Рӯза навъе аз ибодатҳои муҳим аст, ки Худованд бандагонашро бар адои он маъмур ва онро аз фоида мамлу кардааст. Худованди мутаъол рӯзаро бар мӯъминин василае барои санҷишу озмоиш, парваришу обутобдиҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ қарор додааст. Ба василаи он андозаи садоқат ва мутеияти бандагонашро дар нисбати хеш месанҷад, таҳаммули гуруснагию ташнагиро дар онҳо парвариш медиҳад, сабри ононро дар пойории ибодот тақвият медиҳад, некандешӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, муҳаббати якдигарӣ, сидқ, сахо, ионати ҳамро дар бандагон тарбият мекунад. Рӯза дар миёни мусалмонон равобит ва ҳамкориҳои иҷтимоию инсониро ба вуҷуд меоварад. Онҳоро ба анҷом додани аъмоли хайр дар байни ҳам мисли имдод ба мустамандон, фақирон, беморон, ятимон, қарздору гирифторон, хислатҳои неки инсонӣ монанди эҳтирому муҳаббати ҳам, нагусастани равобити хешовандӣ, эҳтироз аз аъмоли хашин, шафқату дилсӯзӣ, адолат, эҳсоси масъулият ва дигар сифоти олии инсонӣ ташвиқ мекунад.
Хӯрдан, нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ иқтизои табии бадани инсонӣ буда, бадан мӯҳтоҷ ба миқдорӣ зарурӣ аз онҳост. Ифротварзӣ дар ҳар яке аз ин умур инсонро ҳатман мубталои беморӣ ва муртакиби гунаҳкорӣ мегардонад. Пурхурӣ аслан феъли ҳайвонист ва одат бар он ҳуши инсониро ба ғаризаи ҳайвонӣ табдил медиҳад. Ҳайвон дар тӯли ҳастияш фақат аз паи ғизо медавад, тӯъмаи ёфтаро дасту по медарад, ба танҳоӣ мехӯрад ва агар ҳамҷинсе ба наздаш равад, ба ӯ ҳамлавар гаштаю ҳатто мекушад. Танҳо дар ғами хешу шиками хеш буда, вазъу ҳоли ҳамҷинсон барояш бетафовут аст ва агар зурдаст бошад, ҳаққи эшонро ҳам мерабояд. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаҳои инсонӣ ин қавонини ҳайвониро дар байни одамон мебинем. Тавре ки шоҳид мегардем, нӯшонӯшиҳо зиёду мухталиф инсонҳоро ба бадбахтиву фавту фано мебарад. Фарт дар алоқаи ҷинсӣ мӯҷиби шаҳватпарастӣ, алоқаи номашрӯъ, мусибатҳои оилавӣ, гирифторӣ ба бемориҳои уфунии дармоннопазир ва дар умум сабаби фасоди ҷомеа мегардад, ки имрӯз аз умдатарин мушкилоти ҷавомеи тамоми кишварҳои олам аст. Худованди мутаъол тавассути рӯза дар мӯъминон ҳамлу бардошти ташнагию гуруснагӣ, эҳсосоти дилсӯзию ҳамдардиро дар нисбати гуруснагону мискину мустамандон парвариш медиҳад ва онҳоро водор ба дарки ҳолу имдоди онон мекунад.
Бархе аз рӯзаи мусалмонӣ интиқод намуда, шароити онро барои инсон сахту музир меҳисобанд. Аммо рӯзаҳои дигар адёнро, ки ҳангоми онҳо танҳо аз баъзе анвои хӯрокиҳо парҳез мекунанд, ҳатто рӯза наметавон номид, зеро аз навъе аз хӯрданиҳо парҳезида, аз анвои дигар ба серӣ мехӯранд. Рӯза он аст, ки инсон ранҷи гуруснагию ташнагӣ кашад, то эҳсосоти ӯ барангехта шавад ва сабру бардошташ таҳким ёбад. Дар ҳолати ҳамли гуруснагию ташнагӣ метавон ҳоли ташнагону гуруснагонро дарк ва дар нисбати эшон эҳсоси раҳму ҳамдардӣ намуд. Имрӯзҳо дар мамолики гуногуни олам миллионҳо мардум азияти гуруснагию ташнагӣ мекашанд. Вале дар мамолики дигар миллионҳо тон пасмондаҳои хӯрокӣ ба зуболадонҳо рехта мешаванд. Дини ислом бо дастуроташ пайравони хешро дар доираи хулқу ҳиссиёти инсонӣ нигоҳ дошта, эшонро ба закот (ҳиссае аз дороии хешро ба мӯҳтоҷон бахш намудан) додан, садақа кардан, ба хешованду ҳамсоя, мискину ятиму фақир имдод намудан, исроф накардан, дар нисбати дигарон бетафовут набуданро иҷбору ташвиқ мекунад.
Рағбати аз ҳад фузун ба алоқаи ҷинсӣ ва шаҳвату ишқварзиҳо манбаи фисқу фасод буда, ҷомеаҳои инсониро ба таназзули ахлоқӣ мувоҷеҳ менамояд ва ин масъала ҷаҳони имрӯзаро нигарон кардааст. Пайдоиш ва хуруҷи бемориҳои сироятӣ натиҷаи он буданд, ки то имрӯз бо вуҷуди авҷи аълои илму фан тибби муосир дар илоҷу муолиҷаашон оҷиз аст. Инҳитоти ахлоқӣ дар ҷомеаҳои ғарбӣ хуруҷи равобити ҷинсии номашрӯъ, русуму усулҳои ғайриахлоқӣ дар ҷимоъ, ливотату ҳамҷинсгароӣ ва дигар зуҳоротро дар пай овард. Ҳатто дар бархе аз кишварҳо издивоҷи ҳамҷинсонро ба расмият дароварданд. Албатта, ин ҳама натоиҷи мафқудияти диёнат дар ғарб буд, ки ихтилоли ахлоқи инсониро дар пай оварда, ба дигар ақсоми олам асар кард. Ислом барои ҳифозати ҷомеаи инсонӣ аз таназзули ахлоқӣ пайравонашро ба адои қавоиди махсуси хеш муқайяд намудааст. Зинокорӣ ва равобити ҷинсии ғайримашрӯъро қатъан манъ кардааст. Ифроти шаҳват, маншаъу муқаддимаи ин аъмол дар мӯъминон ба воситаи рӯзадорӣ фурӯ менишинад ва онҳо ба қаноатпешагӣ одат карда, парҳезкору порсо мешаванд.
Дар натиҷаи пурхӯрӣ ва пайвастахӯрӣ, хӯрдани анвои мухталифи ғизо дар бадани инсон боқимондаҳои хӯрокӣ боқӣ монда, дар аъзои ҳозима ҳазму аз бадан ихроҷ нашуда, тадриҷан ба чарбу намаку қанд, холестерин ва дигар моддаҳои минералӣ табдил шуда, дар таркиби хун ва соири аъзои бадан ҷойгир шуда, сабаби бемориҳо, сустшавии фаъолияти аъзо ва заъфи ҷисму рӯҳи инсон мешавад. Рӯза бадани инсонро аз боқимондаҳои хӯрокӣ, уфунатҳои хунӣ, уфунати рӯдаҳо, рутубатҳои ҷисмӣ пок карда, ҳуҷайраҳои баданро тасфия мекунад. Рӯза дар муолиҷаи бемориҳое чун баландшавии сатҳи холестерини хун, чарб, қанд мадад мекунад. Рӯза пешгирикунандаи бемориҳои зиёд аст. Паёмбар (с) таъкид намудаанд: “Рӯза доред, тандуруст мегардед”.
Фарбеҳӣ ва вазни барзиёди бадан имрӯз мушкили миллионҳо инсони рӯи замин аст. Фарбеҳӣ сабаби бемориҳои зиёди хатарноки бадани одамӣ буда, барои раҳоӣ аз он усулу адвияи мухталиф бо махориҷи зиёд масраф мекунанд. Бо истифода аз давоҳои сунъӣ бо сарфи пул зиёни дигаре ба аъзои бадани хеш ворид месозанд. Рӯзаи моҳи рамазон беҳтарин даво барои муолиҷаи фарбеҳӣ, ба эътидол овардани вазъи бадан мебошад. Пизишкони ғарбӣ низ таъйид намудаанд, ки барои ҳифзи саломатӣ ва полоиши бадан аз моддаҳои гуногуни дар бадан ғунгашта, ки сабаби бемориҳо, заъфу корношоямии бармаҳали бадан мегарданд, инсон ҳар соле на камтар аз се ва на бештар аз чаҳор ҳафта бояд рӯза дорад.
Рӯзаи моҳи рамазон инсони мусалмонро ҷисман, рӯҳан, ахлоқан тарбия намуда, бадан ва ахлоқи ӯро парвариш медиҳад. Муқтазои шаръи исломӣ аз мусалмон низ ин аст, ки ӯ бояд бадани хешро солим нигаҳ дорад, барои ҳифозати саломатӣ мудом дар талош бошад, ақлу ахлоқи хешро солим гардонад, зеро ҷомеаи мусалмонӣ ниёз ба афроди солимақлу солимтан дорад. Танҳо бо ақли солим метавон низоми иҷтимоиро мустақар ва ахлоқи инсониро нигаҳ аз ҳадар дошт. Ашраф Акрам.
Назари хешро иброз кунед