Салоҳ Муҳаббатов соли 1910 ба дунё омадааст. Яке аз аввалин комсомолони ноҳияи Ванҷ (аз соли 1925). Дар маъракаи коллективонидани хоҷагии қишлоқи ноҳия фаъолона ширкат дошт. Аз соли 1926 то охири ҳаёт (1969) дар вазифаҳои мухталифи шӯравӣ, молияву савдои сатҳи ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дошт.
С.Муҳаббатов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар қисмҳои десантӣ ва отряди партизании “Барои Ватан” амалиёт гузаронидааст. Барои хизмати шоён ва намунавӣ бо орденҳои “Байрақи Сурх”, “Шараф”, ду ордени нишони фахрӣ, ва чандин медалу ифтихорномаҳо сатҳи умумиттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ сарфароз гардонида шудааст. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.
Назари хешро иброз кунед