Дар диёри Ванҷ нисбати варзишгарон аз кадом намуде, ки набошад, хоҳ шиноварӣ, хоҳ бузкашӣ, хоҳ пойгаи пиёда ё савора, хоҳ чавгонбозӣ, хоҳ вазнбардорӣ, хоҳ сангандозӣ… эҳтирому эътиқоди махсус зоҳир менамоянд. Қариб дар ҳама ҳолат ин мавзӯъ дар сӯҳбатҳо чун мавзӯи анъанавӣ қарор дорад. Имрӯз мардуми ин мавзеъ варзишгарони гузаштаро бо ифтихор ба ёд меоранду дар бораашон метавонанд соатҳои тӯлонӣ ҳарф зада аз корнамоиҳояшон қисса кунанд. Масалан, ҳар яктаҳҷоии Водхуд метавонад аз санъати баланди шиноварии Маҳмадшарифи Даштакӣ бо як шавқу ифтихор ёдовар шавад. Калонсолоне, ки бевосита дарёи Панҷро бесаноч (гупсар) убур карда, гузаштани ӯро дидаанд, мегӯянд, ки ӯ аз роҳи ҳамвор дида худро дар дарёи Панҷ озодтар ҳис мекард. Дар ҳақиқат касе, ки ин дарёи калони пуртуғёнро аз наздик дида бошад, ба чунин ҷасорат бовар намекунад. Ҳолдонон ва шоҳидони ин манзара борҳо дидаанд, ки то марзбандии ҷиддӣ ва батамом баста шудани сарҳади давлатии шӯравию Афғонистон (қариб то миёнаи солҳои 30-юм ҷавонон озод дар ин дарё оббозӣ мекардаанд), Маҳмадшариф пуштнокӣ ин дарёро убур мекардааст. Дар ин ҳолат ӯ худро то дараҷае дар болои об нигоҳ медоштааст, ки гӯё об аз болои шикамаш намегузаштааст.
Вазнбардор Шоназрии Пшихарвӣ санги аз якҷо ба ҷои дигар бурдаи ӯро имрӯз 6-7 марди паҳлавон якҷоя бардошта наметавонанд.
Худоёрбеки Водхудӣ ғалтакчӯби тарро то дараҷае тоб медодааст, ки обаш мисли латта ба замин мерехтааст.
Ҳамин гуна маълумотҳо нисбати Сардори Ӯзбаӣ дар хотири ҳамдиёрон боқӣ мондаанд.
Миёнсолону ҷавонон борҳо аз калонсолони деҳа дар бораи ҳунари кӯҳгардии (шахравӣ) шикорчии моҳир Давлатшоҳи Водхудӣ шунидаанд. Ӯ бо чобукию равандагии худ дар байни ҳамзамонон мавқеи пешсафӣ дошт. Дар солҳои 30-уму 40-ум дар ҳолате, ки сарҳади Шӯравию Афғонистон маҳкаму касногузар ҳисоб меёфт ва фақат як кӯшиши вайрон кардани он кифоя буд, ки кас умрашро дар маҳбас гузаронад, ӯ ҳатто барои носкашӣ ба назди дӯстони соҳили Афғонистониаш рафта бармегаштааст. Дар ин бора ҳарчанд овозаҳо буд, вале ӯро дар айни ин амал дастгир карда наметавонистанд. Ҳатто вақте, ки дар ҳангоми шикор ин марди 64 сола аз кӯҳ афтида буду ҷасадашро ду-се рӯз пайдо накарданд, овозае паҳн шуда буд, ки гӯё ӯ ба Афғонистон гузаштааст.
Ҳамин гуна нақлу ёддоштҳо нисбати мардони хузарби Ванҷи Боло аз қабили Ғофили Поимазорӣ низ кам нестанд. Онҳо дар гудохтану бо путкҳо ҷудо кардани оҳани гудохташуда, савдогарони барои харидани оҳан омадаро дар ҳайрат мегузоштанд.
Ҳатто фақат барои ёдовар шудан аз ҳунарҳои ванҷиёне, ки қувваи ҳайратовари ҷисмониро талаб мекард ва шоҳидони корнамоиҳояшон, ҳоло дар қайди ҳаётанд, метавон даҳҳо саҳифаро пур кард. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед