Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Ситоиш мар Худойрост, ки ҳама махлуқро парвардигор Ӯст, замину осмону ҳастиро офаридгор Ӯст, поку беайбу донову огоҳу хабардор аз ҳама ашё Ӯст, подшоҳию қудрату азаматаш дар осмону замин аст, ба ӯ сано мегӯем, ки рӯзаро бар бандагонаш фарз намуд ва онро поккунандаи нафсу гуноҳонашон қарор дод, дуруду салом бар банда ва фиристодаи Ӯ бод, ки паёму фармони Ӯро ба мо расонд ва аз Худованд хоҳонем то моро аз беҳтарин уммати ӯ гардонад ва дар қиёмат бо ӯ маҳшур намояд!
Рамазон моҳи шариф аст
Рамазон моҳи муборак ва муҳими мусалмонон буда, бар соири моҳҳо афзал аст. Худованд ин моҳро барои ибодати хеш махсус намуда, ба ҷуду карамаш дар айёми он файзу баракоти зиёд ниҳода, барои бандааш фурсате дода, то ӯ бо истифода аз ин бахшоиш сармояи мазиду гаронбаҳо барои охираташ андӯзад. Ин моҳест, ки Худованди мутаъол ба бандагонаш ба назари раҳмат нигариста, дуову истиғфори эшонро мепазирад ва ибодату хайру садақоташонро бо аҷри даҳчанд қадр мекунад. Рамазон замони авф ва бахшиши Худованди бузург аст, ки соле як мартаба баргузор мешавад ва Ӯ бар бандагонаш фурсату имконият медиҳад, то гуноҳу кӯтоҳиҳои собиқа ва гузаштаи пурмаъсияти худро бо изҳору эҳсоси пушаймониву надомат канор гузоранд, рӯ ба ислоҳ биёранд, то ки хешро аз оташи ҷаҳаннамӣ дар ҳаёти ҷовидонӣ эмин доранд.
Мусалмонон дар бархурд бо масоили динӣ мутафовитанд, бархе саҳлангоранду дар иҷрои аъмол каҳолату ғафлат меварзанд. Хабари наздик расидани моҳи рамазон ҳузне дар вуҷудашон падид меорад. Аз ҳамли гуруснавгиву ташнагии рӯзадорӣ ғам мехӯранд ва ин моҳро бо бетоқатию рӯзшуморӣ ба охир мерасонанд. Аммо баъзе чашм ба роҳанд ва барои омаданаш рӯзшуморӣ мекунанд. Ҳангоми наздик шуданаш ба ҳам мужда медиҳанд. Вақте оғоз мешавад, шодмонӣ мекунанд, зеро медонанд, ки ин моҳи бузург чи хайроту баракоти азиме ва чи вижагиҳои арзишманде дорад, ки онро аз бақия моҳҳо мутафарриқ мекунад.
Рамазон фурсати ғанимат аст
Худованди мутаъол бар бандааш амр дода, то ин моҳи муборакро дарёбад. Бояд бидонад, ки ин миннати бузург аз ҷониби Аллоҳи мутаъол бар бандааш аст ва бо бақияи мусулмонон дар чидани самараҳои ин мавсими бузург, мавсими тоату имон ва тақарруб ҷустан ба Худованди раҳмон шарик шавад. Ин моҳ фурсати бузург барои рӯй овардан ба ҷониби Аллоҳи мутаъол, вақти муносиб барои баргузории тоату ибодати Худованд, дурӣ аз умуре, ки Худованди онро ҳаром ва мамнӯъ кардааст, мебошад. Мӯъмин бояд худро ба гунаи дигар барои рамазон омода кунад, дар зеҳн афкори нек парварад, дар дилаш анвои мухталифе аз некиҳо ҷараён гирад, барои қироати Қуръон вақтеро дар назар гирад, барои зикри Худо вақте гузорад, барои намози шаб хезад, ба ниёзмандон кӯмак ва базлу бахшиш кунад. Дар маҷолиси илм ҳузур варзад. Барномаҳои зиёди ибодӣ дар назар гирад. Аз ин аъмол рӯйгардон шудан ва машғули умури дунявии поённопазир ё корҳои беҳуда шудан имкони шинохти хайру некиро надода, мӯҷиби хушнудии Худои таборак ва таъоло намегардад. Инсон дар ин маҷолис ба сӯи дарвозаҳои некӣ ва хубӣ роҳнамоӣ шуда, мавъиза, панд ва андарз мегирад, қалб аз ғафлат бедор шуда, манфиат мепазирад. Ин моҳ зуд меояд ва зуд мегузарад, пас барои анҷом додани ин корҳо ва ибодатҳои боарзиш барои Парвардигори хеш омодагии комил мебояд гирифт.
Рамазон моҳи некӯкорӣ ва парҳез аз гуноҳ аст
Рамазон муслиминро ташвиқ ва таҳрик ба эҳсону адои аъмоли некӯ ва парҳез аз бадкорию бадрафторию бадгуфторию дигар гунаҳкориҳо мекунад. Мусалмон дар моҳи рамазон хешовандон, ятимон ва мустамандонро бояд ба ёд оварад, нисбат ба бастагон бахшандаву саховатманд бошад. Аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд: Кадом садақа беҳтар аст?. Фармуданд: “Садақае, ки дар моҳи рамазон бошад” (Тирмизӣ (663). Рӯзадор натанҳо шикамашро аз обу ғизо, балки чашмашро аз нигоҳ ба ҳаром, гӯшҳояшро аз шунидани маъсият ва забонашро аз гуфтани гуноҳ бояд нигаҳ дорад. Аҷри дар рӯз ҷамънамударо бояд дар шаб олуда насозад. Шаётини ҷин ба занҷир бастаанд, аммо шаётини инс фаъолият доранд ва гуноҳонро дар назари мӯъминон зебо ҷилва медиҳанд. Рӯзадор бояд бурдбор ва шикебо бошад. Набояд ба хурдае хашм гираду нороҳат шавад. Мардумро набояд ба дасту забонаш ранҷу озор диҳад. Паёмбари Худо (с) таъкид намудаанд: “Вақте касе аз шумо рӯзадор бошад, ҳаргиз сухани беҳудаву зишт нагӯяд, доду фарёд накашад ва аз аъмоли ҷоҳилона парҳез намояд. Агар касе ба ӯ дашном диҳад ва ё ба ситеза хезад, ба ӯ гӯяд: ман рӯзадор ҳастам, ман рӯзадор ҳастам!” (Бухорӣ (1894, 1904, 5927), Муслим (2700), Насоӣ (2215, 2216).
Ҳадаф аз рӯза гирифтан бояд тарс аз Худо, шукри ӯ, парҳез ва тақводорӣ бошад. Тақво бояд пас аз рамазон ҳам дар ҳама сол ҳамроҳи мусалмон бошад. Дар ин моҳ ва дар ғайри ин моҳ аз адои намоз бо ҷамоат ғафлат наварзад. Мардуме Худоро дар моҳи рамазон ибодат мекунанд ба воҷиботу фароиз амал мекунанд, вале чун рамазон ба поён расад, даст аз ибодат мекашанд. Бар мусулмон воҷиб аст, ки Худоро дар рамазон ва ғайри рамазон нозири худ донаду аз тоаташ сар напечад. Бархе аз мардум дар моҳи рамазон даст ба исрофкорӣ мезананд. Беш аз ҳадди ниёзи хонаводаашон харид намуда, бар суфра анвои мухталифе аз хурокиҳоро гузошта, миқдори андаке аз он хӯрда мешавад. Гурӯҳе аз мардум дар вақти рамазон ба бозӣ ва тафреҳ авқоти боарзиши моҳи рамазонро бо ин корҳои беҳуда ба ҳадар мегузаронанд. Бархе дар моҳи рамазон аҳли масҷид мешаванд ва пас аз он тарки он мекунанд. Хӯроки рӯзадор бояд аз ҳалол бошад. Бо хӯроку нӯшоки аз ғайриҳалол бадастоварда набояд ибодоти хешро дар ин моҳи муборак ва дар ғайри он беарзишу олуда созад.
Рӯзаи поккунандаи нафс ва гуноҳони мусалмон мебошад. Мусалмон онро на ба тақлид ва барои худнамоӣ ба мардум, балки холисатан барои Худованд гирад. Рӯзадор бояд айёми рӯзаро бо намозу зикри Худо, хондани Қуръон ва пойдории дигар анвои ибодот сипарӣ кунад. Саъй кунад дар ин моҳ ба қадри тавон худро аз қайду вобастагиҳои дунявӣ ҷудо созад, ба намоз, зикр, тиловат, эътикоф, саховат пардозад ва бо арзишҳои маънавӣ хешро ороста созад.
Рӯза бар мӯъминон фарз аст
Рӯза фарзе аст, ки Худованди таборак ва таъоло бар бандаи хеш муқаррар кардааст ва адои ин навъи ибодат (рӯзадорӣ) сабаби қаробат ба Худованд ва дар қатори парҳезкорон қарор гирифтан мегардад. Худованд дар Қуръони карим ба мӯъминон хитоб намудааст: “Эй касоне, ки имон овардаед, навишта шуда (муқаррар шуда) бар шумо рӯза, чунон ки навишта шуда буд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, бошад, ки шумо парҳезкорӣ кунед” (Бақара: 183, ин оя дар соли дуввуми ҳиҷрӣ нозил шуда ва аз он пас рӯзаи моҳи рамазон бар мӯъминон фарз гардидааст). Пас ҳар мӯъмине, ки ин моҳро дарёбад, бар ӯ дар тӯли он рӯза доштан лозим меояд. Паёмбари гиромии ислом (с) низ фармудаанд: «Ислом бар панҷ рукн бунёд шудааст: гувоҳӣ додан бар ин ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ додан бар ин, ки Муҳаммад пайғамбари барҳақи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, рӯза доштани моҳи рамазон ва ҳаҷи хонаи Худо » (Бухорӣ ва Муслим аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (р). Рӯза доштани моҳи рамазон бар ҳар шахси мусалмони болиғ ва оқил фарз аст.
Рамазон моҳи муборак ва баракат аст
Паямбар (с) ин моҳро моҳи муборак ва баракат тавсиф кардаанд: “Моҳи рамазон назди шумо омадааст, ки моҳе муборак аст, Худованд рӯза гирифтан дар онро бар шумо воҷиб кардааст, дар ин моҳ дарҳои биҳишт гушуда мешавад ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад ва шаётини саркаш ба занҷир кашида мешаванд” (Насоӣ (2106). Ҳар лаҳзае аз ин моҳ аз оғоз то анҷом дорои баракат ва фазилати бешумор аст. Баракоти ин моҳ баста гаштани дарвозаҳои ҷаҳаннам, кушода шудани дарҳои биҳишт ва занҷирбанд кардани шаётин мебошанд, ки ин хоси дигар моҳҳо нест. Мусулмон бояд ба хотири фарорасии моҳи рамазон бояд хушҳолу шукргузор бошад, зеро бисёре интизори он буданду ба он нарасиданд ва аз ин неъмат маҳрум гаштанд. Чун мусулмон ин моҳро дар саломатӣ ва офият дарёбад, қадру арзиши онро бояд бидонад. Паёмбар (с) ҳангоми дидани ҳилоли ҳар моҳ мефармуд: “Худовандо, ҳилоли ин моҳро бо хуҷастагӣ, имон, саломатӣ ва ислом барои мо ошкор кун, (эй ҳилоли моҳ) Парвардигори ту ва ман Аллоҳ аст” (Тирмизӣ (3451), Аҳмад (1397) аз ҳадиси Талҳа ибни Убайдуллоҳ(р).
Рамазон моҳи сабр аст
Расуллулоҳ (с) моҳи рамазонро моҳи сабр номидаанд. Эшон фармудаанд: “Рӯза гирифтан дар моҳи сабр ва се рӯз аз ҳар моҳ ба рӯза гирифтани як сол баробар аст” (Аҳмад (7567) ва Насоӣ (2408) аз Абуҳурайра ривоят кардаанд(р). Рамазон моҳест мусалмон нафси худро ба сабр кардан ва тарки гуноҳон одат медиҳад. Ончунон ки дар рамазон аз лазоизи он чи ки барояш ҳалол аст, (хӯрдан, нӯшидан, ҳамхобагӣ) худдорӣ мекунад, сабри хешро бояд дар тарки лазоизи манҳиёти Худованд тамрин диҳад. Тарк аз хӯрдану нӯшидан, худдорӣ аз ҳамбистарӣ бо ҳамсар, ки ниёзи ҳаётӣ мебошанд, ба воқеъ гаштани ин амр мадад мекунанд. Фавоиде, ки инсон аз ин моҳ касб мекунад, барои тамоми умри ӯ хоҳанд буд. Рамазон як тамрине барои тақвияти парҳезкорӣ дар мусалмон мебошад, ки ӯ бар он дар рамазон хӯ гирад ва онро дар моҳҳои дигари сол идома диҳад. Худованд сабрпешагонро подоши бешумор медиҳад. Ӯ нафси худро ба сабр кардан ба тарки гуноҳон одат медиҳад ва бар чизҳои хӯгирифта, ки бар онҳо одат дошта, мисли хӯрдану ошомидан ва ғ. ба хотири итоат аз Худованд тарк мекунад. Рӯзадор бояд бурдбор ва шикебо бошад.
Рамазон моҳи авфи гуноҳон аст
Дигаре аз аъмоли муҳими ин моҳ тавба аз тамоми гуноҳон ва хатоҳо аст. Мусулмон аз кӯтоҳиҳо, исрофкориҳо, ифроту тафритварзиҳо дар умур, ки аз ӯ сар задааст, дар ин моҳ бояд изҳори таасуфу надомат ва аз Худои хеш авфу тавбахоҳӣ кунад. Памбар (с) фармудаанд: “Ҳама фарзандони одам хатокоранд ва беҳтарин хатокорон тавбакунандагонанд” (Тирмизӣ (2499), Ибни Моҷа (4251) аз ҳадиси Анас (р). Пас одамизода дучори хато ва иштибоҳ мешавад ва беҳтаринҳо тавбакунандагон буда, моҳи рамазон замони муносибе барои ин кор аст. Ӯ бояд эҳсоси пушаймонӣ ва тавба кунад, ба гузаштаи табоҳу пурисёни худ ваъдаи барнагаштан диҳад. Беҳтар аст тавбаи насуҳ кунад ва шартҳои тавбаи насуҳ пушаймонӣ аз анҷоми гуноҳ, азми қатъӣ барои бар нагаштан ба он ва тарки он кардану буридан аз он мебошанд. Тавба ба иҷрои ин шурут аз ҷониби Худованд пазируфта хоҳад шуд. Аҳли илм ба ин шарти чаҳорум, баргардондани ҳаққи мардум ва аз онҳо ҳалолият талабиданро изофа мекунанд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Вақте ки аввалин шаб аз моҳи рамазон фаро мерасад, шаётин ва ғулҳои шурур ба ғул ва занҷир кашида мешаванд ва ҳама дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад ва ҳеҷ даре аз он боз намешавад ва тамоми дарҳои биҳишт боз мешавад ва ҳеҷ даре аз он баста намешавад ва нидодиҳандае нидо мезанад: эй касе, ки хоҳони хайру некӣ ҳастӣ пеш биё, эй касе, ки хоҳони шарру бадӣ ҳастӣ кӯтоҳ биё ва Худованди мутаъол гурӯҳе аз мардумро аз оташи дӯзах раҳоӣ медиҳад ва ин маврид барои тамоми шабҳо аст (на фақат он шаб) (Суннани Тирмизӣ (682), Суннани Ибни Моҷа (1642) ба ривояти Абуҳурарйра (р). Ин нидо даъватест, ки эй мусалмон, ҳоло фурсате барои некӣ, тоату ибодат дорӣ, бо тамоми тавон ба сӯи он рӯ овар ва аз он истифода кун, фурсат аз даст надеҳ, ки он дубора бар намегардад. Шарру бадхоҳон дар ин моҳ набояд дар гуноҳу каҷравӣ исроф кунанд ва ба гумроҳии худ идома диҳанд. Дар ин моҳи муборак мусалмон бояд рӯй ба сӯи Худо, тавба ва изҳори пушаймонӣ аз гуноҳони гузашта кунад. Моҳи рамазон фурсати муносибе барои ғофилоне, ки мағлуби шуғлу машғалаҳои дунявӣ ва саргармиҳои бефоида шудаанд, шабу рӯз ғарқи рифоҳу хушгузаронӣ, бозиву шабнишинӣ, хобу танбалӣ, зулму саркашӣ кардаанд, тавбаи насӯҳ кунанд ва ба сӯи Худо рӯй оранд. Худованд ҳар шаб гурӯҳе аз мардумро аз оташ наҷот медиҳад. Бандаи Худо бояд аз Худованд бихоҳад, то ин тавфиқро ба ӯ диҳад. Рамазон моҳи имону умед ба раҳмату баракату аҷру саховати Аллоҳи мутаъол аст. Паёмбар (с) фармуданд: “Касе ки моҳи рамазонро бо имону умеди касби аҷру подош рӯза гирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад” (Бухорӣ (37, 1775), Муслим (1268), ҳадис аз Абуҳурайра (р).
Рамазон моҳи касби аҷру савоб аст
Мусулмон бояд бо имони яқин ва умеди касби аҷру подош аз Худованди маннон рӯза гирад. Дар ҳадиси қудсӣ омада: “Рӯза барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам” (Бухорӣ (1761), Муслим (1151) аз ҳадиси Абуҳурайра(р). Ин ҳадис баёнгари бузургӣ ва азамати подоши рӯзадорон дар назди Худои мутаъол аст ва рӯзадор бояд бо ҷиддият рӯзаи хешро ҳифозат кунад, рӯзаро на барои тақлид аз мардум, худнамоӣ ва барои он ки ӯро ситоиш кунанд, гирад, балки холисан барои Худованд гирад.
Ба рамазон расидан неъмат ва атои илоҳист, ки ба бандаи хеш иноят мекунад. Он моҳест некиҳо чанд баробар шуда, бадиҳо бахшида мешаванд. Вале рӯзҳои рамазон зудгузаранд. Рӯзадорон бояд рӯзро барои рӯза гирифтан ва шабро барои рамазон зинда доштан мухтас кунанд. Паёмбар (с) фармудаанд: «Зиёну ранҷ шахсерост, ки номи ман наздаш зикр шавад ва бар ман салавот нафиристад, зиёну нокомӣ шахсерост, ки моҳи рамазон фаро расад ва сипарӣ шавад, гуноҳони ӯ мағфират нашаванд, зиёну нокомӣ шахсерост, ки падару модари пирашро дар ҳаёташон дарёбаду дохили биҳишт нашавад». (Тирмизӣ ва Ҳоким аз ҳадиси Абуҳурайра (р). Албатта, ба таври шоиста истифода накардан аз рӯзҳои рамазон зарару зиён бар хеш ворид кардан аст. Аз Паёмбар(с) пурсида шуд: “Кадом як аз рӯзадорон подоши бештар дорад?. Фармуданд: Касоне, ки бештар Аллоҳро зикр мекунанд” (Аҳмад (15614), Табаронӣ (1887, 16812). Подоши бузурги дигари рӯзадориро Паёмбар(с) дар ҳадиси дигар баён намудаанд: “Барои рӯзадор ду шодӣ вуҷуд дорад: як шодӣ ҳангоми ифтор кардан ва як шодӣ ҳангоми мулоқот кардан бо Парвардигораш” (Бухорӣ (1771), Муслим (1945) аз ҳадиси Абуҳурайра (р). Худованд барои рӯзадор чунин аҷру подоши азим омода кардааст. Паёмбар (с) аз дигар фазилати рӯза дар ҳадиси саҳеҳ ривоят намудаанд, ки Худованд яке аз дарвозаҳои биҳиштро, ки “райёон” ном дорад ба рӯзадорон ихтисос додааст ва онҳо аз он вориди он мешаванд. (Бухорӣ (1896, 3257), Муслим (1152) аз ҳадиси Саҳл бини Саъд (р). Рӯзадорон бояд ҳамаи ин масоилро дар мадди назар дошта бошанд, саҳлангор набошанд, то аз ҳама ин неъматҳои азим маҳрум намонанд.
Рамазон моҳи Қуръон аст
Дигаре аз фазоили муҳими моҳи рамазон он аст, ки Қуръон дар он нозил гаштаааст. “Моҳи рамазон моҳе аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст, китобе, ки роҳнамои мардум аст ва дарбардорандаи нишонаҳо ва далоили ошкор ва рӯшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст” (Бақара: 185). Ҷабраил (а) дар ин моҳ ба назди Паямбар (с) меомад ва Қуръонро бо ӯ мудораса мекард ва Паямбар(с) Қуръонро ба ӯ арза мекард ва мехонд. Пас шоиста он аст, ки дар ин моҳ ба Қуръон инояти вижа бояд дошт. Пешиниён дар ин моҳ бештар ба хондани Қуръон ва ғизо додан ба фақирон мароқ зоҳир мекарданд. Чандин бор дар ин моҳ хатми Қуръон мекарданд. Уламои бузурги пешин дар моҳи рамазон таълиму тадрисро канор гузошта, ба тиловати Қуръон машғул мешуданд. Дар ин моҳ мафоҳили илм ва ҳалқаҳои дарсӣ таътил карда, аҳли онҳо ба тиловату тадаббур дар оятҳои Қуръони карим шуғл меварзиданд. Аз ин ҷиҳат, мусалмон бояд дар ин ҷода пайрави эшон шавад, зеро онҳо ин аъмолро ба тақлид аз Расули гиромии ислом (с) анҷом медоданд. Пас агар мусалмон тавон ба хондани Қуръон дорад, машғул ба тиловату тадбир дар он шавад ва агар қудрат ба хондани он надорад, шурӯъ ба омӯзишу ёд гирифтани он кунад, то аз адои ин навъи ибодати арзишманд маҳрум намонад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Рӯза ва Қуръон дар рӯзи Қиёмат барои банда шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд: Парвардигоро, ӯро дар рӯз (рамазон) аз ғизо ва шаҳваташ боз доштам, пас маро шафеи ӯ гардон… Қуръон мегӯяд: Парвардигоро, ӯро аз хоби шаб боз доштам, маро шафеи ӯ гардон… ва шафоаташон пазируфта мешавад (“Маснад”-и Имом Аҳмад (р).
Фазилати шаби қадр
Худованд ин шабро дар Қуръон чунин тавсиф мекунад: “Ҳамоно фурӯ фиристодем он(Қуръон)ро дар шаби қадр (1). Ва чи чиз огоҳат кард, ки чист шаби қадр (2). Шаби қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст (3). Дар он (шаб) фариштагон ва Ҷабраил ба изни Парвардигорашон барои ҳар коре фуруд меоянд (4). Саломатӣ аст он шаб то дамидани сапедаи субҳ (5) Сураи Қадр. Дар ин шаб нузули Қуръони карим оғоз шуда, Ҷабраил ва фариштагон барои адои умури махсус ба амри Парвардигор ба замин фуруд меоянд, дар он шаб то дамидаи сапедаи субҳ замин пур аз нуру баракату осоиш аст, аз ин ҷиҳат беҳтар аз ҳазор моҳ буда, ибодат дар он мӯҷиби растагорӣ ва касби саодат дар ҳар ду олам мегардад.
Паёмбар (с) ба ёрони худ ба муносибати фаро расидани ин моҳ башорат медоданд ва мефармуданд: “Моҳи рамазон назди шумо омадааст, моҳе бас муборак, Худованд рӯза гирифтан дар онро бар шумо фарз кардааст, дарҳои биҳишт дар он гушуда мешавад, дарҳои ҷаҳаннам дар он баста мешавад ва шаётин ба ғӯлу занҷир кашида мешаванд, дар он шабе аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст, касе, ки аз хайроти он шаб маҳрум шавад, пас дар ҳақиқат маҳрум шудааст”.(Муснади Аҳмад (7148, 8991, 9497), Сунани Насоӣ (2106), ҳадиси Абуҳурайра). Қуръон шаби қадрро беҳтар аз ҳазор моҳ муаррифӣ кардааст, агар мусалмон онро зоеъ кунад ва бар ҳадар диҳад, беинсофии бузургеро дар нисбати хеш раво мебинад. Шоиста нест, ки инсони мусалмон онро зоеъ кунад ва аз даст диҳад. Шаби қадр шаби нузули Қуръон аст, касе ин моҳро дарёбад, ба ибодат машғул шавад, мусаламан, ӯ растагор ва саодатманд шуда, хушнудии Аллоҳ таъолоро ба даст овардааст. Паёмбар (с) даҳ шаби охири рамазонро ба ибодат мегузаронд, дар масҷид эътикоф менишаст ва мефармуд: “Барои ёфтани фазилати шаби қадр дар даҳаи охири моҳи мубораки рамазон бикӯшед”. Ба назари уламои ислом шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири рамазон ҷустан лозим аст. Паёмбар (с) фармудаанд: “Беҳтарин ва дӯстдоштатарин аъмоли солеҳ дар назди Худованд он аст, ки дар даҳаи охири моҳи рамазон анҷом гирад” (Бухорӣ (969), Абудовуд (2438), Тирмизӣ (757) (р). Мусалмон дар ин моҳи муборак бояд бештар ба зикру ибодат, бахшишу эҳсон ва анҷоми аъмоли солеҳ пардозад, зеро ин моҳ дар пешгоҳи Худованд фазилат дошта, корҳои дар он анҷомдода бартарӣ доранд.
Шароити рӯза
Шартҳои асосӣ барои рӯзадорӣ мусулмонӣ (шахси рӯзагир бояд мусулмон бошад, зеро рӯза аз ғайримусулмон пазируфта нашавад), булуғ (ба синни балоғат расида бошад), ақл (рӯзагир бояд оқил бошад ва девона набошад), таҳорат (аз ҷанобат, ҳайз ва нифос пок бошад), саломатӣ (агар бемор бошад ва тавони рӯза гирифтанро надошта бошад, рӯзаи хешро қазо медорад) ва муқим будан (агар дар маҳали зист набошад ва дар сафар рӯзадорӣ барояш сахт бошад, рӯзаро дар вақти дигар медорад) мебошанд.
Фароизи рӯза
- Ният. Ният барои ҳар рӯзи рӯза воҷиб мебошад, муайян кардани навъи рӯза ва шабона пеш аз дамидани субҳ ният кардан шартҳои он мебошанд, бидуни ба забон овардан, қасд ба анҷоми аъмоли рӯза кардан низ кифоят мекунад;
- Тарки хӯрдан ва ошомидан;
- Тарки ҷимоъ кардан.
Анҷом додани ҳар яке аз ин аъмол сабаби фосид гардидани рӯзаи рамазон мешавад. Рӯзадор баъд аз ба охир расонидани рӯза дар охири рӯз иҷозаи анҷоми ин корҳоро дорад. Чуноне ки Худованд дар китоби муқаддас тавзеҳ додааст: “Ҳалол шудааст бароятон дар шаби рӯза омезиш бо занонатон, онон пӯшише ҳастанд бароятон ва шумо пӯшише ҳастед барои онон, медонист Аллоҳ, ки (агар омезишро ҳаром месохт), ҳамоно шумо хиёнат мекардед ба худатон, пас аз ин баргашт бар шумо (ба раҳмат) ва даргузашт аз шумо, пас акнун омезиш кунед бо онон ва биҷӯед он чиро навиштааст Аллоҳ бароятон ва бихӯред ва биёшомед то ошкор шавад бароятон риштаи сафед аз риштаи сиёҳ аз фаҷр, сипас ба поён расонед рӯзаро то шаб ва омезиш накунед бо онон дар ҳоле, ки мӯътакифед дар масҷидҳо ин (аҳком) ҳудуди (марзҳои) Аллоҳ аст, сипас наздик машавед ба он (ба қасди таҷовуз), инчунин баён мекунад Аллоҳ оятҳояшро барои мардум, бошад, ки онон парҳезкорӣ кунанд (Бақара 187). Бар зами шурути асосӣ барои рӯзадор одобе муқаррар гаштааст, ки риояти онҳо боиси мукаммал гаштани рӯзаи рӯзадор мегардад. Дар баробари шикаму фарҷ дигар аъзои хешро ҳифозат мебояд намуд. Забонро аз ғайбату беҳудагӯию бадгуфторӣ, чашмро аз нигоҳи номашрӯъ, гӯшро аз шунидани каломи номатбӯъ, дастро аз адои кори нораво, пойро аз рафтан ба ҷои хато нигоҳ мебояд дошт.
Суннатҳои рӯза
Бар зами фароиз дар вақти рӯзадорӣ анҷом додани мустаҳаботи рӯза низ шарт мебошад ва адои онҳо рӯзаро музайян ва мукаммал мекунад. Баъзе аз аъмоли мустаҳаби рӯза аз нукоти зер иборат мебошанд:
- Дер суҳур хӯрдан, хӯроки саҳариро дертар хӯрдан;
- Шитоб кардан дар ифтор, бо фурӯ рафтани офтоб хӯрок хӯрдан. Паямбар (с) фармудаанд: “Мардум пайваста дар хайранд, модоме ки ба шитоб ифтор кунанд ва ба таъхир саҳарӣ хӯранд” (Ба ривояти Бухорӣ(р).
- Бо хурмо ва об кушодани рӯза. Паёмбар (с) пеш аз он ки намози мағрибро бихонад, бо чанд дона рутаб (хурмои тар) ифтор мекард, агар рутаб набуд, бо чанд дона хурмо, агар хурмо низ набуд, чанд ҷуръа об менӯшид (Ба ривояти Тирмизӣ (р).
- Ғусл кардан пеш аз азони субҳ;
- Мисвок кардан;
- Тиловати Қуръон кардан;
- Намози таровеҳ хондан;
- Салавоти зиёд ба Расуллалоҳ (с) фиристодан;
- Аъмоли хайр анҷом додан;
- Забон аз дурӯғ, ғайбат, хабарчинӣ нигаҳ доштан. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Касе, ки сухани дурӯғ ва амал ба муқтазои онро дар рамазон тарк накард, Худованд ниёзе ба тарк хӯроку оби ӯ надорад”.
Ҳадис далолат бар он мекунад, ки рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан набуда, чашму забону дасту пою гӯши мӯъмин ҳам бояд рӯза бошанд ва шахс рӯзаро барои ниёз ва фоидаи хеш мегирад ва Худованд мӯҳтоҷ ба рӯзаи ӯ набуда, рӯзаи ноқиса мақбули Ӯ нахоҳад шуд.
Макрӯҳоти рӯза
Адои баъзе аз аъмол дар вақти рӯзадорӣ сабаби ботил гаштани рӯзаи рӯзадор намегарданд, вале кароҳат доранд:
- Чашидани хӯрок, вале дар сурати ниёз ошпаз метавонад хӯрокро чашад ва даҳонашро шӯяд;
- Бӯса кардан, вале агар сабаби таҳрик шавад, ҳаром аст;
- Ба чашм сурма задан;
- Фурӯ бурдани дуди анбар;
- Хоидани чӯбе ба баҳонаи мисвок ва фурӯ бурдани ҳашарот ва дуду ғубор барқасд;
- Мазмаза (бо об шустани даҳон ҳангоми вузӯъ) ба ҳадде, ки об ба шикам равад;
- Фурӯ бурдани хуни даҳон ба миқдори кам, агар хун зиёду рангаш зоҳиру мазааш ҳис шавад, рӯзаро ботил мекунад;
- Истифода аз хамираҳои дандоншӯии таъмдор, агар миқдоре аз он ба дохил равад, рӯзаро фосид мекунад;
- Дар сурати фосид шудани рӯза дар давоми рӯз аъмоли хилофи рӯза (хӯрдан, нӯшидан, ҳамхобагӣ) анҷом додан.
Муфсидоти рӯза
Дар вақти рӯзадорӣ адои корҳои зер сабаби фосид ва ботил гаштани рӯзаи рӯзадор мегарданд:
- Хӯрдан ва нӯшидан. Агар рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ чизе хӯрад ва ё ошомад, рӯзааш ботил намегардад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Касе ба фаромӯшӣ бихӯрад ва биошомад рӯзаашро пурра намояд, зеро ӯро Худованд хӯронда ва нӯшонидааст” (Бухорӣ (1933, 6669), Тирмизӣ (722), Ибни Моҷа 1673). Чун ба ёд орад, аз хӯрдану нӯшидан даст кашад ва ба рӯзадорӣ идома медиҳад;
- Ҳамхобагӣ бо зан ё хориҷ кардани манӣ тавассути худи шахси рӯзадор, агар рӯзадор дучори эҳтилом шавад (дар хоб хориҷ шудани манӣ, шайтонзанӣ) ғусл намуда рӯзаашро идома медиҳад ва қазои рӯза лозим намеояд;
- Қасдан (ангушт ба гулӯ андохта) бо пурии даҳон қай намудан, агар қай беихтиёр хориҷ шавад, рӯзаро ботил намесозад;
- Ҳайз ва нифос дар занон. Дар муддати ин рӯзҳо рӯзаашро хӯрда, пас қазои ин рӯзҳоро баъд аз рамазон рӯза медорад;
- Кашидани нос ва чилим.
Агар ҳангоми рӯзадорӣ рӯзадор қасдан ва бе ҳеҷ гуна ҳукми шаръӣ рӯзаашро хӯрад, ошомад ё бо ҳамсараш ҳамбистарӣ ё амдан инзоли манӣ кунад, рӯзааш фосид мешавад ва бар ӯ бар зами қазо каффораи он воҷиб мегардад, ки он аз озод кардани барда, агар набошад, ду моҳ пай дар пай рӯза гирифтан ва агар натавонад ба шаст фақир таом додан иборат мебошад.
Рӯзаи қазо
Агар касе дар вақт рӯза гирифтан натавонад, бояд қазои онро дар вақти дигар адо намояд. Рӯзаи қазо ба ин оят собит шудааст: “…касе, ки аз шумо дарёбад ин моҳро, пас бояд рӯза гирад дар он, ҳар кӣ бошад бемор ё дар сафар, пас (воҷиб аст бар ӯ рӯза гирифтан) дар шуморе аз рӯзҳои дигар, мехоҳад Аллоҳ бароятон осонӣ ва намехоҳад бароятон душвориро, то комил кунед шумор(рӯза)ро, то ба бузургӣ ёд кунед Аллоҳро ба поси он ки ҳидоятатон кард, бошад, ки сипос бигзоред” (Бақара 185). Инро қазои шаръӣ унвон мекунанд, ки дар ҳолоте шариат хӯрдани рӯзаро иҷоза дода, қазои онро дар вақти дигар воҷиб гардонидааст. Он барои беморон, мусофирон, солмандони заиф, занони ҳомила ва ширдеҳ шаръан муҷоз аст. Ба бемороне, ки умед ба беҳбуд надоранд ва солхӯрдагони пиру заиф бо додани фидя ба андозаи таоми як мискин барои ҳар рӯзи рӯза қазои рӯза соқит мегардад. Дар ғайри сурат қасдан хӯрдани рӯзаи моҳи рамазон гуноҳи кабира маҳсуб шуда, бо тавбаву истиғфор адои қазо ва каффораи он воҷиб мегардад. Инро қазои амдӣ мегӯянд. Қазои рамазони гузашта то расидани рамазони оянда бояд адо карда шавад.
Эътикоф
Маънои луғавии эътикоф “мондан” аст ва дар шаръ мондани шахс дар масҷид дар муддате ба хотири ибодати Худованд мебошад. Ба далели ояи қуръонӣ эътикоф бояд дар масҷид нишаста шавад: “…омезиш накунед бо онон (занон) дар ҳоле, ки мӯътакифед дар масҷидҳо ин (аҳком) ҳудуди (марзҳои) Аллоҳ аст” (Бақара 187). Эътикоф ибодати хос ба масҷид аст, мӯътакиф метавонад дар ҳар ҷое аз масҷид ва замини мутааллиқ ба он эътикоф нишинад. Ният аз аркони эътикоф аст, зеро аъмол бо ният мушаххас мешаванд ва эътикофнишин бояд ният ба эътикоф нишастан кунад. Эътикоф нишастан дар Масҷидулҳаром фазилати бештаре дорад, пас аз он дар Масҷидуннабӣ, баъд аз онҳо дар масҷиди ҷомеъ ва пас дар ҳар масҷиде бартарӣ дорад.
Ҳазрати Оиша (р) ривоят намудаанд, ки Расулуллоҳ (с) даҳ рӯзи миёнаи моҳи рамазонро (аз 11 то 20-ум) ба эътикоф нишаст, баъд аз он даҳ рӯзи охири рамазонро ба эътикоф нишаст ва эътикоф нишастани даҳаи охири рамазонро идома дод, то ин ки саранҷом реҳлат фармуданд (Бухорӣ, Муслим). Эътикоф нишастан дар даҳаи охири моҳи рамазон дар масҷид аз суннати собити Расули Худо (с) мебошад.
Шартҳои эътикоф
- Ислом. Шахси эътикофнишин бояд мусулмон бошад ва эътикофи ғайримусулмон мақбули Худо нест.
- Ақл. Эътикофнишин бояд шахси оқил ва ҳушманд бошад, эъткофи шахси девона ва маст дуруст намебошад.
- Покӣ. Эътикофнишин бояд аз ҷанобат, ҳайз ва нифос пок бошад. Шахси ҷунуб, занони ҳайзу нифосдида ва бемореро, ки аз ӯ пешоб ё хун чакад, бояд дар масҷид намонад ва тарки он кунад.
Шиканандаҳои эътикоф
- Наздикӣ бо зан. Эътикоф ибодат буда, тарки шаҳват аст ва ҳар гуна шаҳватронӣ сабаби фосидшавии он мегардад.
- Мастӣ. Маст будан ин ибодатро ботил месозад.
- Берун рафтани эътикофнишин аз масҷид бидуни узр.
- Муртад шудан, яъне аз ислом хориҷ шудан.
- Девона шудан дар ҳоли эътикоф.
- Омадани ҳайз ё нифоси зане, ки эътикоф нишаста бошад.
Ҳангоми эътикоф беузр хориҷ шудан аз масҷид сабаби ботил гаштани эътикоф мешавад ва хориҷ шудан барои хӯрдан, ошомидан, ки дар масҷид фароҳам набошад, қазои ҳоҷат, азон гуфтан ба манорае, ки берун аз девораи масҷид бошад, ғусли ҷанобат, беморие, ки дар масҷид мондан душвор бошад, ба сабаби девонагӣ, аз тарси фурӯ рафтани боми масҷид, аёдати бемор, барои намози ҷумъа, барои дифои шаҳр аз бими ба дасти душман наафтодан эътикоф ботил намешавад ва мӯътакиф баъди баргашт эътикофашро идома медиҳад. Эътикоф наъе аз ибодат буда, барои мӯъмин аз фавоид холӣ нест. Қабл аз ҳама адои ин суннат тӯшаи муфиде барои охират буда, инсонро аз гуноҳон, ки ҳамвора ба чашм мебинаду бо гӯш мешунаваду ва беҳудагиҳое, ки худ анҷом медиҳад нигаҳ медорад. Мӯътакиф ҳангоми эътикоф даст аз аъмолу афкори дунё бардошта, дар ҳолати рӯзадорӣ ба намозхонӣ, қироати Қуръон, зикр ва дуо машғул шуда, дар бораи охирати хеш тааммул мекунад. Аз ин рӯ, эътикоф адои маҷмӯи мухталифи ибодот дар тӯли он дар фазои танҳоиву оромӣ мебошад ва он барои муттақӣ арзиши гаронбаҳо дорад.
Рӯзаи нофила
Ба ҷуз рӯзаи фарзӣ дар моҳи рамазон дар авқоте рӯза гирифтан аҷру савоб дорад. Рӯзаи нафлӣ ё мустаҳаб нуқси рӯзаҳои фарзиро ҷуброн мекунад. Дар рӯза гирифтани рӯзҳои душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта, рӯзҳои сездаҳум чаҳордаҳум ва пондаҳуми ҳар моҳ, рӯзи Арафа (9-уми зулҳиҷҷа, барои ғайриҳоҷӣ), шаш рӯзи моҳи шаввол таъкид шудааст. Рӯзаи рӯзҳои 9 ва 10 муҳаррам (рӯзаи Ошуро) ва 15 шаъбон мустаҳаб аст. Паёмбари Худо (с) аз рӯза гирифтани рӯзи ҷумъа ба танҳоӣ наҳй (манъ) кардаанд. Ҳамчунин рӯзаи рӯзи иди Фитр, иди Қурбон, айёми ташриқ (11, 12, 13 зулҳиҷҷа) ҳаром аст (ба ҷуз касе, ки қурбонӣ наёфта, дар Мино рӯза мегирад). Агар касе хоҳад ҷумъаро рӯза гирад, рӯзи қаблӣ ё баъдии онро низ бояд рӯза гирад (Тибқи ривояти Бухорӣ ва дигарон). Инчунин, гирифтани рӯзаи шак кароҳат дорад. Паёмбар (с) аз пешдастӣ намудани рамазон бо гирифтани як ё ду рӯз пеш рӯза гирифтан наҳй кардаанд (Ба ривояти Абуҳурайра ва Амор ибни Ёсир аз Бухорӣ, Муслим, Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа). Барои афроде, ки қаблан рӯзадор бошанд, муҷоз аст. Рӯзаи нафлӣ ба ният воҷиб мегардад ва агар касе баъд аз ният рӯзаашро шиканад, қазои он ба ӯ воҷиб мегардад (мутобиқ ба ривояти Оиша (р) аз Тирмизӣ, Имом Молик ва Насоӣ (р).
Садақаи фитр
Пас аз поён ёфтани моҳи рамазон барои ҷуброни иштибоҳу хатоё дар ҳини рӯзадорӣ ва баҳраманд намудани мустаманду ниёзмандон аз хӯрок дар рӯзи ид мусалмон бояд садақаи фитр пардохт намояд. Абдулло ибни Аббос (р) ривоят намудаанд: “Расулуллоҳ (с) закоти фитрро барои пок гардидани рӯзадор аз беҳудагӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонидааст. Касе инро пеш аз намоз (намози ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад” (Абудовуд (1609), Ибни Моҷа (1827) (р). Соҳиби садақа бояд ғайр аз махориҷи мавриди ниёз сарвати бештар дошта бошад ва он аз ҷониби сарвари хонавода барои ҳар нафар узви хонавода пардохт мешавад. Миқдори онро дар шароити имрӯза уламо бо арзиши пулӣ муайян мекунанд. Вақти пардохти он аз дамидани субҳи рӯзи ид то намози ид мебошад. Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят кардаанд: “Расулуллоҳ (с) моро ба пардохти закоти фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз амр намуд. Худи Абдуллоҳ як ё ду рӯз пеш аз ид инро пардохи мекард” (Бухорӣ (1503, 1509); Муслим (2285); Абӯдовуд (1610, 1612); Тирмизӣ (677); Насоӣ (2520). Садақаи фитр ба ниёзмандон пардохта мешавад.
Фавоиди рӯза
Рӯза навъе аз ибодатҳои муҳим аст, ки Худованд бандагонашро бар адои он маъмур ва онро аз фоида мамлу кардааст. Худованди мутаъол рӯзаро бар мӯъминин василае барои санҷишу озмоиш, парваришу обутобдиҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ қарор додааст. Ба василаи он андозаи садоқат ва мутеияти бандагонашро дар нисбати хеш месанҷад, таҳаммули гуруснагию ташнагиро дар онҳо парвариш медиҳад, сабри ононро дар пойории ибодот тақвият медиҳад, некандешӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, муҳаббати якдигарӣ, сидқ, сахо, ионати ҳамро дар бандагон тарбият мекунад. Рӯза дар миёни мусалмонон равобит ва ҳамкориҳои иҷтимоию инсониро ба вуҷуд меоварад. Онҳоро ба анҷом додани аъмоли хайр дар байни ҳам мисли имдод ба мустамандон, фақирон, беморон, ятимон, қарздору гирифторон, хислатҳои неки инсонӣ монанди эҳтирому муҳаббати ҳам, нагусастани равобити хешовандӣ, эҳтироз аз аъмоли хашин, шафқату дилсӯзӣ, адолат, эҳсоси масъулият ва дигар сифоти олии инсонӣ ташвиқ мекунад.
Хӯрдан, нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ иқтизои табии бадани инсонӣ буда, бадан мӯҳтоҷ ба миқдорӣ зарурӣ аз онҳост. Ифротварзӣ дар ҳар яке аз ин умур инсонро ҳатман мубталои беморӣ ва муртакиби гунаҳкорӣ мегардонад. Пурхурӣ аслан феъли ҳайвонист ва одат бар он ҳуши инсониро ба ғаризаи ҳайвонӣ табдил медиҳад. Ҳайвон дар тӯли ҳастияш фақат аз паи ғизо медавад, тӯъмаи ёфтаро дасту по медарад, ба танҳоӣ мехӯрад ва агар ҳамҷинсе ба наздаш равад, ба ӯ ҳамлавар гаштаю ҳатто мекушад. Танҳо дар ғами хешу шиками хеш буда, вазъу ҳоли ҳамҷинсон барояш бетафовут аст ва агар зурдаст бошад, ҳаққи эшонро ҳам мерабояд. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаҳои инсонӣ ин қавонини ҳайвониро дар байни одамон мебинем. Тавре ки шоҳид мегардем, нӯшонӯшиҳо зиёду мухталиф инсонҳоро ба бадбахтиву фавту фано мебарад. Фарт дар алоқаи ҷинсӣ мӯҷиби шаҳватпарастӣ, алоқаи номашрӯъ, мусибатҳои оилавӣ, гирифторӣ ба бемориҳои уфунии дармоннопазир ва дар умум сабаби фасоди ҷомеа мегардад, ки имрӯз аз умдатарин мушкилоти ҷавомеи тамоми кишварҳои олам аст. Худованди мутаъол тавассути рӯза дар мӯъминон ҳамлу бардошти ташнагию гуруснагӣ, эҳсосоти дилсӯзию ҳамдардиро дар нисбати гуруснагону мискину мустамандон парвариш медиҳад ва онҳоро водор ба дарки ҳолу имдоди онон мекунад.
Бархе аз рӯзаи мусалмонӣ интиқод намуда, шароити онро барои инсон сахту музир меҳисобанд. Аммо рӯзаҳои дигар адёнро, ки ҳангоми онҳо танҳо аз баъзе анвои хӯрокиҳо парҳез мекунанд, ҳатто рӯза наметавон номид, зеро аз навъе аз хӯрданиҳо парҳезида, аз анвои дигар ба серӣ мехӯранд. Рӯза он аст, ки инсон ранҷи гуруснагию ташнагӣ кашад, то эҳсосоти ӯ барангехта шавад ва сабру бардошташ таҳким ёбад. Дар ҳолати ҳамли гуруснагию ташнагӣ метавон ҳоли ташнагону гуруснагонро дарк ва дар нисбати эшон эҳсоси раҳму ҳамдардӣ намуд. Имрӯзҳо дар мамолики гуногуни олам миллионҳо мардум азияти гуруснагию ташнагӣ мекашанд. Вале дар мамолики дигар миллионҳо тон пасмондаҳои хӯрокӣ ба зуболадонҳо рехта мешаванд. Дини ислом бо дастуроташ пайравони хешро дар доираи хулқу ҳиссиёти инсонӣ нигоҳ дошта, эшонро ба закот (ҳиссае аз дороии хешро ба мӯҳтоҷон бахш намудан) додан, садақа кардан, ба хешованду ҳамсоя, мискину ятиму фақир имдод намудан, исроф накардан, дар нисбати дигарон бетафовут набуданро иҷбору ташвиқ мекунад.
Рағбати аз ҳад фузун ба алоқаи ҷинсӣ ва шаҳвату ишқварзиҳо манбаи фисқу фасод буда, ҷомеаҳои инсониро ба таназзули ахлоқӣ мувоҷеҳ менамояд ва ин масъала ҷаҳони имрӯзаро нигарон кардааст. Пайдоиш ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ натиҷаи он буданд, ки то имрӯз бо вуҷуди авҷи аълои илму фан тибби муосир дар илоҷу муолиҷаашон оҷиз аст. Инҳитоти ахлоқӣ дар ҷомеаҳои ғарбӣ хуруҷи равобити ҷинсии номашрӯъ, русуму усулҳои ғайриахлоқӣ дар ҷимоъ, ливотату ҳамҷинсгароӣ ва дигар зуҳоротро дар пай овард. Ҳатто дар бархе аз кишварҳо издивоҷи ҳамҷинсонро ба расмият дароварданд. Албатта, ин ҳама натоиҷи мафқудияти диёнат дар ғарб буд, ки ихтилоли ахлоқи инсониро дар пай оварда, ба дигар ақсоми олам асар кард. Ислом барои ҳифозати ҷомеаи инсонӣ аз таназзули ахлоқӣ пайравонашро ба адои қавоиди махсуси хеш муқайяд намудааст. Зинокорӣ ва равобити ҷинсии ғайримашрӯъро қатъан манъ кардааст. Ифроти шаҳват, маншаъу муқаддимаи ин аъмол дар мӯъминон ба воситаи рӯзадорӣ фурӯ менишинад ва онҳо ба қаноатпешагӣ одат карда, парҳезкору порсо мешаванд.
Дар натиҷаи пурхӯрӣ ва пайвастахӯрӣ, хӯрдани анвои мухталифи ғизо дар бадани инсон боқимондаҳои хӯрокӣ боқӣ монда, дар аъзои ҳозима ҳазму аз бадан ихроҷ нашуда, тадриҷан ба чарбу намаку қанд, холестерин ва дигар моддаҳои минералӣ табдил шуда, дар таркиби хун ва соири аъзои бадан ҷойгир шуда, сабаби бемориҳо, сустшавии фаъолияти аъзо ва заъфи ҷисму рӯҳи инсон мешавад. Рӯза бадани инсонро аз боқимондаҳои хӯрокӣ, уфунатҳои хунӣ, уфунати рӯдаҳо, рутубатҳои ҷисмӣ пок карда, ҳуҷайраҳои баданро тасфия мекунад. Рӯза дар муолиҷаи бемориҳое чун баландшавии сатҳи холестерини хун, чарб, қанд мадад мекунад. Рӯза пешгирикунандаи бемориҳои зиёд аст. Паёмбар (с) таъкид намудаанд: “Рӯза доред, тандуруст мегардед”.
Фарбеҳӣ ва вазни барзиёди бадан имрӯз мушкили миллионҳо инсони рӯи замин аст. Фарбеҳӣ сабаби бемориҳои зиёди хатарноки бадани одамӣ буда, барои раҳоӣ аз он усулу адвияи мухталиф бо махориҷи зиёд масраф мекунанд. Бо истифода аз давоҳои сунъӣ бо сарфи пул зиёни дигаре ба аъзои бадани хеш ворид месозанд. Рӯзаи моҳи рамазон беҳтарин даво барои муолиҷаи фарбеҳӣ, ба эътидол овардани вазъи бадан мебошад. Пизишкони ғарбӣ низ таъйид намудаанд, ки барои ҳифзи саломатӣ ва полоиши бадан аз моддаҳои гуногуни дар бадан ғунгашта, ки сабаби бемориҳо, заъфу корношоямии бармаҳали бадан мегарданд, инсон ҳар соле на камтар аз се ва на бештар аз чаҳор ҳафта бояд рӯза дорад.
Рӯзаи моҳи рамазон инсони мусалмонро ҷисман, рӯҳан, ахлоқан тарбия намуда, бадан ва ахлоқи ӯро парвариш медиҳад. Муқтазои шаръи исломӣ аз мусалмон низ ин аст, ки ӯ бояд бадани хешро солим нигаҳ дорад, барои ҳифозати саломатӣ мудом дар талош бошад, ақлу ахлоқи хешро солим гардонад, зеро ҷомеаи мусалмонӣ ниёз ба афроди солимақлу солимтан дорад. Танҳо бо ақли солим метавон низоми иҷтимоиро мустақар ва ахлоқи инсониро нигаҳ аз ҳадар дошт.
Дуо
Бор илоҳо моро ба моҳи рамазон расонӣ, ба рӯзадорӣ ва барпо доштани намоз дар ин моҳи муборак мадад намоӣ, аъмоли моро дар ин моҳ ва моҳҳои дигар барои худат холис гардонӣ, дунёи моро ислоҳ ва охиратамонро некӯ гардонӣ, зиндагиямонро мояи саодату маргамонро мӯҷиби роҳат қарор диҳӣ, моро аз он судманд гардонӣ, подоши онро бар мавозини ҳасаноти мо биафзоӣ ва салаллоҳу таъоло ъало набийино Муҳаммадин ва ъалло олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Омин!.
Мӯҳтаво
Рамазон моҳи шариф аст
Рамазон фурсати ғанимат аст
Рамазон моҳи некӯкорӣ ва парҳез аз гуноҳ аст
Рӯза бар мӯъминон фарз аст
Рамазон моҳи муборак ва баракат аст
Рамазон моҳи сабр аст
Рамазон моҳи авфи гуноҳон аст
Рамазон моҳи касби аҷру савоб аст
Рамазон моҳи Қуръон аст
Фазилати шаби қадр
Шароити рӯза
Суннатҳои рӯза
Макрӯҳоти рӯза
Муфсидоти рӯза
Рӯзаи қазо
Эътикоф
Рӯзаи нофила
Садақаи фитр
Фавоиди рӯза
Дуо
Ашраф Акрам
Душанбе
2017
Назари хешро иброз кунед