Шайх Раҳимов яке аз устодони гӯштини миллии солҳои 50-60-ӯми асри гузашта дар Тоҷикистон буд. 10 октяб ри соли 1930 дар деҳаи Мотравни деҳшӯрои Язгулом ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз синни то мактабӣ шуғли гӯштӣ намуда, нозукиҳои онро аз устодаш Шошопаҳлавон омӯхт ва аз давраи наврасӣ ба майдони васеъи варзиши Ҷумхурӣ ворид гардид.
Шогирдони чемпиони чандинкартаи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ Шайх Раҳимов, Хизиралӣ Неков, Абдул Худоёров, Ибод Шайхов, Одина Гулмаҳмадов, Ғарибмаҳмад Гулмаҳмадов ва дигарон, ки аз мактаби ин устоди варзиш гузаштаанд, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он борҳо ғолиб омадаву шарафи ин мактабро нигоҳ медоранд. Шайхпаҳлавон ба солорсолии хеш нигоҳ накарда, бо садоқати том ба ин шуғли аҷдодӣ содиқ аст ва кӯшиш дорад, ки ҳар чи бештар ҷавонон аз таҷрибааш баҳра баранд. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед