Усто Мулкамон

  Меҳроҷ Неҳмонов маъруф ба Усто Мулкамон навасаи (набера) Усто Шех (Шайх) оҳангари номдори диёр ва аз биёрзодагони (бародарзода) Усто Давлатшо мебошад. Пас аз онҳо ин касбро идома дода, эътибори коргаҳ ва пешаро дар замони пешрафти саноат ва маснуоти саноатӣ нигаҳ дошт. Дар замони пеш оҳан каму истеҳсоли он душвору қиматаш баланд буд. Аз ин рӯ, маснуоти оҳанӣ каму оҳангарон ҳунармандони заруриву боқадри замона буданд. Дар замони шӯравӣ оҳан арзону фаровон гашта, мағозаҳо аз маснуоти ба қавли мардум “зовутӣ” (зовут-завод) пур гардид, мебоист ин пешаро ба тавқиф андозад. Вале, бар акси ин, маҳсулоти коргаҳ аз он дар диёр мӯътабартар гашт. Ин албатта, ба туфайли маҳорати ҳунарии Усто Мулкамон буд, ки тавонист эътибори касбу кор ва коргаҳи аҷдодиро маҳфуз дорад ва худ касби обрӯ кунад.
  Дар замони шӯравӣ коргаҳи оҳангарии деҳа як корхонаи муҳими истеҳсолӣ буд. Агарчанде олати кории саноатӣ барои кишоварзӣ зиёду арзон буд, вале маҳсулоти дастисохти коргаи оҳангарӣ бартарии сифатӣ дошт. Коргаҳи Усто Мулкамон барои шудгор кардани заминҳо новак (човакан), барои калхозчиён каланд, табару чоршоху досу аррадосу дигар олоти корӣ барои корҳои калхозӣ месохт. Техника муосири кишоварзӣ мавҷуд буд, аммо шароити маҳал зарурати вуҷуди коргаҳ ва хизматрасониҳои онро тақозо мекард. Коргаҳ бар зами таъмини олоти кишоварзӣ барои калхозу баъдан, савхоз барои мардум хизмат мерасонд. Мардуми ҷамоату берун аз он табару теша, каланду каноҷу кетман, досу аррадос ва дигар асбоби заруриро фармоиш медоданд.Ustmulkmon
  Аз субҳ садои пулки (путк, босқон) Усто Мулкамон баланд мешуд ва то торикии шом шунида мешуд. Коргаҳи ӯ ҷои серодаме буд. Ҳамеша ҷамъе аз мардуми деҳу деҳоти дигар дар даври ӯ тайёр шудани асбоби фармудаи хешро мунтазир шудаю сӯҳбат доштанд. Оҳангарон дар дигар ҷоҳо ҳам буданд, аммо сифати маҳсулоти ӯ аз дигарон фарқ мекард. Зеро ӯ нозукиҳои пешаро аз аҷдоди номдори хеш омӯхта буд. Барои устоҳо асбоби кории гунгун тайёр менамуд. Наълтарош ва наългари моҳир буд. Ҳамчунин, хоҷагидору деҳқони асил буд. Дар чӯбтарошиву деворгарӣ низ моҳир буда, хонаву манзил месохт. Аспсавори моҳир буд. Бар зами ин ҳама инсони хубу кушодадил ва марди баландҳиммате буд. Кори мардумро буд карда, талаби ҳақ намекард. Мардум ба  ихтиёри хеш пуле ё қутии чойу чизе дигаре гузошта, мерафтанд.
  Усто Мулкамон дар соли 1932 ба дунё омада, дар таърихи 24 ноябри соли 2004  олами фониро падруд гуфтанд. Аз фарзандон писари бузургашон Ҷаъфар устоди донишгоҳу номзади илм буда, фарзанди ғаюрашон Фарухрӯз дар даври ҷавонӣ дар садамаи нақлётӣ вафот карданд ва писари севвумашон Сайламшо аз паҳлавонони номдори диёранд. Ду фарзанди хурдӣ ба роҳи ӯ рафта, идомадиҳандагони касб ва пешаи падар мебошанд. Табаррукшо ва Баҳодур дар коргаи аҷдодӣ фаолияти оҳангарӣ доранд. Ашраф Акрам.

 Маълумот дар бораи Усто Мулкамон аз китоби «Ванҷ»-и академик Пирумшоев:

  Мулкамон Нӯъмонов соли 1932 дар деҳаи Мудехарви деҳшӯрои Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Ӯ идомадиҳандаи пешгузаштагони авлоди худ Мирзо Шайх, ки ҳанӯз солҳои 80-уми асри XIX оҳангархонаи хеле калону дар деҳа машҳури худро сохтааст, мебошад. Баъди ӯ дар ин оҳангархона Рабиев Давлатшо корашро идома додааст. Номбурда соли 1963 дар синни 78-солагӣ вафот карда, коргоҳро ба бародарзодааш Мулкамон мерос гузоштааст. Мулкамон яке аз ҳунармандонест, ки ғайр аз анъанаи авлодӣ, боз аз мактаби ҷиддии ҳунармандони номӣ усто Балаҷон дар нимаи дуюми солҳои 50-ум гузаштааст.
  Коргоҳи усто М. Нӯъмонов ҳатто дар давраҳои то «бозсозӣ» баъди он вақте, ки дигар устоҳо аз кам шудани талаботи ҳамдиёрон ба маҳсулоти онҳо корхонаҳояшонро баста буданд, корхонаи (коргаҳи) М. Нӯъмонов корашро ҳаргиз қатъ накарда, ба рақобати молҳои саноатӣ на фақат тоб овард, инчунин бартарии ҳунари худро, сифати баланду бадоштии маҳсулоташро нишон дода тавонист. Дари корхонаи ӯ имрӯз ҳам ба корафтодагон боз аст. Мулкамон ба ояндаи коргоҳаш бо дили пур менигарад. Хеши наздикаш усто Собир ва писараш усто Зокир, ки ҳоло устодони ин касбанд бо ҷиддият барои равнақи ҳунари авлодон мекӯшанд. 

Расм аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев аст.

 

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.