
Кони қанди ширадорам, зинда бод!.
Духтари раз ҷомааш сурху сафед,
Боғу роғи хӯшадорам, зинда бод!.
Марди майдон паҳлавонҳои диёр,
Рустамони ифтихорам зинда бод!.
Дилбаронат меҳру моҳу ахтаранд,
Нур дар чашмони чорам зинда бод!.
«Ллаи ванҷӣ» ки лаҳни модар аст,
Лаҳҷаи марғуладорам зинда бод!.
Ҳай «дафоқмбак» хуш бошад маро,
Базми Наврӯзи баҳорам зинда бод!.
Бо суруди «Ванҷӣ Боло» зиндагӣ,
Нағмаву чангу дуторам зинда бод!.
Ай куҳан ориётаборам зинда бод,
Ҳадяи Парвардигорам зинда бод!.

Илҳом аз Муллоёр

Мулки Ванҷ ҷаннати дунё бидабаст,
Мулки Ванҷ ҷойи тамошо бидабаст.
Қуллаи Сомонияш сар бар фалак,
Мулки Ванҷ аз ҳама боло бидабаст.
Манбаи оби ҳаёт дар Ванҷи мост,
Мулки Ванҷ саргаҳи дарё бидабаст.
Кӯҳсораш нуқрадору мармар аст,
Мулки Ванҷ лӯълӯи лоло бидабаст.
Чун нигин дар ҳалқаи ангуштарӣ,
Мулки Ванҷ хиттаи зебо бидабаст.
Сарфарозанд паҳлавонони диёр,
Мулки Ванҷ ҳиммати воло бидабаст.
Шоми Ванҷ ситоразор, ситорабор,
Мулки Ванҷ иқди Сурайё бидабаст.
Қалъаҳои мири Ванҷ дар Рохарв,
Мулки Ванҷ шаҳраки ориё бидабаст.
Лаҳҷаи ширин зи шири модар аст,
Мулки Ванҷ модари танҳо бидабаст.

Ванҷистони ман

Лола дар кӯҳсор дорад, мулки Ванҷистони ман,
Гулшану гулзор дорад, мулки Ванҷистони ман.
Мармаристон гар бихоҳӣ, мулки Ванҷистон биё,
Гавҳари бисёр дорад, мулки Ванҷистони ман.
Ванҷи ману ганҷи ман, вирди забони булбулон,
Андалеб такрор дорад, мулки Ванҷистони ман.
Аз дили кӯҳ чашма мерқсад, ба дарё медавад,
Дараи обшор дорад, мулки Ванҷистони ман.
Як диёри сабзи сабз андар дили кӯҳи баланд,
Наврӯзу баҳор дорад, мулки Ванҷистони ман.
Ҳафт пушти паҳлавони Ванҷ надидаст хокро,
Боли ифтихор дорад, мулки Ванҷистони ман.
Шаҳчинору шаҳтуташ аз хусравонӣ тоҷдор,
Мардуми тоҷдор дорад, мулки Ванҷистони ман.

Куҷо тоҷик?

Дар ин шаҳре, ки меҳмунам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?,
Хатарҳоест бар ҷонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Куҷо куртачакан бинам гуле аз ҳамватан бинам,
Хумори чити гулгунам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Сияҳчашму сияҳмиҷгон чаро дигар намебинам,
Чу зулфи ёр парешунам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Куҷо оши наҳор бошад, суоли бе шумор бошад,
Дар ин чорроҳа раҳгумам куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Дар ин шаҳре, ки афсона фақат як ман чу девона,
На ошиқ ҳамчу Маҷнунам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Чу ошён дар баландӣ нест, тиреза ойнабандӣ нест,
Дар ин вайрона зиндонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Чу Юсуфе ҷамолам ҳаст, Зулайхо дар хаёлам ҳаст,
Куҷо пири падарҷонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Куҷо як анҷуман бошад, сухан аз мову ман бошад,
Дар он минбар ғазалхонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Барои хӯшаи гандум, дар ин мулк то ба кай гардам,
Шабу рӯз дар ғами нонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Куҷо ҳамсӯҳбати ванҷӣ, ба тан ҷомаи норинҷӣ,
Ман он булбули хушхонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.
Ғарибу зору ҳайронам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?,
Худо бошад, нигаҳбонам, куҷо тоҷик, куҷо тоҷик?.

Ванҷи бостонам ба ёд

Ванҷ гуфтам, он кӯҳистонам ба ёд,
Ванҷ гуфтам, дурру марҷонам ба ёд.
Ҷойнамози ман ҳар як санг буд,
Ванҷ гуфтам, мармаристонам ба ёд.
Нағмаи кабки дарӣ бар гӯши дил,
Ванҷ гуфтам, булбулистонам ба ёд.
Шаҳд мерехт зи ҳар як шохи тут,
Ванҷ гуфтам, боғу бӯстонам ба ёд.
Замзама шеъри Мулло Ёр мекунам,
Ванҷ гуфтам, он дабистонам ба ёд.
Лаҳҷаи ширин зи лаҳни модарам.
Ванҷ гуфтам, модари ҷонам ба ёд.
Шери нар андар найистони фироқ,
Ванҷ гуфтам, родмардонам ба ёд.
Он яке ганҷи парешон ин манам,
Ванҷ гуфтам, Ванҷи бостонам ба ёд.

Ман шоири озодам

Ман шоири озодам,
Дар домани кӯҳ зодам.
Аз қавми Мулло Ёрам.
Ҳамшаҳрии Беҳзодам!.
Ман шоири озодам,
Булбул бувад иршодам,
Дар боғ ҳазорон гул.
Дил бар ҳар гуле додам!.
Ман шоири озодам,
Ҳар чашм кабуд ёдам,
Дӯстори бути мавзун,
Думболи дили шодам!.
Ман шоири озодам,
Дар чашми паризодам,
Чу Юсуфҷамолам нест,
Маҷнунаму Фарҳодам!.
Ман шоири озодам,
Чун Кова чу Синбодам,
Мансуре ба зери дор,
Бодо ҳар чӣ бодам!.
Ман шоири озодам,
Навқалам навэҷодам,
Як гӯл зи марзи Ванҷ,
Қаламшоҳи Бағдодам!.

Зафар муборак
Эҳдо ба Сомонпаҳлавон

Эй марди марди майдон, зафар муборак,
Эй паҳлавони даврон,зафар муборак!.
Эй зодаи Бадахшон, табрик,табрик,
Аз дили Ванҷӣ бостон, зафар муборак!.
Медали тилло нишон хуҷаста бодат,
Сар мерасад ба кайҳон, зафар муборак!.
Ливои мо парафшон, болои сар гулафшон,
Эй яли шӯҳрату шон, зафар муборак!.
Ту Рӯстами замонӣ, ҳоло ту навҷавонӣ,
Эй Таҳамтани ормон, зафар муборак!.
Аз водии далерон, аз хоки поки шерон,
Пили масти Хуросон, зафар муборак!.
Аз Оли Сомон, Сомон, зафар муборак,
Тоҷдори Тоҷикистон, зафар муборак!.

Эҳдо ба ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов

Хуш қадамҳоят муборак, Хушқадам,
Боз гаштӣ байни мардум муҳтарам.
Тавсифи ту мекунад шеъри тарам,
Васфи шерони диёр дар дафтарам.
Чу таҳамтан дастболо дар ҷаҳон,
Рустами давру замони кишварам.
Аз замини мардхез, марди шуҷоъ,
Як ҷавонмарди Худо, ҷон додарам.
Дар гилеми куштӣ бо ҳар ҳариф,
Аҳсанат гуфтам далери Ховарам.
Устоди варзишат Маҳамадшариф,
Аз чунин устод ҳамеша боварам.
Эй хушо, дар қуллаи фатҳу зафар,
Парчами миллӣ ба номи Хусравам.
Тоҷ бар сар мекунӣ, эй паҳлавон,
Эй ҷавонӣ дар ҷаҳон номоварам.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.