Уламои таърих қидмати тамаддун дар водии Ванҷро беш аз ду ҳазор сол меҳисобанд. Бозёфтҳои таърихӣ дар водӣ далели ин фарзия мебошанд. Бозмондаи кӯраҳои маъдангудозии аҳди пешинро ба ин давр мутааллиқ медонанд. Аз ин бар меояд, ки дар водӣ аз аҳди қадим мардуми мутамаддин сукунат доштаанд.
Ба ҷуз ёдгориҳои моддӣ дар водӣ нақшу тасвирҳое боқӣ мондаанд, ки қидмати онҳо шояд ба он замонҳо мерасад. Агарчанде арзи вуҷуди тӯлонӣ доштаанд, дар мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта ва олимеву на ниҳоди илмие онҳоро таҳти таҳқиқу тадқиқ нагирифтааст.
Чунин нақшу тасвирҳо дар дараҳои садвадгӣ ва поймазории водӣ мавҷуданд. Ба ғайр аз инҳо чунин нақшу катибаҳои барои имрӯзиён номафҳум дар сангҳои хурду калони мазорҳо низ мавҷуд буданд, ки ҳоло қариб аз байн рафтаанд. Ба кадом замону тамаддун мансуб будани онҳоро бояд уламои таърихшинос зимни омӯзишу таҳқиқ маълум намоянд.
Расмҳои нақшу катибаҳои дараи садвадгӣ:
Назари хешро иброз кунед