Умед Абдуллобекович Жоғараков яке аз паҳлавонони маъруфи диёру кишвар 5 сентябри соли 1973 дар деҳаи Мдехарви ноҳия Ванҷ таваллуд шудааст. То соли 1986 дар мактаби №12-и деҳа таҳсили илм карда, аз соли 1986 таълимро дар Омӯзишгоҳи захираҳои олимпии шаҳри Душанбе идома дода, онро дар соли 1990 хатм намудааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳ дар соли 1991 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ (ҳоло донишгоҳ) дохил шудааст.
Пас аз соли таҳсил дар он ҷо ба сабаби ҷангу нооромиҳо дар кишвар омӯзишро идома дода натавонист. Мутаассифона, даври паҳлавонӣ ва майдондориҳои Умед ба ин даврони наҳс рост омад. Ӯ истеъдоди фавқулоддаи гӯштингирӣ дошт. Дар он замонҳо гӯштини миллиро мисли имрӯз қоидабандӣ накарда буданд, қоидаи аз рӯи вазн қувваозмоӣ мавҷуд набуда, танҳо бо тахтапушт хобондани ҳариф ғолибият маҳсуб мешуд. Аз ин ҷиҳат, маъракаҳои гӯштингирӣ ҷои намоиши истеъдоди волои паҳлавонӣ буданд.
Умед вазни сабук дошт, мо шоҳиди қувваозмоиҳо ва мухлисони вай будем ва дар маъракаҳои гӯштингирии диёр аз ҳунарнамоиҳояш ба ваҷд меомадем. Бо вазни сабуки хеш ҳарифони гаронвазни хешро ба ҳаво бардошта, ба пушт мехобонд. Дар ҳар маъракае беш аз даҳ нафарро дар муддати кӯтоҳ мағлуб мекард. Ба нақли шоҳидон дар солҳои барои мардуми мо дар Душанбе хавфнок дар маъракаҳои гӯштингирӣ беш аз даҳ нафарро ба ҳамин суръат мағлуб карда, тамошогаронро дар ҳайрат мегузошт.
Умед Жоғараков аз соли 1988 то соли 1992 (то замони фирорӣ шудан аз пойтахт) узви дастаи якачини ҷумҳурӣ дар риштаи самбо буда, дар ин солҳо Қаҳрамони ҷумҳурӣ дар риштаи самбо дар вазни худ ва Номзад ба устодии варзиши ИҶШС будааст. Дар соли 1997 ба Русия рафта, дар ҳамон сол унвони Устоди варзиши Федератсияи Русияро ба даст овард.
Умед аз соли 2011 сокини ноҳияи Рамешкии вилояти Твери Русия буда, мактаби варзишии хешро таъсис дод, ки мактаби ӯ бо дастовардҳои шогирдонаш дар Русия маъруф шуд ва Умед Жоғараков бо ифтихорномаҳои Кумитаи варзиши вилоятӣ қадрдонӣ гардидааст.
Умед обрӯву эътибор ба даст оварда, дар миёни миллали мухталифи ин кишвар номбардори миллати хеш аст. Шогирдони ӯ аксаран фарзандони ҳамдиёру ҳамеҳанон буда, дар тарбияи баданӣ ва ахлоқии насли навраси муҳоҷирон дар меҳани бегона саҳми шоиста дорад.
Умед бо шогирдон
Назари хешро иброз кунед