Сулаймонпаҳлавон писари Амонатпаҳлавон, ки бевосита аз падар нозукиҳои санъати гӯштигирӣ, бузкашӣ, шиноварӣ ва ғайраро омӯхта буд, дар қатори маъмултарин паҳлавонони Ваиҷ дохил мешавад.
Сулаймонпаҳлавон соли 1894 дар деҳаи Рованд ба дунё омада дар ҳамон муҳит ба воя расидааст.
Ӯ дар гӯштигирӣ аз болои паҳланонҳои номие, ки дар он давра бо ташаббуси мири Ванҷ ва беки Дарвоз баргузор мешуданд, ғалаба ба даст меовард. Шуғли човандозиро то 70-солагӣ идома додааст. Дар ҷавонӣ касе бузро аз чанголи гирои ӯ рабуда наметавонист. Сулаймонпаҳлавон умри бобаракати тӯлонӣ дидааст. То рӯзҳои охирини умр (дар 90 солагӣ вафот кардааст) ӯ худро хеле бардаму бақувват ҳис мекарду дар хоҷагидорӣ фаъол буд.
Шуғли дӯстдоштаи Сулаймонпаҳлавонро писару наберагонаш Мирзо, Шеравлиё, Холиқ, Мулло, алалхусус Маҳмадшариф ва Ҷаҳонгир идома дода, то ба имрӯз ин ливои авлодиро баланд нигоҳ медоранд.
Аз намояндагони хонадони Амонату Сулаймон Мулло, Муҳаммадшарифпаҳлавону писараш Ҷаҳонгирпаҳлавонро бояд ба хонандаи гиромӣ нисбатан пурратар муаррифӣ намуд, чунки мақомашон дар рушду такомули намудҳои мухталифи гӯштии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле болост. Хонандаи гироми нисбати онҳо каме андактар маълумоти кофӣ хоҳад гирифт. (Аз китоби «Ванҷ» -и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед