Инсоне, ки то кунун одамони солхӯрдаи Ванҷзамин, хусусан Водхуд дар бораи овози марғуладор ва булбулсифаташ нақл мекунанд ва шахсан бисëр шунидааму то имрӯз ба некӣ ëдаш мекунанд, ҳофизи фалаксаро, кажкулохон ва қабогӯй, маҳфилорову гармнамои тӯю сури ин мардум,Манасир будааст. Ӯро аслан аксари одамон бо тахаллуси “Кажак” мешиносанд. Ба тасвири устоди ҳамдиëр ва ҳамдеҳааш Басир Расо:
Аз навою нолаи сози Кажак,
Зӯҳра андар рақс мешуд дар фалак.
Аз нақли устоди зиндаëд Фамбулло Давлатов, ки умри пурбаракати 95-сола дид ва Кажакро хуб дар хотир дошт, то солҳои 40 асри XX ҳар ҷамъомади (ё паради) ноҳиявӣ бахшида ба кадом ҷашне мешуд, аҳли ҷамоатҳо бо навои мутрибонашон дохили ҷашнгоҳ мешуданд.
Нақл мекард, ки аҷибаш ин буд, ман, ки он солҳо даҳ-понздаҳсола будам, мушоҳида мекардам, ки ҳама интизори мардуми Водхуд мешуданд, то овози марғуладори Кажакро бишнаванд. Яке овози доираву ғижжак баланд мешуду ҳамаҷоро хомӯшӣ фаро, гирифта баногоҳ овози ширадоре баланд мешуд:
Хиромон омадем аз дори дунë,
Нишаста дар сари бозори дунë.
Ин овозе, ки ҳамаро мафтун мекард, овози Кажак-Манасир буд. Манасир зодаи деҳаи Вравз будааст. Солҳои 40-и асри гузашта ӯ низ дар қатори ҳазорҳо ҳамватан тарки диëр намуд ва Жумарҷро макони сукунат қарор дод. Ин мардум низ аз ҳунари волояш то кунун ëд мекунанд.
Мардуми солхӯрдаи Водхуд нақл мекунанд, ки то солҳои 60-и асри гузашта, чун мардуми Жумарҷ ба сӯи Моймай ë Нусай якҷоя ба идҳо мерафтанд, аз наздикии Баравн то поëни Даштак аз он сӯи дарëи Панҷ Манасир “Фалаки ғарибӣ”-ро замзама мекардааст.
Нақл аст, ки вақте соли 1940 бобои Шамсиддин занаш бибии Аслак ва кӯдаконашро аз деҳаи Баравн гирифта, ба он сӯ фирор мекунад, субҳи барвақт будааст. Дар ҳамин вақт низ овози Кажак аз он сӯи об баланд мешавад:
Сара мо бурдем, севҷира шумо,
Аслака мо бурдем, мегире шумо.
Ин буд ëде аз як ҳунарманди шаҳири диëр Манасир ё Кажак. Худо раҳмату мағфираташ намояд. Давлатмир Юнусзода.
Назари хешро иброз кунед