Файзалӣ Боев

  Боев аз ҷумлаи афроди бомаърифату соҳибфарҳанги диёр ва дилбастаи илму ирфон аст. Албатта, инсон шаъну эътиборро ба ҷиҳати маърифат касб мекунад ва Файзалӣ бо доштани он фарди бохираду хушхулқу соҳибадаби деҳу диёр буда, ирсбаранда ва идомадиҳандаи ахлоқу кирдори падари номдори хеш мебошад.
  Файзалӣ Боев 12 апрели соли 1980 дар деҳаи Ғӯмаст, дар оилаи муаллими маъруфи диёр Мулло Боев ба дунё омадааст. Соли 1987 ба синфи якум қадам ниҳода ва дар соли 1995 мактаби асосии деҳаро хатм карда, барои идомаи таҳсил ба деҳаи Дуршер рафта, дар соли 1997 мактаби миёнаи №12-и ин деҳаро хатм кард.
  Файзалӣ аз хурдӣ ба хондан шавқу ҳавас дошт. Ҳанӯз дар айёми мактабӣ хату забони арабиро фаро гирифта буд. Дар синфи ҳафтум дар олимпиадаи шоҳномахонӣ дар ноҳия сазовори ҷои якум гардид.
  Тобистни соли 1997 ба хотири касби маълумоти олӣ ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ рафта, ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҳуҷҷат супорида, бо додани имтиҳонҳо бо баҳои аъло ба донишгоҳ дохил шуд.
  Вале пас аз ҳафт моҳи таҳсил дар донишгоҳ ба амри зарурат ба кишвари Русия ба муҳоҷирати корӣ рафт. Солҳо дар бозори Черкизовскийи Маскав ҳамчун мубошир кор кард. Шароити зист сабаби солҳои тӯлонӣ дар Маскав мондану он ҷоро зистҷой қарор додани Файзалӣ шуд ва алъон ҳам бо хонавода дар ин шаҳр умр ба сар мебарад.
  Агарчанде Файзалӣ тарки таълим кард, ҳамеша дар талоши илмомӯзӣ аст. Илмҳои шаръиро (тафсири Қуръони карим, омӯзиши ҳадис ва масъалаҳои фиқҳӣ) ба ҳадди зарурӣ омӯхтааст. Аз хурдсолӣ ба шеър рағбат дошт, ашъори зиёдро аз худ карда буд ва худ иштиёқи шеъргӯӣ дошт.
  Файзалӣ Боев ашъоре таълиф намуда, ки мавзӯъ ва масоили ватандустӣ, фироқу ҷудоӣ аз диёру дӯстон, ирфониро дар бар доранд. Ранҷу сӯзи ҳаёти ғарибиро тавассути шеърҳояш баён месозад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.